Тире, ки риштаи умри Отахон Латифиро канд, тири кӣ буд?
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Агар рӯзноманигори маъруф, ходими давлатӣ ва сиёсатмадори тоҷик, Отахон Латифӣ, моҳи сентябри соли 1998 кушта намешуд, имрӯз, 18-уми март, 85-сола мешуд. Ӯ дар замоне ба қатл расид, ки нав ҳамчун раиси бахши ҳуқуқии Комиссияи оштии миллӣ ба ватан баргашта буд, то сутуне барои осмони соф ва сулҳомези Тоҷикистон шавад.