Расул Боқиев барои баргузор кардани мусобиқаи паҳлавонии наврӯзӣ ба Тоҷикистон омадааст. САДО

Расул Боқиев.

Паҳлавони маъруфи тоҷик Расул Боқиев, барандаи медалҳои биринҷии Бозиҳои олимпӣ ва қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо, ки дар шаҳри Маскави Русия кору зиндагӣ мекунад, ба ҳайси сардовари мусобиқаи наврӯзии гуштингирӣ ба Тоҷикистон омадааст.

Ӯ имрӯз, 26-уми март, дар як суҳбати телефонӣ ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, бо даъвати соҳибкор Асадулло Сироҷев, ки сарпарасти мусобиқаи гуштини миллӣ бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз мебошад, ба Тоҷикистон омадааст.

"Мусобиқаи мазкур рӯзи шанбе, 27-уми март, дар деҳаи Даҳанаи Кӯлоб баргузор мешавад. Ин мусобиқаи анъанавӣ ҳамасола дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз бо иштироки паҳлавонон аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон ва меҳмонон аз кишварҳои дигар доир мегардад. Барои ширкат дар ин мусобиқа гуштингирон аз Русия низ даъват шудаанд, ки онҳо дар риштаи ҷудо дар Маскав тамрин мекунанд. Дар байни онҳо як нафар ҳамдиёри мо Алӣ Турсунов низ ҳаст, ки ӯ дар вазни то 73 кило дастовардҳои хуб дорад",-афзуд Расул Боқиев.

Суҳбат бо Расул Боқиевро дар инҷо гӯш кунед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Мусоҳиба бо Расул Боқиев, паҳлавони маъруфи тоҷик

Сардовари мусобиқаи паҳлавонии наврӯзӣ Расул Боқиев дар идомаи суҳбат гуфт, ки ба ғолибони мутлақи мусобиқа дар вазнҳои мухталиф шоҳҷоизаҳо - чаҳор мошини сабукрав – тақдим мегардад.

Расул Боқиев, фарзанди паҳлавони маъруф ва мураббии варзида шодравон Худойназар Боқиев, 29-уми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Рӯдакӣ ба дунё омадааст. Вай дар гуштини ҷудо барандаи нишони биринҷии Олимпиадаи Пекин дар соли 2008 мебошад.

Расул соли 2007 дар Рио-Де-Жанейрои Бразилия медали биринҷии қаҳрамонии ҷаҳонро ба даст оварда, дар солҳои 2007, 2010, 2011 ва 2012 Ҷоми ҷаҳонии ҷудоро соҳиб шудааст. Соли 2009 Расул Боқиев қаҳрамони гуштини ҷудои Русия шуда буд.

Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон Расул Боқиев солҳои охир дар Маскав ба сар мебарад. Соли 2015 дар пойтахти Русия “Мактаби гуштини Расул Боқиев”-ро таъсис дод ва ҳоло дар ҳамин мактаб ба тарбияи шогирдон машғул аст.