Муроҷиати мардум ба наҷотбахшони тоҷик дар соли гузашта ҳудуди бист дарсад афзудааст.
Баъзе аз сокинон аз кори маъмурони наҷот розӣ нестанд ва онҳоро бахусус барои дер расидан ба маҳалли ҳодиса ё надоштани таҷҳизоти зарурӣ танқид мекунанд. Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода тасдиқ мекунанд, ки на дар ҳама маврид тавонистаанд, сокинонро аз доми тармаву оби рӯдхонаҳо наҷот диҳанд, аммо дар бисёр ҳолат комёб буданд.
Ба наҷоти дигарон рафт, вале зери тарма монд
Муҳаммадшариф Ҷалилов, сокини ноҳияи Варзоб, то ду сол пеш дар қатори наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, дар роҳи Душанбе-Чаноқ машғули озод кардани одамон аз зери барфу тарма буд, аммо як рӯз худ зери барфу тарма монд. Ӯ мегӯяд, ҳодиса дар минтақаи Майхура, ҷое, ки барои наҷоти ронандаҳо рафта буд. иттифоқ уфтод.
"Дар онҷо 3 ронандаи таксӣ буданд. Тарма маро ба поён бурд, лекин аз ҳуш нарафтам", -- нақл кард ӯ.
Ҷалилов тақрибан пас аз шаш соат аз зери тарма берун шуда, ба гуфтааш, мустақилона то нисфи роҳ боло баромад ва баъдан садои ӯро шунида, ҳамтоёнаш ба кумак шитофтанд. Аммо се ронанда зери тарма мондаву ҳалок шудаанд.
Қаҳрамони гузориши мо гуфт, баъди як муддат табобат то соли 2019 дар дастаи наҷотдиҳандагон фаъолият кард ва сипас бо сабаби мушкилоти саломатӣ аз кор рафт.
Достони видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
“Баъзеҳо дар дохили мошин банд мемонанд”
Масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯянд, соли гузашта ба далели камборишӣ ҳолатҳои фаромадани тарма зиёд мушоҳида нашуд, аммо наҷотдиҳандагон бекор набуданд.
Шаъбон Яфталиев, сардори дастаи кофтукобу наҷотдиҳӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, мегӯяд, ҳодисаҳое, ки наҷотдиҳандагонро барои кумак даъват мекунанд, вобаста ба фасли сол каму зиёд мешавад. Ӯ афзуд: "Дар мавсими оббозӣ ғарқшавӣ бисёр мешавад. Баъзеҳо дар дохили мошин банд мемонанд. Мо таҷҳизоти махсус дорем ва ба воситаи он мусофиронро аз мошинҳо мебарорем."
Дар раёсати ҷустуҷӯ ва наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода се гурӯҳи иборат аз ҳафтнафарӣ ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор доранд. Танҳо ҳамин гурӯҳҳо дар тӯли як моҳ барои наҷотдиҳӣ 15-20 даъват мегиранд ва ба ёрӣ мешитобанд.
Чунин гурӯҳҳои наҷотдиҳӣ дар маркази вилоятҳову шаҳрҳои калон фаъоланд. Асҳобуддин Исоев, фармондеҳи дастаи махсуси зудамали Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар Душанбе, мегӯяд, ин даста соли 2010 таъсис шуда, чаҳор мошину ду мототсикл ва фанновариҳои муосири наҷотдиҳӣ дорад.
“Сел қариб онҳоро мебурд”
Дар бештаре аз ҳолатҳои изтирорӣ наҷотбахшон бо хатар ба ҷони худ аз пайи наҷоти сокинон мешаванд. Ҷаҳонгир Ашӯрматов, як узви дастаи махсуси зудамали Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар Душанбе, мегӯяд, боре бо ҳамтоёнаш ҷони ҳашт сокини шаҳрро наҷот доданд, аммо худ зери хатар қарор гирифтанд.
“Онҳо дар байни дарё банд монда буданд. Сел қариб монда буд, онҳоро бибарад ва ғарқ кунад. Вақте бандро кашида, назди онҳо рафтему наҷот додем, худамро об бурд. Вақте аз об берун шудам, дар танам тамоман либос намонда набуд. Як ҳолати бисёр ногувор шуда буд", - ба ёд овард ӯ.
Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи дар соли гузашта ба 781 даъвати ҳолати изтирорӣ ҳозир шудаанд, ки дар муқоиса ба соле аз он пеш ҳудуди 20 дарсад бештар будааст.
Бештар аз ҳама даъват ба кушодани дарҳои оҳанини манзилҳо, ҷустуҷӯи одамони ғарқшуда аз об, берун кардани одамон ҳангоми садамаҳо, бартарафсозии оқибати тарма, ярчу сел, инчунин наҷотдиҳӣ аз сӯхтор ва берун кашидани одамон аз дохили лифтҳо будааст.
На ҳама розист
Вале дар таҷрибаи наҷотбахшон ҳолатҳои фоҷеабор ҳам рух медиҳад.
Охири моҳи январи имсол қазияи бо кумаки сокинони деҳа пайдо шудани ҷасади падару писаре аз кӯҳи Хоҷамастон бисёриҳоро такон дод. Ин сокинони деҳаи Зағертии Леваканд баъди ҳашт рӯзи нопадидшавӣ дар кӯҳҳои барфпӯш дар оғӯши ҳамдигар пайдо шуданд. Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо таассуф мегӯянд, сокинон баъзан ҳушдорро дар бораи эҳтиёт аз яхбандиву барфрезии шадид нодида мегиранд ва ҳаёти худро дар хатару маъмурони наҷотро дар вазъияти бад мегузоранд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Ҷустуҷӯ бо белу каланд. Ҳукмишоҳ дар зери тарма бенишон шудАммо сокинон аз кори наҷотбахшон пурра розӣ нестанд. Иддае аз бетаваҷҷуҳӣ ва сустии корашон танқид мекунанд. Амиршоҳ Саидов, сокини ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷ, дар оғози соли 2019 гуфта буд, давоми рӯзҳое, ки бо мардуми деҳа фарзандаш дар зери тарма меҷуст, наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба наздашон наомада, барои дарёфти ҷавонкумаке накардаанд.
Дертар мақомот гуфтанд, раҳбарони идораи ҳолатҳои фавқулодаро дар вилояти Бадахшону ноҳияи Ванҷ ба далели "хунукназарӣ" ба ҷавобгарии интизомӣ кашиданд.
Таҷҳизот кам асту маош – камтар?
Илова ба ин, гуруҳе дигар аз сокинон мегӯянд, наҷотдиҳандагони тоҷик таҷҳизоти кофӣ надоранд. Ҳарчанд масъулон иддао мекунанд, ки мақомот талош доранд, онҳоро бо лавозимоти зарурӣ таъмин кунанд, худи наҷотбахшон дар суҳбатҳои бидуни микрофон гуфтанд, “ҳанӯз дар ин замина камбудҳо зиёд аст”.
Ҳамзамон онҳо аз маоши начандон баланди наҷотдиҳандагон изҳори нигаронӣ мекунанд. Зеро, ба гуфтаи онҳо, афсари наҷотбахш ҳудуди 1800 сомонӣ маош мегирад ва ин боиси аз кор рафтани шахсони ҳирфаӣ мегардад.