Ҷалолиддин Илҳомӣ 13 сол дорад ва дар бозиҳои шоҳмот дар Душанбе ҳамаи калонсолонро бурда, қаҳрамон шудааст. Ҳоло орзуи бузурги дигаре дорад, ки на ба ҳама муяссар мешавад.
Оилаи шоҳмотбозон
Ҷалолиддин, қаҳрамони Душанбе дар бозии шоҳмот, дар муошират бо калонсолону шахсони ношинос хеле шармгин аст, вале ҳангоми бозӣ бо рақибон хунсарду қотеона амал мекунад.
Ӯ аз панҷсолагӣ ба шоҳмотбозӣ пардохта, аз оғоз бо рақибони аз худаш ба син калонтар қувва меозмояд. Ҳарифи ӯ маъмулан падараш аст, ки довари байналмилалии шоҳмот ва ҳамзамон раиси Федератсияи шоҳмот дар Душанбе мебошад. Бародару хоҳараш низ шоҳмотбозанд.
Қаҳрамони Душанбе дар бозии шоҳмот мегӯяд, "бисёр бо шоҳмот машғулам, пайвандони дигар ба кори худ овораанд. Барои ҳамин, дастовардҳои ман дар ин навъи бозӣ бештар аст."
Дар оилаи Илҳом Юнусов ҳама шоҳмотбозанд. Бино бар ин, ба гуфтаи ӯ, ба шоҳмот рӯй овардани писараш Ҷалолиддин ҳеч аҷобат надорад, вале айни замон ёрии ҳамсарашро низ сарфи назар намекунад: "Ба завҷаам ин навъи варзиш хеле писанд омад. Гуфтам, агар ба фарзандон кумак кунӣ ва онҳо ба шоҳмот машғул шаванд, дар оянда дар сабқатҳо иштирок хоҳанд кард. Фарзандон бо роҳнамоии модарашон ба омӯзиши шоҳмот шуруъ карданд."
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Орзуи рақобат бо Фаррух Амонатов
Ҷалолиддин Илҳомӣ қаҳрамони Душанбе оид ба шоҳмот миёни калонсолон шуд. Новобаста ба наврасиаш дар сабқатҳо беҳуда "риск" намекунад. Аз оғози мусобиқа усули бозии ҳар як варзишгарро омӯхта, шеваи бархӯрдро бо онҳо тарҳрезӣ мекунад.
"Бо 9 нафар қувваозмоӣ кардам. Дар 6 ҳолат рақибонро бурдам ва дар се маврид бозӣ мусовӣ анҷом ёфт. Яке аз ин се бозиро ҳам метавонистам барам, мавқеи ман хеле қавӣ буд. Ин ҳолат дар сабқат бо Феликс Халфин дар бозии 7-ум ба вуҷуд омад, аммо каме осуда шудаму рақиб натиҷаро мусовӣ кард", -- мегӯяд ӯ.
Ҷалолиддин ҳанӯз намедонад, ки оё тамоми умр машғули шоҳмот мешавад ё не. Аммо аз ҳоло барои солҳои наздик пеши худ ҳадаф гузоштааст ва пирӯзӣ дар сабқати шаҳрӣ як қадаме дар ҳадафҳои пешгузоштаи ӯ буд.
Ҷалолиддин Илҳомӣ гуфт, "дар оянда мехоҳам, қаҳрамони ҷаҳон шавам. Орзу дорам, бо Фаррух Амонатов, ягона гроссмейстери байналмилалӣ аз Тоҷикистон бозӣ кунам. Бо Хикаро Накамура, ки яке аз 5 шоҳмотбози қавитари олам аст, қувваозмоӣ доштам. 12 бозии онлайнро бо ӯ бохтам. Мехоҳам, боз бо ӯ рақобат кунам ва баранда шавам."
Аҳли оила натанҳо кӯшишҳои Ҷамолиддинро дастгирӣ мекунанд, балки назди ӯ шарт гузоштаанд. Яъне, "агар мехоҳӣ пирӯз шавӣ, зиёд кор кун, хуб хон, соҳиби ихтисос шав ва маълумоти олӣ гир".
Ҷалолиддин тахтаи шоҳмотро натанҳо дар хона, балки дар мактаб ҳам бо худ мебарад. Лидия Антоновна, устоди шоҳмот, шогирди худро аз панҷсолагӣ медонад ва аз он замон бо ӯ шоҳмот бозӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, "дар оғоз ба осонӣ мебурдам, ҳоло рақобат кардан хеле мушкил аст. Мешавад гуфт, аллакай аз ман қавитар аст."
Зинаи баъдӣ барои Ҷалолиддин Илҳомӣ – пирӯзӣ дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон аст. Ӯ мегӯяд, хеле ҷиддӣ ба ин сабқат омодагӣ дидааст, аммо агар баранда ҳам нашавад, афсурда нахоҳад шуд.