Баъди аз сар гирифтани парвозҳои мунтазам миёни Тоҷикистону Русия сокинон рӯзҳо боз пушти дари нуқтаҳои чиптафурӯшӣ барои хариди он навбатпоӣ мекунанд.
Парвозҳои мунтазам миёни ду кишвар як сол қабл, моҳи марти соли 2020, бино бар паҳншавии коронавируси нав қатъ шуда буд.
Аз якуми апрел парвозҳои маъмулӣ байни Тоҷикистону Русия аз сар гирифта шуданд, вале дар як ҳафта танҳо як парвозӣ аз ҷониби ширкатҳои “Сомон Эйр” ва «Ютэйр» анҷом мешавад. Бо барқарор шудани парвозҳои маъмулӣ, ҳоло садҳо нафар талош доранд, ҳар чӣ зудтар чипта дастрас намуда, худро ба Русия расонанд. Нархи парвозҳои доимӣ аз Душанбе то Маскав расман ҳудуди 4 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст, вале чанде аз сокинон гуфтанд, арзиши чипта, аз он чи ки расман гуфта мешавад, гарон буда, то 10 ҳазор сомонӣ низ аст. Бо ин вуҷуд, онҳо омодаанд бо нархи гарон чипта дастрас намуда, ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд.
Хабарнигори Радиои Озодӣ аз муштариёни чиптаҳои самти Душанбе-Маскав пурсид, ки чаро ба ҳар нархе бошад, ба Русия рафтан мехоҳед?
Посух ба ин савол мухталиф буд:
- Чун ки ин ҷо кор нест, бе Русия намешавад. Якуним сол шуд ҳамин ҷоем, ки роҳҳоро кушоянду равем, ҳоло ин ҷо омадем. Мегӯянд, то июн-июл билет нест. Нархи билет қимат аст. 4 ҳазору 50 сомонӣ навишта шудааст, вале дар фурӯш то 8-10 ҳазор гуфта истодаанд.
- Барои кор кардан, кор кофтем наёфтем, бояд равем.
- Зиндагӣ вазнин аст, маҷбурем як ҷо рафта кор кунем. Коре бошад, ки 2500-3000 ҳазор бошад, зиндагӣ пеш меравад, лекин ҳозир ҳамон нест. Дар сохтмонаш рафта кор мекунӣ, як моҳ кор аст, 5 моҳ кор нест.
- Он ҷо маошаш бисёртар аст, ин ҷо коре, ки мекунӣ фақат барои шикамат мешавад. Дар он ҷо кор карда, пул ҷамъ карда мешавад, барои ҳамин чи хеле, ки набошад, рафтан даркор.
- Имкон мешуд, намерафтем, лекин нашуд, чӣ кор кунем? Як сол шуд кор мекобем.
- Мехоҳем он ҷо кор кунем, зиндагиро пеш барем. Дар Тоҷикистон кор нест ё меёбем, кори доимӣ нест, мехоҳем зудтар равем, ҳар қадар дер рафтем, зиндагӣ мушкил мешавад.
Виедоро ин ҷо тамошо кунед.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад