Шаҳзода Назарзода (Самарқандӣ), рӯзноманигор ва адиби муқими Ҳолланд, мегӯяд, баъд аз суҳбаташ дар бораи ҳуқуқи занони тоҷик мавриди таҳқиру тавҳин қарор гирифта, ҳатто таҳдид ба қатл шудааст. Мусоҳибаи ӯ бо Радиои Озодӣ рӯзи 8-уми март нашр шуда буд. Аз Назарзода пурсидем, ин таҳдидҳо дар чӣ шакл ва дар куҷо сурат гирифт?
Шаҳзода Назарзода: Пас аз интишори гуфтугӯи мо, дар шабакаҳои иҷтимоӣ селе аз таҳқиру тавҳин ба самти ман, умдатан аз сӯи мардон, шуруъ шуд ва ман пушти гӯш кардам, чун бори аввал нест ва на танҳо бо ман ин гуна ҳамлаҳо сурат мегирад. Бо ҳамаи занону мардони пешгом аз ин даст хушунатҳои лафзиро рӯзона дар ҷомеа ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ мушоҳида мекунем. Ман ин гуна бархурдҳоро ба роҳатӣ пушти гӯш мекунам, то ба роҳи худ идома диҳам. Дар он миён касе ҳам таҳдид ба қатл кардааст, ки инро дигар намешавад пушти гӯш кард. Шахсе бо номи "Мухаммад Ниязов" дар Фейсбук дар саҳифаи дӯсти худ бо номи "Муҳаммади Шарифзода" бо ишора ба ман навиштааст: "Ба сараш бояд бензин рехту оташ зад". Яъне, коре, ки бо Фархунда дар Афғонистон карданд. Фикр накунем, ки моҷарои Фархунда танҳо мумкин аст дар Афғонистон рух диҳад. Ин гуна ҷиноятҳо аввал бо лафз шуруъ мешаванд ва баъд, мумкин аст, ҷомаи амал пӯшанд. Бояд ин гуна таҳдидҳоро ҷиддӣ гирифт ва алайҳи он мубориза бурд. То забони дарози зургӯи онҳо баста шавад ва бифаҳманд, ки ҷаҳон бар асоси дарки танги онҳо намечархад. Дар ҷомеаи ҳуқуқбунёд бояд ба хушунат ва террори шахсиятӣ ва физикӣ таҳаммул сифр бошад. Ҳамон тавр, ки дар кишварҳои қонунманд дар баробари ин навъ рафтор “нол толеранс” (zero tolerance), яъне таҳаммули сифр, матраҳ аст, мо низ бояд бо забони хашин ва таҳдид мудоро накунем.
Агар дар ҷангали торикем, гулхан равшан мекунем. Он равшанӣ на ҳамеша барои он касест, ки дар торикӣ асту санг меандозад, балки барои он аст, ки дигар мухотабон дар нури он роҳро аз чоҳ бишносанд.
Радиои Озодӣ: Ин таҳдидҳо Шуморо ҳаросон накард?
Шаҳзода Назарзода: Ҳаросон на, балки асабонӣ шудам аз ин ҷаҳолате, ки талош мекунанд бо фаҳҳошӣ ҷилави занонро бигиранд, то аз ҳаққи мусаллами худ суҳбат накунанд ва дар гӯшаи хона нишинанд. Ҳамон гуна, ки вақте ба Маърифат Давлатова, духтари наққоши боистеъдоди тоҷик дар шаҳри Душанбе таҳдид карданд. Ин гуна рафторҳо бо ин сиёсат ба кор бурда мешавад, ки бепаноҳӣ ва тарсро дар дили занҳои тоҷик ворид кунанд ва онҳоро аз азми худ баргардонанд. Он чи нигаронкунанда аст, он аст, ки ин гуна афродро созмонҳое даври худ ҷамъ мекунанд ва алайҳи занон ва мардони фаъоли ҷомеа метезонанд. Рӯбарӯ шудани ҷаҳолат ва ақлоният дар таърихии башар ҳамеша нобаробар будааст. Чун ҷаҳолат бидуни мантиқ ва ахлоқ ҳамла мекунад ва ақлоният бо марому қонунманд посух медиҳад. Дар Афғонистон муҷриҳои занро, ки дар телевизион баромад мекунанд, мекушанд, аммо дар ҷомеи мо ин корро лафзӣ анҷом медиҳанд. Террори шахсиятӣ мекунанд, ки камтар аз террори физикӣ нест. Агар майдон пайдо кунанд, мисли Толибон рафтор мекунанд. Ин аст, ки нигаронкунанда аст.
