Бархилофи хабари расонаҳои ахбори оми Тоҷикистон президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 22-юми март ба вилояти Хатлон сафар накард. Намояндагони мақомоти давлатии ин вилоят ба Радиои Озодӣ гуфтанд, раисиҷумҳур "ба эҳтимоли зиёд рӯзҳои 24 ва 25-уми март ба шаҳри Бохтар сафар хоҳад кард".
Ин дар ҳолест, ки ёвари президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Абдуҷаббор Раҳмонзода ба хабаргузории "Азия-Плюс" гуфта буд, ки Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 22-юми март ба вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом медиҳад. Сухангӯи роҳбари Хатлон Носирҷон Маъмурзода низ ба "Азия-Плюс" гуфт, сафари президент ба ин ҷо берун аз доираи чорабиниҳои наврӯзӣ сурат мегирад. Ҳарду манбаъ ҳадафи ин сафарро "шиносоӣ бо омодагӣ ба 30-солагии истиқлол" номидаанд.
Дар чаҳорчӯби омодагиҳо ба сафари раисиҷумҳур шаҳри Бохтар намуди идона гирифта, шиори "Хуш омадед, пешвои миллат" низ ин ҷо насб шудааст. Аммо ба гуфтаи мансабдорони хатлонӣ, Рамзи пахта ва хушаи гандум, ки бояд то омадани президент дар Бохтар сохта мешуд, ҳанӯз нотамом аст ва он ҷо бинокорон машғули коранд.
Баргузор нашудани сафари президенти Тоҷикистон дар рӯзи эълоншудаи 22-юми март таваҷҷуҳро ба хабарҳои Твиттер ва як сомонаи англисизабон ҷалб карданд, ки гуфтаанд, президент Эмомалӣ Раҳмон аз 10-уми март ба ин сӯ дар маҳзари ом дида нашудааст ва вазифаҳои ӯро писараш Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон анҷом медиҳад.
Аз ҷумла сомонаи bne.intellinews менависад, дар ҷомеа намоён набудани Эмомалӣ Раҳмон "овозаҳои гурезнопазиреро дар бораи саломатии раҳбари 68-сола ба миён овардааст". Аз сӯйи дигар муҳаррири бахши Осиёи Марказӣ дар сомонаи Eurasianet Питер Леонард рӯзи 18-уми март дар Twitter навишт, аз 5-уми март ба ин сӯ Хадамоти матбуотии Раҳмон аксҳои нави ӯро мунташир накардааст.
Аммо сухангӯи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода рӯзи 22-юми март ба Радиои Озодӣ гуфт, саломатии президент Раҳмон хуб аст ва ҳамаи аксҳои нашркардаи хадамот наванд.
"Дар таҷрибаи кории 18-солаам ҳанӯз ёд надорам, ки боре ҳам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат нақшаи корӣ ва ё хатти сафарашонро вайрон карда бошанд. Ё ягон чорабиниро бо аксу наворҳо сохта бошем. Хушбахтона, имрӯзҳо Президент аз ману Шумо ҳам солимтару боқувваттар ҳастанд. Рӯзҳои наздик Сарвари давлат бо сафарҳои корӣ ба яке аз минтақаҳои кишвар мераванд", – гуфт Шарифзода.
Шоми 22-юми март ва дар ҳоле ки дар Тоҷикистон расман рӯзи истироҳт аст, хадамоти матбуоти президент фармони нави ӯро нашр кард. Бино бар он, Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ваксинзанӣ ба зидди бемории COVID-19 аз ҳамин рӯз оғоз шавад.
Вале яке аз бинандагони суҳбатҳои ахири телевизионии Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд, вай мисли пешина сариҳол нест ва зоҳиран нороҳатие дорад.
Ин бори аввал нест, ки тандурустии раисиҷумҳури Тоҷикистон хабарсоз мешавад. Соли 2019 дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабаре нашр шуда буд, ки вазъи саломатии Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафараш дар ноҳияи Ваҳдат бад гашта, ӯ ба кумаки пизишкон эҳтиёҷ пайдо кардааст. Ҳамчунин тобистони соли гузашта овозаҳои сироят дидани ӯ бо COVID-19-ро паҳн шуданд. Аммо ин хабарҳо тасдиқи худро наёфтанд.
Дар ҳоле ки Раҳмон он вақт наздик ба ду ҳафта аз назарҳо пинҳон монда буд, ҷаноби Шарифзода мегӯяд, президенти Тоҷикистон “дар шадидтарин моҳҳои КОВИД низ бо мардуми худ, дар байни халқ” будааст.
Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992 ба ин тараф идораи Тоҷикистонро дар даст дорад ва барои тамдиди қудрати худ борҳо Конститутсияи Тоҷикистонро иваз кардааст.
Дар интихоботи ахири президентӣ дар Тоҷикистон рӯзи 11-уми октябри соли гузашта вай дар муқобили чаҳор номзади “идорашаванда” пирӯз эълон шуд ва муҳлати раҳбарии худро то соли 2027 дароз кард. Ин интихобот ва ҳамчунин интихоботҳои пешинаи президентӣ ва порлумонии Тоҷикистонро нозирони ғарбӣ ҳаргиз “озод ва одилона” нашумурдаанд. Ахиран созмонҳои байнулмилалӣ ҳукумати ӯро ба ҳабсу аз кишвар рондани мухолифони сиёсӣ ва маҳдуд кардани озодиҳои демократӣ айбдор мекунанд.