Аз маҷлис ба комиссариати ҳарбӣ. Шеваи нави "сарбозшикор"
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Рӯзи 1 апрел даъвати баҳорӣ ба артиши Тоҷикистон бар асоси қонуни нав "Дар бораи хидмати ҳарбӣ" оғоз шуд. Бо шурӯи даъвати имсолаи ҷавонон ба хидмат, нахустин шикоятҳо низ аз ҷалби иҷбории ҷавонон ба артиш ва ё "сарбозшикор" садо медиҳад, ҳарчанд гуфта мешуд, қонуни нав ин мушкилро аз байн мебарад.