Дар зиндонҳои Тоҷикистон талабот барои интиқоли ғизо ва ё расонидани дастовез ба маҳбусон сахттар шудааст. Минбаъд фақат хешу табори наздики зиндониён ҳаққи расонидани савғотӣ ба онҳоро доранд. Мансурҷон Умаров, сардори низоми зиндонҳои кишвар ба хабаргузории “Азия-плюс” гуфтааст, ҳарчанд қаблан ҳам талаботи мазкур вуҷуд дошт, вале хешу ақрабои дурафтодаи зиндониён метавонистанд дасотовезро тавассути афроди бегона, мисли ронандагони таксӣ ва ё шиносҳояшон бифиристанд. Ӯ гуфтааст, дар ин охирҳо “аз дохили дастовезҳо ошкор шудани маводи мухаддир ва дигар ашёи мамнӯъ бештар шудааст”. Бинобар ин, ба гуфтаи Мансурҷон Умаров, талабот сахттар гардид. Акнун наздикони зиндониён танҳо дар сурати пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, ҳақ доранд савғотиро ба маҳбусон интиқол бидиҳанд.
Ин таҳаввулот дар ҳолест, ки поёни соли 2020 додгоҳе дар Тоҷикистон сокини 80-солаи ноҳияи Рӯдакӣ Дониёр Набиевро бо иттиҳоми фаъолиятҳои экстремистӣ ба 7 соли зиндон маҳкум кард. Ин ҳукм ҳамчун дорои ангезаҳои сиёсӣ мавриди маҳкумияти созмонҳои ҳомии ҳуқуқ гардид. Наздикони Набиев ҳамкории ӯро бо ифротгароён рад карда, гуфтанд, ки ӯ танҳо ба пайвандони зиндониҳое, ки бо ангезаҳои сиёсӣ ҳабс шудаанд, аз ҳисоби нафақааш кумак мекард. Раиси Додгоҳи олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён баъдан гуфт, Набиев аз масъулони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ "маблағ гирифта, ба хонаводаи онҳо расондааст".