AstraZeneca-ро дар Тоҷикистон чӣ интизор аст? Мақомот гуфтанд, ба зудӣ шарҳ медиҳанд. ВИДЕО

Пизишке дар Украина аз ваксинаи AstraZeneca истифода мекунад. Киев, 16-уми марти 2021

Баҳси то куҷо бехатар будани ваксинаи AstraZeneca то ба Тоҷикистон ҳам расидааст. Кишвар ҳафте пеш тақрибан 200 ҳазор воя ё дозаи ин навъи ваксинаро дастрас кард ва, қарор буд, ба наздикӣ истифодаашро шуруъ кунад.

Масъулони Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфтанд, вазъро пайгирӣ доранд. Ба иттилои дафтари матбуоти вазорат, рӯзи 18-уми март дар як нишасти хабарии вижа дар Душанбе тасмими ниҳоӣ дар бораи истифода аз ваксинаи AstraZeneca эълон мешавад. Дар ин нишаст намояндагони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ва ЮНИСЕФ низ ширкат хоҳанд кард.

Аммо дар байни мардум ва бахусус пизишкон, ки бояд аввалин шуда ваксинаи AstraZeneca-ро бигиранд, назарҳо яксон нест. Баъзе аз пизишкон мегӯянд, татбиқи ваксина муҳим аст, аммо иддае дигар таъкид доранд, ки баҳс дар бораи амн будани AstraZeneca зиёд аст ва то эълони хулосаи ниҳоӣ аз гирифтанаш худдорӣ меварзанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар Тоҷикистон ваксинаи AstraZeneca-ро чӣ интизор аст?

Як пизишки бемористони Қарияи Болои шаҳри Душанбе бе зикри ном рӯзи 16-уми март гуфт: "Аз як тараф дар Тоҷикистон коронавирус нест, аз сӯйи дигар ин хел баҳсҳо дар бораи ваксина дар ҷаҳон вуҷуд дорад. Рости гап, ба мо гуфтанд, аввал пизишкон бояд ваксина гиранд. Кас ҳайрон мемонад. Шахсан мунтазир мемонам, то фоидаву зиёни ваксина пурра маълум шавад."

Вазорати тандурустии Тоҷикистон пештар гуфта буд, ки гирифтани ваксина ихтиёрӣ хоҳад буд.

Назари мардум дар бораи ваксина:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Сокинони Тоҷикистон дар бораи гузаронидани ваксинаи зидди Ковид-19 чӣ назар доранд?

Мақомоти Тоҷикистон аз оғози имсол пайиҳам дар бораи сабт нашудани гирифторони коронавирус хабар медиҳанд, ҳарчанд шубҳаҳо ба омори расмӣ боқист. Ба иттилои расмӣ, беш аз 13 ҳазору 300 кас дар Тоҷикистон ба коронавирус мубтало шуда, 90 нафар ҷон бохтаанд. Омори ғайрирасмии гирифторон ва қурбониёнро бештар аз ин медонанд.

Тоҷикистон рӯзи 9-уми марти имсол 192 ҳазор воя ё дозаи ваксинаи AstraZeneca-ро дарёфт кард. Ин ваксинаҳоро дар доираи барномаи COVAX-и Созмони Ҷаҳонии Тандурстӣ бепул ба Тоҷикистон доданд.

Дар пасманзари баҳсҳо атрофи ваксинаи AstraZeneca ҳоло дақиқ нест, ки дар Тоҷикистон ба эмкунӣ оғоз мекунанд, ё не.

Баҳси то куҷо бехатар будани ваксинаи сохтаи Бритониёву Шветсия ҳоло яке аз мавзуъҳои асосӣ дар кишварҳои аврупоӣ аст. Баъзе аз ин кишварҳо гуфтаанд, бо сабаби нигарониҳо аз лахташавии хун баъд аз қабули ваксинаи AstraZeneca муваққатан аз истифодаи он даст мекашанд.

То ин дам Фаронса, Олмон, Итолиё, Ҳолланд, Ирландия, Булғористон ва Австрия истифода аз ваксинаи AstraZeneca-ро муваққатан боздоштаанд. Чанде аз кишварҳои Осиё, аз ҷумла Индонезия гуфтанд, мунтазири баррасии натиҷаҳои санҷиши нави Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ хоҳад монд.

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ аз кишварҳои ҷаҳон хост, истифодаи ваксинаи AstraZeneca-ро қатъ накунанд. Чун, ба гуфтаи масъулини созмон, ҳеч далеле дар бораи иртиботи мустақими миёни ваксинаи AstraZeneca ва лахташавии хун вуҷуд надорад.

Ваксинаи AstraZeneca, ки дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Оксфорд тавлид шуд, яке аз аввалин ваксинаҳо ба зидди коронавирус буд. Бино бар арзон будан ва шароити нигаҳдории оддӣ, ба суръат ба яке аз пурмасрафтарин доруҳои зидди коронавирус табдил ёфт.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

WHO амнияти ваксинаи AstraZeneca-ро баррасӣ мекунадФаронса, Олмон ва Итолиё истифода аз ваксинаи "AstraZeneca"-ро мутаваққиф кардандДар Тоҷикистон аз мардум мепурсанд, ки мехоҳанд, ваксина бигиранд, ё не? ВИДЕО