Ҳабиб Нурмуҳаммадов расман ба "карйера"-аш хотима дод

Ҳабиб Нурмуҳаммадов (Нурмагомедов)

Ҳабиб Нурмуҳаммадов (Нурмагомедов), размикори маъруфи доғистонӣ ба карйераи худ расман хотима бахшид. Дар ин бора раҳбари UFC Дэйна Уайт хабар додааст.

"Ӯ 100% расман дар нафақа аст. Тамошои кори шумо боварнакарданӣ буд. Ташаккур бар шумо. Аз он чизе, ки дар оянда рух медиҳад, лаззат бибаред, дӯстам", навиштааст Уайт дар Твиттер.

Нурмагомедови 32-сола бо рақобатҳояш дар UFC маъруф аст. Вай дар ҳамаи 28 қувваозмоӣ пирӯзӣ ба даст овардааст. Дар мусобиқаи UFC рӯзи 24-уми октябри соли гузашта бар рақибаш Ҷастин Гэйҷӣ, размкори амрикоӣ оид ба муҳорибаи омехта (MMA) даст боло шуда, ӯ бори дигар камарбанди қаҳрамониро дар вазни сабук дифоъ кард.