Дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон банокомати пулгузарониро шикаста аз дохилаш 80 сомонӣ дуздидаанд. Маълум нест, ки ин кори дасти кист, вале ҳисоб шудааст, ки нархи банкомати шикасташуда 6 ҳазору 80 сомонӣ будааст. Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, вобаста ба ин ҷинноят ҳамчун гумонбар як сокини 21-солаи ноҳияи Қубодиён дастгир гардид. Шарикони дигараш ҷустуҷӯ мешаванд. Аз ин пештар дар шаҳри Хуҷанд ҳамин гуна барои дуздӣ аз банокматҳои пулгузаронӣ 3 кас боздошт шуда буданд. Ин афрод, ки ду нафарашон бародарон будаанд, бо болғаву дигар асбоб 7 терминалро дар нуқтаҳои гуногуни шаҳр шикаста, дасти кам 20 ҳазор сомониро аз худ кардаанд.