Ҷанҷол дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав бо ташаббуси кӣ сар зад?
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Сафорати Тоҷикистон дар Маскав, навори ҳамлаи як ҷавони тоҷикро ба корманди ин намояндагӣ дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузошт ва масъулон гуфтанд, Шамил Мустақимзода ба як муҳофиз бо корд ҳамла кардааст. Баръакси ин, Мустақимзода дар наворе дар Ютуб иддао мекунад, ки ӯро барои ришаш “заданд”.