Ҳафтаи гузашта раиси Хадамоти амнияти Қирғизистон аз музокироти марзӣ бо Узбекистон баргашт ва иддао кард, ки баҳс бар сари тамоми қитъаҳои ҷанҷолии марзи байни ду кишвар, ки аз замони Шӯравӣ мондаанд, “100 фоиз ҳал шуд”.
Вале ҳафтаи ҷорӣ ҳамин мансабдор дар сӯҳбат бо сокинони бархе аз қаламравҳои наздисарҳадии кишвараш гуфт, ки баҳс то охир ҳал нашудааст.
Баҳсе, ки “100 фоиз ҳал” нашудааст
Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон 26-уми март, ду рӯз пас аз гуфтушунид бо ҳайати Узбекистон иддао кард, ки “масоили марзӣ бо Узбекистон 100 дарсад ҳал шудаанд... дигар ҳеҷ масоиле намондааст”.
Тошиев гуфт, ки дар масъалаҳои сахти баҳсии ҳуқуқ ба замин ва саргаҳҳои об, ки аз замони фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 вуҷуд доштанд, созиши пурра ҳосил шудааст. Баъд аз 30 соли баҳсҳо бар сари бархе аз қаламравҳо, ки гуфтушунидро ба бунбаст овардаанд, чунин изҳорот хеле аҷибу ногаҳонӣ садо дод.
Дар ҳафтаи гузашта, вақте Тошиев ба вилоятҳои ҷанубии кишвараш барои баррасии сарнавишти қаламравҳои дигари даъвоӣ сафар кард, маълум шуд, ки баҳс бо Узбекистон “100% ҳал” нашудааст.
Раиси КДАМ-и Қирғизистон рӯзи 30-юми март дар ноҳияи Узгени вилояти Уш буд ва аз деҳаи Бирлики ноҳияи Қадамҷой сӯҳбат кард, ки дар марз бо Сӯхи Узбекистон ҷойгир аст. Бирлик моҳи майи соли 2020 макони муноқишае гардид, ки дар натиҷа чандин хонаву мошин хароб шуда, 200 сокини маҳаллӣ маҷрӯҳ гардид.
Вазъ пас аз изҳороти Тошиев
Тошиев, ки баъди дидани деҳаи Бирлик сӯҳбат мекард, гуфт, сабаби асосии хушунатҳои сарзада истифодаи муштараки сарчашмаи об аз ҷониби сокинони эксклави Сӯх ва деҳоти қирғизнишини марз мебошад.
Ӯ гуфт: “Дар робита бо ин минтақа ҳанӯз қарори ниҳоӣ қабул нашудааст. Росташро гӯем, дар ин қисмат, аз ҷумла, қаламравҳои атрофи он мо ба созиш нарасидем”.
Тошиев ба маҳаллаи Чечме (Чашма) дар Қирғизистон ва ҳамсоямаҳаллаи Чашмаи Сӯх ишора кард, ки маҳалли ҷанҷолҳои моҳи майи соли 2020 буд. Тошиев гуфт: “Он ҷо деҳоте бо ҳазорҳо сокин ҷойгир шудаанд, ҳазорҳо гектар замин ҳаст ва сарнавишти онҳо бояд ҳал шавад”. Ӯ афзуд, “бешубҳа, агар мардум зидди (табодули заминҳо) бошанд, имкон дорад, ки бархе аз (ин қарорҳо) иҷро нашаванд”.
Норизоият бар сари табодули заминҳо аллакай аз худ хабар додааст.
Рӯзи 1-уми апрел сокинони деҳаи Қаросӯи вилояти Уши Қирғизистон аз нақшаи ба деҳаи Интимоқи Узбекистон додани 50 гектар замин эътироз карданд.
Тошиев 26-уми март таъкид кард, ки бар асоси созиш, Қирғизистон 13 ҳазор гектар заминҳои баҳсиро ба даст меорад. Ӯ дар ин изҳороташ инчунин руйхатти ин заминҳоро ном бурд.
Пас аз мулоқоти Мирзиёев бо Ҷабборов
Ин музокирот баъди он баргузор шуд, ки рӯзҳои 11-12-уми март дар Тошканд дар ҷараёни як сафари расмӣ президент Содир Ҷабборов бо президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дидору гуфтугӯ кард.
Дар ин гуфтугӯҳо баҳси марз аз масоили калидӣ буд. Мирзиёев гуфт, ки ду ҷониб мехоҳанд, ки баҳси марбут ба аломатгузории марзи давлатии ду кишвар дар давоми се моҳ ҳалли худро пайдо кунад.
