Иззат Амон ба "фаъолияти ғайриқонунӣ" айбдор шуд. Ба ӯ ихроҷ аз Русия таҳдид мекунад

Иззат Амон

Иззат Амон, раиси Маркази тоҷикон ва яке аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷиронро дар Русия ба "фаъолияти ғайриқонунӣ" гунаҳкор кардаанд ва ба ӯ ихроҷ аз ин кишвар таҳдид мекунад. Қарори Додгоҳи ноҳияи Твери шаҳри Маскав дар ин бора 4-уми марти имсол қабул шуда, 16-уми март ба иҷро даромадааст.

Маъмурони пулиси Маскав рӯзи 25-уми март Иззат Амонро бо худ "бурданд". Феълан дар куҷо ва таҳти чӣ шароит будани ӯ маълум нест, аммо дар як навори аз қабл сабташуда иддао кардааст, ки ӯро "бо фармоиши мақомоти Тоҷикистон" ба кишвар мефиристанд.

Дар сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи панҷшанбе гуфтанд, дар бораи боздошти Иззат Амон чизе намедонанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Маъмурони пулиси Маскав Иззат Амонро бо худ "бурдаанд"

Иззат Амон: Шиносномаи русиамро бекор карданд

Масъулони Додгоҳи ноҳияи Твери шаҳри Маскав хабар доданд, ки Холов Иззат Амонович (Иззат Амон)-ро бар асоси қисми дуи моддаи 18.10-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Русия муҳокима карданд. Ин модда марбут ба шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд аст, ки дар Русия бе иҷозаи кор ё патент фаъолият мекунанд ва аз панҷ то ҳафт ҳазор рубл ҷарима ва ихроҷ аз ҳудуди Русияро дар назар дорад.

Иззат Амон дар наворе, ки зоҳиран пештар сабт шудаву шоми 25-уми март дар Ютуб гузоштанд, гуфтааст, аз соли 1996 шаҳрвандии Русияро дорад, вале чанд рӯз пеш шиносномаи ӯро бекор карданд.

Вай дар муроҷиат ба раиси ҷумҳури Русия гуфтааст, "вақте ин наворро мебинед, маънои онро дорад, ки аллакай дар ҳудуди Русия нестам. Маро ба Тоҷикистон мебаранд, то барои танқидҳоям аз кори мақомот зиндонӣ кунанд. Аз Шумо мехоҳам, ёрӣ кунед, то маро ба ҳудуди Русия баргардонанд ва шаҳрвандиямро барқарор кунанд."

Посух ба танқидҳо?

Ӯ гуфтааст, танқидҳояш аз беамалии сафорату консулгарии Тоҷикистон ва ташкили маркази кумак ба муҳоҷирон ба мақомот хуш наомадааст. "Ним сол боз маро таъқиб мекарданд, ки ба куҷо меравам, чӣ кор мекунам ва бо кӣ мулоқот дорам", -- афзудааст ӯ.

Иззат Амон дар ин кор мақомоти Тоҷикистон ва баъзе аз маъмурони хадамоти махсуси Русияро муттаҳам карда, аз муомила ва "пули калон" гуфтааст.

То ба ҳол мақомоти Тоҷикистону Русия ба ин гуфтаҳои Иззат Амон вокуниш накардаанд. Инчунин, маълум нест, ӯ ба Тоҷикистон ихроҷ шудааст ва ё ҳанӯз дар Русия нигоҳдорӣ мешавад.

Ҷустуҷӯи адабиёти ифротгароёна

Аз ин пеш, моҳи октябри соли 2020, мақомоти интизомии Маскав дафтари Маркази тоҷиконро бо баҳонаи "ҷустуҷӯйи адабиёти ифротгароёна" тафтиш карда буданд. Дар дастуре, ки нусхаи он дар Фейсбук нашр шуд, гуфта буданд, "Холов Иззат эҳтимол тарғиботи ифротгароии диниро ба роҳ мондааст".

Иззат Амон он вақт низ гуфта буд, зоҳиран ин як ҳушдор ба ӯ дар бораи фаъолиятҳояш дар мавриди ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирон аст, ки ба ҳукумати Русия ва Тоҷикистон хуш намеояд.

Ӯ дар ду соли охир дар суханрониҳояш дар Ютуб аз сиёсатҳои мақомоти тоҷик низ интиқод карда, мегуфт, нисбат ба ӯ дар Тоҷикистон парванда кушодаанд.

Иззат Амон соли 1973 дар ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шуда, соли 1997 бахши иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Аз соли 2000-ум дар Маскав кору зиндагӣ мекунад. Хатмкардаи Академияи дипломатии назди Вазорати корҳои хориҷӣ ва Академияи хидмати давлатии назди дастгоҳи иҷроияи президенти Русия аст.

Солҳои охир ҳамчун вакили мудофеъ ва ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Маскав кор мекунад. Айни замон дар шабакаи Ютуб масъалаҳои вобаста ба муҳоҷирон ва мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ ва ҳуқуқи инсонро дар Тоҷикистон ба баҳс мегирад.

Аз Каромат Шарипов то Саидасрор Мирзоев

Мақомоти Русия то кунун чандин нафар аз тоҷикони бонуфузро дар он кишвар боздошт ва аз ҳаққи шаҳрвандӣ маҳрум кардаву ба Тоҷикистон фиристодаанд.

Соли 2017 шаҳрвандии русии Каромат Шарипов, яке аз ҳомиёни шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия, бекор ва худи ӯ ба Тоҷикистон ихроҷ шуд. Шарипов баъди беш аз ду соли талоши бенатиҷаи бозгашт ба Русия, моҳи майи соли 2020, дар 57-солагӣ дар Тоҷикистон вафот кард.

Охири соли 2020 Додгоҳи ноҳияи Советии шаҳри Самараи Русия роҳбари маркази тоҷикон – "Пайванд" Саидасрор Мирзоевро ба риоя накардани қоидаҳои будубош дар Русия гунаҳкор ва ба ихроҷ аз қаламрави ин кишвар маҳкум кард.