Ҳаҷвнигорони тоҷик мегӯянд, хандаҳо дар зери ниқоб монд. ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Рӯзи якуми апрел дар Тоҷикистон

Ҳаҷвнигорони тоҷик рӯзи 1-уми апрел дар Душанбе ва минтақаҳои дигари кишвар маҳфили ханда баргузор карданд. Онҳо гуфтанд, ба далели паҳншавии коронавирус як сол боз ҳаводорони худро аз наздик надида буданд.

Баъзе аз сокинон мегӯянд, дар вақти пандемия барномаҳои ҳаҷвиро бештар аз Интернет медиданд ва дар айни замон аз сатҳу сифати саҳнаҳо норозиянд.

Ҷӯрахон Сафаров, ҳунарманди гурӯҳи "Шакарханд", мегӯяд, тӯли ин муддат муштоқи мухлисонаш шудааст: "Бовар надоштам, ки ин қадар мардум ба тамошои барнома меоянд. Хаёл кардам, боз аз коронавирус метарсанд."

Ҳаҷвнигорони гурӯҳи "Хандинкамон" аз Хуҷанд дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон барнома пешниҳод карданд. Онҳо дар бораи зиндагии сокинон дар замони бемории ҳамагир латифаҳои зиёд гуфтанд.

Муқимҷон Абдуфаттоев, роҳбари гурӯҳ, бо дастаи ҳунариаш як сол боз ба Душанбе наомада буд. Ӯ гуфт, бемории ҳамагир сабаб шуд, ки аз сафарҳои ҳунарӣ ба Русияву Узбекистон ҳам даст кашанд.

"Дар барномаи имрӯза як чиз маъқул нашуд, ки дар толор ҳама бо ниқоб буданд ва мо хандаи онҳоро намедидем. Хандаи мухлис моро рӯҳбаланд мекунад. Фақат медидам, ки сарашон меҷунбид, мефаҳмидам, ки хандида истодаанд", -- гуфт ӯ.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Таҷлили Рӯзи ханда дар Тоҷикистон

На ҳама ҳаҷвнигорон бо чунин андеша ва ҳазлу мутоиба мувофиқанд. Убайдуллои Раҷаб, ҳаҷвнигори маъруфи тоҷик, мегӯяд, ҳазлу шӯхӣ дар мавзӯи коронавирус "хуб нест".

Ӯ афзуд: "Ман дар ҳамин бора латифа наёфтам. Ин як бадбахтӣ аст, ки онро ба шӯхӣ гузаронидан даркор нест. Тавба бояд кард. Агар мо инро шӯхӣ қабул мекардем, баръакс, зарараш зиёдтар мешуд."

Дар Тоҷикистон чанд гуруҳи ҳаввнигорон фаъоланд, ки асосан дар рӯзи 1-уми апрел дар Душанбе ва ё шаҳрҳои дигари кишвар гирдиҳам меоянд.

Аммо гуруҳе дигар бештар дар шабакаи Ютуб фаъол шудаанд ва ҳар ҳафта як ё ду наворро дар Интернет мегузоранд. Дар миёни онҳо саҳифаҳои "Ханда ҳам доруст", "Як пиёла чой", "Лаҳзаҳои ногувор" низ ҳастанд.

Муҳаммад, як сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд, навори ҳазлу шӯхӣ дар Интернет зиёд шуд, вале сатҳу сифати он низ то андозае коста гардид: "Як ҳаҷвро ҳама гуруҳҳо ба шаклҳои худ пешниҳод мекунанд. Ин аввалан такрор аст. Дувум, дар фикри мазмун нестанд, балки дар фикри "лайк"-и зиёд ҳастанд."

Айни гапро дар як суҳбати пешинааш бо Радиои Озодӣ ҳунарманди шинохта, Убайдуллои Раҷаб, низ баён дошта ва гуфта буд, "ҳоло гуруҳҳои ҳаҷвӣ барои "лайк" кор мекунанд."

Навор аз бойгонии Озодӣ:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Убайдулло Раҷабов: Ҳоло барои "лайк" кор мекунанд

Аммо ҳаҷвнигорон мегӯянд, зоҳиран чунин барномаҳоро ҷавонони бетаҷриба дар Ютуб мегузоранд, вагарна ба гуфтаи онҳо, касе, ки дар саҳна ва дар назди садҳо нафар баромад мекунад, иҷрои намоишҳои бемазмунро ба худ лоиқ намедонад.