Радиои Озодӣ: Чеҳраҳои зиёди машҳур ва хушном ҳадафи танқиду тавҳинҳо ва ҳам таҳдидҳо қарор мегиранд, танҳо барои он ки ин чеҳраҳо монанди онҳо фикр намекунанд, фикру ақидаи худро доранд. Ба назари Шумо, норозиён аз суҳбат, кор ва ҳастии Шумо чӣ қадаранд ва шояду бояд ба ақидаи онҳо низ гӯш дод?
Шаҳзода Назарзода: Қабл аз Интернет ҷомеаҳо дастабандишуда ва ҷудо аз ҳам зиндагонӣ мекарданд, аммо ҳоло Интернет ва расонаҳои интернетӣ ин афроди бо сутуҳи фаҳму маърифати мухталифро дар баробари ҳам қарор додааст. Қаблан камтар шаҳрӣ ба русто мерафт ва ё камтар рустоӣ ба шаҳр роҳ меёфт ва вақте ҳам ба фазои ҳамдигар роҳ меёфтанд, ба қавонини маҳалли воридшудаашон эҳтиром доштанд ва риоят мекарданд. Аммо ҳоло аз гӯшаи хонаи худ нишаста, ҳар касе метавонад ба касе, ки на ба гурӯҳу ҷойгоҳи иҷтимоиаш ҳамхонӣ дорад, эрод гирад ва пархошгарӣ кунад. Ин рӯдаррӯйии табақаҳои гуногунро дар адабиёти ҷаҳон дидаем ва борҳо матраҳ шудааст. Ҳар касе барои баёни ақидаи худ ҳақ дорад, ҳатто агар табақаи иҷтимоиаш мутафовит бошад ва ё ҳатто агар саводи ба андозаи кофӣ надошта бошад. Ҳар инсон новобаста ба қавму ҷойгоҳи иҷтимоии худ бояд битавонад назар ва фикри худро баён кунад, аммо бо мантиқ ва бидуни таҳқиру таҳдид. Чи он зиёӣ бошад ё чи касе, ки саводи кофӣ ба даст наоварда, ҳама бояд бо ҳам бо эҳтиром ва пазируфтани арзишҳои ҳамдигар гуфтугӯ кунанд. Дар ғайри он диалоге сурат намегирад ва ҳарфҳояшон ношунида мемонад. Аммо дар мавриди террори шахсиятӣ ва таҳдид ба ҳазфу нобудии дигарандешон, ҷойи баҳсу гуфтугӯ нест. Ин ҷиноят аст. Дар баробари ҷиноят бояд қонунро пеш кашид, чун роҳи гуфтугӯ пешопеш баста шудааст. Касе, ки таҳаммули назари Шуморо надорад ва барои ин мехоҳад, Шуморо аз байн бибарад, арзиши гуфтугӯ надорад.
Навори суҳбат бо Шаҳзода Назарзода:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Радиои Озодӣ: Баъзеҳо бар инанд, ки ба чунин афрод набояд посух дод, нашояд ба сатҳи онҳо поин омад. Андешаи Шумо чист?
