Як муҳоҷири ҷавон аз Тоҷикистон дар Русия, дар соатҳои фориғ аз кори сохтмон, машғули барномасозӣ аст. Ӯ то ин дам шабакаеро сохтааст, ки ҳар шахс метавонад, дар он озодона изҳори назар кунад, аксу видео гузорад ва ё баҳс биорояд.
ittilo.com шабакаи таъсисдодаи Сипеҳр Мирзомуродов аст ва барои нашри маълумот дар он номнавис шудан зарур нест. Ба қавли муҳоҷири тоҷик, "ин имкон медиҳад, ки маълумот дар бораи корбар ҷойгир карда нашавад ва ӯ зери хатар намонад".
Сипеҳр Мурозомуродов дар шаҳри Екатеринбург кору зиндагӣ мекунад. Дар як суҳбати видеоӣ аз пурсидем, ки ҳадаф аз таъсиси шабака чӣ буд ва тафовуташ аз пойгоҳҳои дигар дар чист?
Сипеҳр Мирзомуродов: Ҳадафи асосии таъсиси шабака, ба таври содаву осон ва зуд паҳн кардани хабару назари мардум аст. Аз шабакаҳои иҷтимоиву пойгоҳҳои дигари хабарӣ, албатта, фарқ дорад. Истифодабаранда метавонад, бидуни номнавис кардани худ маълумотро ворид созад ва ё аз маводи он истифода кунад. Ҳар маълумоте, ки ба шабакаи "Иттилоъ" ворид карда мешавад, мавзӯи худро дорад ва бо ҳештегҳо ишора карда мешавад.
Радиои Озодӣ: Баъзе аз блогерони тоҷик аз саҳифаҳои худ дар Интернет каму беш пул кор мекунанд, Шумо чӣ?
Сипеҳр Мирзомуродов: Бале, ин ҳадафро ҳам дорем. Ҳарчанд, "Иттилоъ" як саҳифаи оддӣ ба назар мерасад, он метавонад, барои блогерҳое, ки ба таври доимӣ ба он маълумот ворид мекунанд, манбаи даромад шавад. Ин як мавзӯи алоҳида ва васеъ аст, ки рӯзҳои наздик дар як навори видеоӣ пешкаши корбарон хоҳад шуд. Дар онҷо шарҳ медиҳем, ки чӣ тавр "Иттилоъ" метавонад манбаи даромади дигарон гардад.
Радиои Озодӣ: То ҷое медонем, нашру паҳни мавод дар сомонаи Шумо озод аст, яъне ҳар шахс мавзӯи барои худаш маъқулро мегузорад. Ҳарҷу марҷ намешавад?
Сипеҳр Мирзомуродов: Албатта, озод аст, аммо як сарҳади муайян ҳаст. Аввал ин ки мо аз истифодабаранда ягон маълумоти шахсӣ талаб намекунем ва ё онҳоро пайгирӣ намекунем. Ҳоло як алгоритме тартиб дода истодаем, ки тавассути он маълумот, аз ҷумла мавзуъҳои зиддиахлоқӣ, калимаву ибораҳои таҳқиркунанда ва ё торпавайвандҳои мамнуъро ворид кардан имконнопазир мешавад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Радиои Озодӣ: Матлабҳои воридшуда аз сӯйи корбаронро касе, аз ҷумла модератор, назорат мекунад?
Сипеҳр Мирзомуродов: Вақте як матлабро дар шабака ворид мекунед, аз тарафи барномаҳои антивирусӣ тафтиш карда мешавад. Агар гӯем, ки мо метавонем тамоми матлабҳоро идора кунем, ин имконро ҳам дорем.
Радиои Озодӣ: Дар як рӯз ба шабакаи Шумо тахминан чанд нафар матлаб ворид мекунад?
Сипеҳр Мирзомуродов: Рӯзона матлабҳои воридшуда бо забони тоҷикӣ аз 30 то 50 ва ба забони русӣ то сад мерасад. Маълумоти воридшуда дар хотираи шабака дар ҳоли ҳозир ҳудуди панҷ ҳазор аст. Дар ин ҷо матлабҳое, ки худам низ ворид кардаам, кам нест.
Радиои Озодӣ: Соли 2014 таҳсилро дар Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ қатъ карда, ба Русия рафтед, чаро?
Сипеҳр Мирзомуродов: Бале, таҳсилро қатъ кардам ва ин чанд сабаб дошт. Сабаби аввал, хоҳиши идомаи таҳсил дар ман дигар пайдо нашуд, чун чанд нафар аз хатмкардаҳои ҳамин риштаро дидаам, ки ҳамроҳи ман дар сохтмонҳои Русия кор мекунанд. Баъдан, мушкили иқтисодӣ ҳам буд, ки тарки таҳсил карда, ба муҳоҷират омадам.
Радиои Озодӣ: Давому ояндаи коратонро чӣ хел мебинед?
Сипеҳр Мирзомуродов: Мехоҳам, кору фаъолияти худро дар Тоҷикистон идома диҳам. Ва кӯшиш дорам, "Иттилоъ"-ро ба як шабакаи иҷтимоии манфиатовар барои ҷомеа табдил диҳам ва кори худро дар ҳамин самт пеш барам.