Вақте шумо дар мактаб мехондед, корманди милиса ва ё муфаттише омада, вақти дарс кори муаллими шуморо тафтиш мекард? Ҳоло ин кор ҳаст ва омӯзгоронро нороҳату асабонӣ кардааст, ки нозири милисае, ки ҳеҷ чиз дар бораи шеваи дарсу таълим намедонад, омада рӯзномаи онҳоро тафтиш мекунад.
Радиои Озодӣ ҳамин ҳафта гузоришеро дар бораи ин масъала дошт ва ташаккури зиёд ба шумо, ки дар бораи он назар додеду гуфтед, ки кори дуруст аст, ё не. Баҳс ҳануз ҳам идома дорад ва мебинем, ки мардум дар бораи рафтори муфаттишону милисаҳо ва дар мактабҳо меҳмон шудани онҳо чӣ мегӯянд. Аз шарҳе корбаре оғоз мекунем, ки худро “Ҳақбин” номида ва гуфтааст, ин рафтори кормандони ҳифзи ҳуқуқ аз надонистани ҳуқуқашон шаҳодат медиҳад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Идомаи шарҳаш чунин аст: “Агар ба омӯзгор ҳам ҳуқуқи санҷидани кори ҳомиёни ҳуқуқро диҳед мебинед, ки чӣ мешавад. Вой бар ҳоли онҳо. Дарси омӯзгорро баъди оғози он ягон кас ҳаққи халалдор карданро надорад. Дар сохтори ҷомеаи мо ба ин гуна мансабдорони бесалоҳият ҳуқуқи зиёд дода шудааст, ки ин нишони бадбахтии ҷомеаи шаҳрвандӣ аст.
Айни назарро корбарони дигар доранд, ки гуфтаанд, тафтиши дарси муаллим кори нозирони вазорати маориф аст, на каси дигар ва омадани нозири минтақавӣ ва муфаттиш бар дарс ҷое навишта нашудааст. Шарҳи корбареро мехонем, ки худро Олим муаррифӣ кардааст: “Сар давраи шӯравӣ мактабро ба ғайр аз идораи маориф дигар мақомоте намесанҷид. Ҳоло ҳам чунин аст. Прокурор кори мактабу маориф, тиб, сӯхтору бухгалтериро аз куҷо мефаҳмад. Ҳамаи чунин санҷишҳо мавқеи прокуратураро нишон додану фикри кисса аст. Мутлақо ғайриқонунӣ аст ва чунин ҳақ надоранд.”
Воқеан як намояндаи додситонӣ дар Бадахшон ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтааст, ки агар муаллим саривақт ба дарс наояд, конспекташро омода накунад, мо чора набинем, кӣ чора меандешад? Дар муроҷиат ба ин намояндаи додситонӣ яке аз корбарон бо киноя гуфтааст, ки додситонӣ бо ин кораш раҳбарони ду кишварро дар ҳайрат гузоштааст.
Ӯ чунин менависад: “Ман дар умри худ нав фаҳмидам, ки прокурор ба мактаби миёна рафта, раванди дарс ва таълиму тадрисро назорат кунад ва муаллимонро таҳти истинтоқ қарор диҳад. Сатҳи донишу малакаи устодро танҳо идораи маориф санҷиш ва муайян карда метавонад. Илтимос ба ин амали зишти прокуратура зуд хотима диҳед. Ҳатто Қурбонгулӣ Бердимуҳамедов ва Ким Чен Ун аз ин амали прокуратураи генералии Тоҷикистон дар ҳайрат афтоданд."
Зоҳиран омадани нозири милиса ва ё муфаттиш ба дарс ва тафтиши кори муаллимон дар ҳамаҷои Тоҷикистон ҳаст, ки корбарони зиёде навиштаанд, шоҳиди ин гуна рафтори намояндагони додситонӣ ва нозирони милиса шудаанд. Як шарҳеро мехонем, ки корбаре бо номи Ҳақиқат дар вебсайти Радиои Озодӣ гузоштааст: "Дар мактабҳои мо низ чунин аст. Милиса ба мактаб меояд, бе иҷозати муаллим ба дарс медарояд, ба бачаҳо бо забони қабеҳ сухан мекунад, гӯё ҳамаи онҳо - духтару писар ҷинояткор бошанд… Муаллим дарсро партофта, бозичаи милисаву додситон мешавад."
Гуруҳе аз корбарони дигар гуфтаанд, тафтишҳои ногаҳонии кори омӯзгорон ҳангоми дарс роҳро барои сӯистифода аз мақом ва тамаъҷӯиву ришвахорӣ боз кардааст.
Шарҳи корбареро ҳамроҳ мехонем, ки худро Ватандор муаррифӣ кардааст: "Э шарм кунед, муаллими бечора ҳазор сомонӣ маош мегирад, боз шумо ҳамонро канда хурданӣ ҳастед. Зиндагии муаллимонро бо прокурорҳову муфаттишон муқоиса кунед . Муаллим дучарха надорад, шумо ду се тои хона дар Душанбе, ду-се мошини 15 то 20 ҳазор долларӣ доред. Равед Кумитаи амният, Кумитаи андоз, Вазорати корҳои дохилӣ ва гумрукро тафтиш кунед, ку чӣ кор мекунанд."
Воқеан хушҳол мешавем, агар шумо ҳам назару андешаҳои худро дар ин бора ба мо нависед ва ё дар видео сабт кунеду ба ҳамин телефон, (+420) 607 900 808 бифристед. Бо ҳар василае, ки мехоҳад, Вотсаппу Вайбер Телеграм ва ё Имо.