Шаҳзода Назарзода: Ҳар ибрози назаре, ки дур аз мантиқ ва эҳтиром аст, бояд нодида гирифт. Аммо бархе аз ҷоҳилҳо сукути Шуморо бохти Шумо медонанд ва ба ҷаҳолати худ ғарқтар мешаванд. Роҳи решакан кардани ҷаҳолат роҳи сахту душвор аст ва бо ҷоҳил даст ба гиребон шудан роҳи ҳал нест. Ҷаҳолат мисли торикист. Мо наметавонем бо торикӣ биҷангем, мо шамъ равшан мекунем, чароғ равшан мекунем ва агар дар ҷангали торикем, гулхан равшан мекунем. Он равшанӣ на ҳамеша барои он касест, ки дар торикӣ асту санг меандозад, балки барои он аст, ки дигар мухотабон дар нури он роҳро аз чоҳ бишносанд. Бинобар ин гоҳе бояд ҷавобашонро дод. Ҳамон гуна ки ҳамлаварон гурӯҳ мешаванд ва ҳамдигарро пайдо мекунанд, мо низ бояд ҳама бо ҳам дар муқобили ин рафторҳои саркӯбгар биистем. Иҷоза надиҳем, ки моро як-як ҷудо ҷудо сокит кунанд. Аз инҷост, ки ҳар бор ин мавзуъ барои дигарон пеш омада, ман дахолат кардаам. Ва ҳол ки бо худам пеш омада, аз дӯстон хостам, ки ин афродро бишносанд ва гузориш диҳанд. Аз ин тариқ мо метавонем ба тавофуқе дар оини гуфтугӯ бирасем.
Радиои Озодӣ: Дар байни шарҳҳо як шарҳ диққати моро ба худ кашид. Муаллифи он зоҳиран як зан аст ва аз ин мусоҳиба шадидан норозӣ буда, дар сарҳади як рахнаи асабӣ дод мезанад, ки "Шаҳзода, Манижа ва дигарон ғарбзадаанд, мағзшӯӣ шудаанд, либерализм фаҳшу ваҳшат аст ва Шумо бояд бо Ислом бошед, Исломро таблиғ кунед, он ҳам сирф мазҳаби сунниро ва монанди инҳо". Посухи Шумо чист?
Шаҳзода Назарзода: Тарс аз пешравӣ ё тағйир номҳои мухталиф дорад. Яке аз онҳо ҳамин истилоҳи ғарбзадагист. Эътиқоди динӣ интихоби шахсӣ аст ва ба касе марбут намешавад, ки барои дигарӣ таъини таклиф кунад. Ҳаққу ҳуқуқ хостанро бисёре аз тангназарон мухолифат бо дин медонанд, ки ин иштибоҳ аст. Агар дар Тоҷикистон ҷанг намешуд ва хонаводаи Манижа дар ватан мемонд, мумкин буд, ӯ аз ин ки ҳоло мебинем, муваффақтар мешуд. Ӯ дар кишвари дигар садҳо баробар заҳмат кашидааст, то муваффақ шавад ва аз роҳи душвор ба муваффақият расида аст. Ба ӯ аҳсант мегӯям ва орзуи пирӯзӣ дар озмуни аслӣ барояш орзу дорам. Мазҳаби суннӣ хониш ва қироатҳои мухталиф дорад. Аз Мисру Марокаш, то Туркияву Малайзия. Дар ин кишварҳо нависандаҳои зан ба дастовардҳои бештар аз мо тоҷикҳо расидаанд. Ба теъдоди занони нависанда дар Туркия нигоҳ кунед, шумор надоранд. Ҳамон гуна ки истифода аз ҳавопаймо ва худрав, хадамоти пизишкӣ ва доруву дармон барои ин бонуи мутаасиб оддӣ ва таббиист, таҳсили занон ва озодиҳои иҷтимоии онҳо низ бояд оддӣ бошад. Зане, ки таҳсил кардааст, бо зане, ки таҳсил накарда, фарқ дорад. Чи он аҳли суннат бошад, чи аҳли шиа. Бояд ҳамзистӣ бо сабкҳои мухталифи зиндагиро таҷриба кунанд, то бифаҳманд, ки ҳама яксон наметавонанд бошанд. Ҳатто агар ба дини яксон бошанд.
Радиои Озодӣ: Ба пиндошти Шумо, сабаби ин ҳама дағдағаҳо ва фиғону фарёди сӯзнок чист?
Он замон таҳаммули тугмаи мардонро надоштанд, ҳоло таҳаммули мӯйи кӯтоҳи зан ва зоҳир шудани занон дар ҷомеаро надоранд.