Барои Мирзиёев масъалаи ба ҷои дигар кӯч додани мардум осонтар ҳал мешавад, чунки ҳукумати ӯ назар ба Қирғизистон ҷомеаро бо мушти сангине идора мекунад.
Ҷабборов баъди эътирозҳои моҳи октябри соли 2020 сари кор омад. Бо вуҷуди ин ки Ҷабборов рӯзи 10-уми январ дар як интихоботи пеш аз мӯҳлати президентӣ пирӯз шуд, қонунмандии ӯ дар ин мақом ҳанӯз ҳам мавриди баҳс аст. Бархе ба он шубҳа доранд, ки дар пешорӯи мушкилоти зиёд ва норозигии мардум, ки аз соли 2005 ба ин сӯ боиси аз қудрат рафтани се президент дар Қирғизистон шудааст, ӯ хоҳад тавонист мӯҳлати раёсатҷумҳурии худро то охир иҷро кунад.
Ба ҳукумати Ҷабборов муваффақиятҳои сиёсӣ зарур аст.
Эҳтимоли муомилаи Тошиев
Эҳтимолан Тошиев, ки қаблан гуфта буд, ки “Қирғизистон як сантиметри қаламравашро ҳам гузашт намекунад”, дар созиши табодули заминҳо ба муомилае роҳ додааст.
Аз сӯи дигар, ҳатто агар 100 дарсади баҳсҳои марзӣ пурра ҳал нашуда бошанд ҳам, созиши ҳосилшудаи Қирғизистон ва Узбекистон баёнгари як пешрафти муҳим аст. Вале гумон аст, ки музокироти марзии қарибулвуқӯи миёни Тоҷикистону Қирғизистон мисли гуфтугӯҳо бо Узбекистон ин гуна бомуваффақият шаванд.
Тошиев рӯзи 26-уми март ишора кард, ки дар музокирот бо Тоҷикистон эҳтимолан сари табодули қаламрав бо минтақаи азими Ворух сӯҳбат мешавад, вале мақомоти Тоҷикистон то ҳол расман хомӯширо ихтиёр кардаанд. Ворухро мақомоти Қирғизистон ҷазирақаламрав медонанд, вале мақомоти Тоҷикистон анклав будани онро рад мекунанд.
Раҳмон ба Ворух меравад
Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, дар даҳаи аввали моҳи апрел президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бояд ба Ворух сафар кунад.
Раҳмон моҳи июли соли 2019 дар Ворух буд ва бо президенти вақти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков барои баррасии масоили марзӣ дар ин минтақа мулоқот кард. Он замон ин нахустин сафари Раҳмон ба Ворух дар 26 соли раҳбариаш буд. Бозгашти ӯ ба Ворух ду сол баъдаш суолҳоеро дар заминаи ҳадаф ва барномаҳои сафар эҷод мекунад.
Дар ҳамин ҳол нирӯҳои низомиву амниятии Қирғизистон рӯзи 1-уми апрел дар вилояти Бодканд ва қаламравҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон машқҳои низомии серӯзаро шурӯъ карданд.
Вале дар ниҳоят, дастёбӣ ба ҳалли баҳсҳои марзӣ бидуни ризоият ва мувофиқати сулҳомези сокинони деҳоти сарҳадӣ имкон надорад.
Тошиев зимни сӯҳбаташ дар бораи деҳаи Чашма гуфт, ки як масъалаи ҷиддии марбут ба табодули қаламравҳо ба қабристони қадимаи маҳаллӣ рабт мегирад.
Монеаи калидии ҳалли ин баҳсҳо ба решапайвандҳои сокинони маҳаллӣ ба ин қаламравҳо рабт дорад, ки ба қабристони гузаштагон, боғу дарахтҳо ва ё заминҳои ободкардаи падарону бобоёнашон бармегардад. Як нигаронии дигари сокинон ин аст, ки дар натиҷаи додугирифти заминҳо ба онҳо ба ҷои қитъаҳои ҳосилхези имрӯза заминҳои хушку беҳосил мерасад ва ҳамаи ин дурнамои кашидани хатти марз ва анҷоми нақшаҳои давлатии аломатгузории сарҳадро печидатар мекунад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Эмомалӣ Раҳмон ба Ворух меравадИНЧУНИН, БИХОНЕД: Қирғизистон ба Тоҷикистон гуфтааст, Ворухро диҳед, қисме аз Боткандро гиред.ВИДЕО