Поёни парвандаи "ихвониҳо" дар Тоҷикистон. Ҳукми наздик ба 120 нафар эълон шуд

Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми наздик ба 120 гумонбар барои ҳамкорӣ бо созмони мамнӯи "Ихвон-ул-муслимин" (Бародарони мусулмон)-ро содир карда, онҳоро ба муҳлатҳои гуногун ба зиндон маҳкум намудааст.

Як масъули дафтари матбуоти Додгоҳи олӣ рӯзи 12-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳукми гумонбарон рӯзи 8-уми апрел эълон шуд, аммо муҳлати ҳабси онҳоро нагуфт.

Хабаргузории “Азия-Плюс” бо такя ба манобеаш навишт, ки ин арфод аз 5 то 23 сол зиндонӣ шуда, танҳо ду кас бо ҷурми “хабар надодан” ба пардохти ҷарима муваззаф гардидаанд. Ба иттилои манбаъ, дар миёни маҳкумшудаҳо ду шаҳрванди Миср, кормандони собиқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ ҳастанд. Яке аз онҳо ба 7 ва дигаре ба 23 сол зиндон маҳкум гардидааст.

Вокуниши наздикони маҳкумшудаҳо ба хулосаи додгоҳ маълум нест, аммо дар гузашта чанде аз онҳо боздошти фарзандонашонро беасос номида буданд.

Ҳамсуҳбати мо дар Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфт, гумонбарон бар асоси чаҳор банди Кодекси ҷиноӣ гунаҳкор дониста шуданд:

  • моддаи 179, замимаи 2-и Кодекси ҷиноӣ (маблағгузории ҷиноятҳои хусусияти терористидошта)
  • моддаи 307, замимаи 1 (Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм)
  • моддаи 307, иловаи 2 (Ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ)
  • моддаи 307, иловаи 3 (Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ).

Муҳокимаи ин афрод моҳи июли соли гузашта паси дарҳои баста оғоз шуда буд. Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфта буд, муҳокима боз аст, вале вакилони мудофеъ ҳамеша аз суҳбат худдорӣ карда, зикр намудаанд, ки парванда зери муҳри "махфӣ" баррасӣ мешавад.

Созмони "Ихвон-ул-муслимин" дар Тоҷикистон аз соли 2006 ба ин сӯ дар кишвар манъ аст. Он соли 1928 дар Миср ташкил шуда, як созмони диниву сиёсӣ аст. Тарафдоронаш онро муътадил ва баъзе ҳукуматҳо террористиву ифротгаро медонанд.

Дар Тоҷикистон 18 созмон террористиву ифротгаро ва мамнуъ эълон шудаанд, ки феҳристашон аз "Ал-Қоида" оғоз ёфта, ДОИШ-у Толибон, Ҷамоати Таблиғ, Салафия, Ҳизби наҳзати исломӣ ва Гуруҳи 24-ро дар бар мегирад ва бо Паймони миллӣ, эътилофи созмонҳои мухолифини тоҷик дар хориҷа ба поён мерасад.

Раҳбарони баъзе аз ин созмонҳо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистонро ноодилона ва талоше барои аз саҳнаи сиёсати кишвар дур кардани худ медонанд.

Мақомот мегӯянд, ин бахше аз мубориза бо терроризму ифротгароӣ дар кишвар аст. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар мегӯянд, Тоҷикистон набояд масъалаи мубориза бо ифротгароӣ ва терроризмро барои саркӯби дигарандешон ва ислоҳотхоҳон истифода кунад ва додгоҳи гумонбарон низ бояд ошкор ва бо ҳузури хабарнигорону ҷомеаи шаҳрвандӣ гузарад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Шубҳа ё далел? Наздикони гумонбарони узвияти "Ихвон-ул-муслимин" посух меҷӯянд. САДОБоздоштҳо дар Тоҷикистон. "Ихвониҳо", дигарандешон ё тақводорон? САДОҲудуди 30 гумонбар ба "ихвоният"-ро раҳо кардаанд. ВИДЕОМеҳдии Ҷомӣ: "Мо бояд истеъдодҳоро ҷазб кунем, на инки дафъ намоем"Парвандаи 7 имомхатиби "ихвонӣ" ба додгоҳ рафт