Пулиси шаҳри Бишкеки Қирғизистон марги Бахтиёр Шокиров, корманди вазорати корҳои хориҷии он кишварро таҳқиқ мекунад.
"Озмоиш таъйин шудааст, ки баъди мушаххас шудани он иттилои бештар ироа хоҳад шуд", - гуфт Улан Ҷумаков, сухангӯи пулиси шаҳри Бишкек.
Расонаҳои он кишвар рӯзи 1 апрел дар бораи марги Бахтиёр Шокиров иттилоъ доданд. Ба иттилои пешакӣ, вай шаби 1 апрел ба Маркази миллии ҳифзи модару кӯдак рафта, сузандору гирифтааст.
Ҳамчунин дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи воксинзании Шокиров зидди COVID-19 хабар дода мешавад.
Дар Қирғизистон рӯзи 29 март марҳилаи аввали воксинзанӣ шуруъ шуд. Қирғизистон аз Чин 150 ҳазор вояи воксини чинии Sinopharm дастрас кардааст.