Ду минтақаи озоди иқтисодии Қирғизистону Қазоқистон созишномаи ҳамкорӣ бастанд

Минтақи озоди иқтисодии "Хоргос" дар Қазоқистон.

Миёни минтақаи озоди иқтисодии "Норин"-и Қирғизистон ва "Хоргос"-и Қазоқистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Ҳукумати Қирғизистон хабар додааст, ки ин ду минтақаи озоди иқтисодӣ Нахустин форуми байниминтақавӣ баргузор хоҳанд кард.

Дар соли 2020 мақомоти Қирғизистон аз таъсиси маркази саноатии ҳамлу нақли "Ат-Башӣ" дар минтақаи озоди иқтисодии "Норин" хабар дода буданд. Ин марказ дар масири нақлиётгарди Бишкек-Норин-Торугарт ҷойгир аст ва коршиносон онро рақиби минтақаи озоди "Хоргос"-и Қазоқистон унвон мекунанд.

Маркази "Ат-Башӣ"-ро як тоҷири чинӣ ҳамроҳ бо як соҳибкори қирғиз месозанд. Сокинони маҳаллӣ дар ибтидо зидди бунёди маркази мазкур эътироз карда буданд.