Ширкат: "То 27 апрел билет нест." Сокиноне, ки дар навбатанд: "Ба кӣ фурӯхтанд?" ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Навбатпойӣ барои харидани билет

Намояндаи "Агентии алоқаи ҳавоӣ", ягона нуқтаи фурӯши билети сафар аз Душанбе ба Маскав, гуфт, чиптаи парвозҳои мунтазамро то рӯзи 27-уми апрел фурӯхтаанд.

Сокиноне, ки ҳудуди як ҳафта боз дар паси дарвозаи ширкат навбат мепоянд, аз бебандуборӣ ҳангоми фурӯши билетҳо ва бахусус, ба қавли онҳо, аз гаронии нарх шикоят доранд. Мақомот гуфтанд, аз намояндагони ширкатҳои "Сомон Эйр" ва "ЮтЭйр" хостаанд, нархи парвозҳоро худсарона боло набаранд.

Шикоят аз рӯйхат, нарх ва номуайянӣ

Хабарнигорони Радиои Озодӣ рӯзи 5-уми апрел ба назди довталабони сафар ба Маскав рафтанд. Сокинон гуфтанд, тақрибан як ҳафта боз субҳи худро барои номнависӣ ва харидани билет шаб мекунанд. Баъзе аз онҳо аз ноҳияҳои тобеи марказ ва иддае аз Хатлону Суғд омадаанд.

Ҷамшед Боймуродов яке аз онҳост. Ӯ мегӯяд, ҳанӯз 31-уми март барои гирифтани билет худро номнавис кард, вале то ба ҳол натавонистааст, хатти сафарро бигирад.

"Ҳамон рӯз як рӯйхат тартиб додем. Дар инҷо гуфтанд, бар асоси ҳамон билет медиҳанд. Ба 80 кас билет фурӯхтанд, тамом. Ҳоло мегӯянд, то 27-уми апрел билетҳоро фурӯхтаанд, маълум нест, ба кӣ фурӯхтаанд", -- шиква кард ӯ.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Навбати бепоён барои билети парвоз ба Русия

Мунира Давлатова, сокини пойтахт, низ барои харидани билет аз бонк қарз гирифтааст, вале ҳанӯз навбаташ нарасидааст. Мусоҳиби мо гуфт, "бояд дақиқ фаҳмонанд, ки билет нест ва ба хона равему аз пайи кори дигар шавем. Ин хел намешавад, ки барои харидани билет меоӣ ва тамоми руз вақтат инҷо мегузарад, лекин бефоида. Мо ҳам кору зиндагӣ дорем, охир."

Чанде аз ҳамсуҳбатони мо аз он шикоят карданд, ки фурӯши билет аз Душанбе ба Маскав маҳдуд аст ва, инчунин, дастрас карданаш дар минтақаҳои кишвар – номумкин. Онҳо мегӯянд, дар чунин ҳолат ҳам вақти зиёдро талаф медиҳанд, ҳам харҷи зиёд мекунанд.

Як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ гуфт, аз шаҳри Хуҷанд барои харидани билет ба пойтахт омадааст ва се рӯз боз дар хонаи хешовандон зиндагӣ дорад.

Арзиши билет -- 4051 сомонӣ?

Ба қавли баъзе аз сокинон, масъулини "Агентии алоқаи ҳавоӣ" ваъда додаанд, аз рӯзи 6-уми апрел фурӯши билетҳо барои моҳи май шуруъ мешавад ва онҳо метавонанд, бонавбат чипта гиранд.

Як намояндаи "Агентии алоқаи ҳавоӣ" дар суҳбати бидуни микрофон ба Радиои Озодӣ гуфт, имкони якбора фиристодани ҳамаи хоҳишмандони сафар ба Маскав вуҷуд надорад. Вай афзуд: "Ба мардум мефаҳмонем, ки метавонанд, билетро барои моҳи май харидорӣ кунанд. Мо ҳоло тибқи рӯйхат билетро бо арзиши 4051 сомонӣ фурӯхта истодаем."

Ин дар ҳолест, ки то кунун чандин навори норозигии сокинон дар мавриди нархи билети парвозҳои мунтазам аз Душанбе ба Маскав ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтааст. Дар яке аз онҳо зане бо садои баланд иддао мекунад, ки билетҳоро аз 6 то 8 ҳазор сомонӣ мефурӯшанд, аммо касе иллаташро намепурсад.

Масъулони Оҷонси ҳавонавардии Тоҷикистон гуфтанд, аз чунин шикоятҳо хабар доранд ва рӯзи 5-уми апрел дар як ҷаласа мавзӯи фурӯши билети ҳавопаймоҳоро баррасӣ карданд.

Ҷаласа баргузор шуд, нарх боло намеравад?

Ба иттилои расмӣ, ҷаласа бо иштироки намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, додситонии нақлиёт, намояндагони "Сомон Эйр" ва Utair, инчунин, Агентии алоқаи ҳавоӣ ва сохторҳои дигари дахлдор гузаштааст. Дар он ҷаласа, ки хабарнигорони мустақил роҳ наёфтанд, таъкид шудааст, билетҳоро бо нархҳои муайяншуда ба фурӯш гузоранд, вагарна нисбат ба онҳо чора мебинанд.

Расман нархи билети ҳавопаймо аз Душанбе ба Маскав 349 доллар муқаррар шудааст.

Парвозҳои мунтазам миёни Тоҷикистону Русия моҳи ҷорӣ барқарор шуд. Масъулони ширкати "Сомон Эйр" гуфтанд, рӯзи 4-уми апрел 184 мусофирро ба Маскав бурданд ва ин парвози нахустини мунтазам байни Тоҷикистону Русия пас аз як соли "танаффус" буд.

Дар ширкат гуфтанд, "парвози навбатии мунтазам дар хатсайри Душанбе – Маскав – Душанбе рӯзи 6-уми апрел амалӣ хоҳад шуд." Ин дар ҳолест, ки рӯзи 3-юми апрел ҳавопаймои ширкати "ЮтЭйр" аз интиқоли шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия худдорӣ варзид. Намояндаи ширкат гуфт, парвоз то 9-уми апрел ба таъхир уфтодааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Сомон Эйр" эълон кард, ки 184 кас, асосан шаҳрвандони Тоҷикистонро ба Русия бурдНавбат барои харидани билети сафар ба Русия. "Utair" ва "Somon Air" нархро гуфтанд. АКС, ВИДЕО"Аз 450-500 доллар зиёд набошад." Тоҷикистон рӯз ва нархи сафар ба Русияро эълон кард. САДОКӣ ва бо чӣ маблағе имкони сафар ба Русия хоҳад дошт?