Шаҳзода Назарзода: Ба назари ман, тарс аст. Тарси беасос аз тағйир, аз надонистани чизе ки дар пеши рӯи ӯст. Тарси аз даст додани доштаҳо. Гоҳе ҳам худ ширин кардан аст дар баробари як зургӯи дигар. Дар таърих борҳо шоҳиди он будем, ки бисёре аз мазлумҳо ба мазлумҳои дигар ҳамла мекунанд, то худро дар назари золим сафед кунанд. Дар ғарб аввал мардум тағйир карданд ва пас давлати худро тағйир доданд. Онҳо ҳам бо мазҳабиёни худ ва калисо чунин таҷрибаҳоеро доштанд, ки мо ҳоло дорем. Аммо дар кишварҳои пасошӯравӣ, давлатҳо тағйир карданд, бидуни ин ки мардум омодаи он бошад. Исми ҷумҳуриҳо демократӣ аст, аммо ҷомеа ба шиддат суннатӣ. Дар баробари ҳар гуна тағйир муқовимате вуҷуд дорад, чун афрод якдаст ва баробар тағйир намекунанд. Улгусозӣ, ки пояи тағйир ва пешрафт аст, дар кишварҳои мо ба таври бояд сурат нагирифтааст. Афроде худҷӯш роҳи худро ба ҳар шева интихоб кардаанд. Равшанфикрҳои ҷомеаи мо бо давлати худ омехта нестанд ё камтар бо ҳамдигар ҳамкорӣ мекунанд. Ин фосиларо бояд пур кард, то мардум улгуҳои маҳаллии худро пайдо кунад. Мутаассифона, чеҳраҳои фарҳангӣ ва афроди улгу аз дастраси мардум дуранд. Аз ин ҷост, ки ба назаршон мерасад, ки ҳар пешрафт ё тағйир дастур ё дастоварди ғарб аст. Дар ҳоле, ки чунин нест.
Радиои Озодӣ: Вақте мухотабони Шумо, яъне ҳамон афроде, ки аз дидгоҳи Шумо бояд ба мавзӯи ҳуқуқу озодиҳои зан назарашонро тағйир диҳанд, баръакс, ба ифроту хушунат мегузаранд, шояд аз матраҳ кардани ин масоил даст мекашед?
Шаҳзода Назарзода: Ҳеч гоҳ. Ақибнишинӣ майдон додан ба тарафи муқобил аст. То ҳамин ҳоло ҳам дилам месӯзад ба он ҳама заноне, ки аз ними роҳи худ баргаштаанд, чун таҳдид шудаанд ё ҳарфҳои тунд шунидаанд. Ин чизҳо барои ман тозагӣ надорад. Қаблан ҳам як маъмури амниятӣ дар Самарқанд гуфта буд, ки медонем кадом мошин аз туст ва чи шумора дорад ва агар сокит нашудӣ, медонем чӣ кор кунем. Ин моҷаро дар солҳои шурӯи корам ба унвони рӯзноманигор буд. Аммо ин боис шуд, ки ман беш аз пеш фаъолтар шавам. Ин таҳдидҳо маъмулан худсарона ва гоҳе танҳо барои тарсондан аст ва агар тарсидед, пас, онҳо муваффақ шудаанд. Манзури ин таҳдидҳо хомӯш кардани садои занон аст, аммо натиҷаи баръакс хоҳад дод, ҳамон гуна ки дар Эрон ва Афғонистон иттифоқ афтод. Занонро дигар намешавад сокит нигаҳ дошт. Кофист, ба замони Садриддин Айнӣ ва шароити фаъолияти ҷадидҳо барои босавод кардани мардум нигоҳ кунем. Ин ҷараён ҳамчунон идома дорад. Айниро ба хотири пӯшидани пироҳани тугмадор 75 дарра зада буданд ва ба зиндон андохта буданд, чун фикр мекарданд, суннатшиканӣ кардааст. Он замон таҳаммули тугмаи мардонро надоштанд, ҳоло таҳаммули мӯйи кӯтоҳи зан ва зоҳир шудани занон дар ҷомеаро надоранд.
Радиои Озодӣ: Иқдоми Шумо чӣ мешавад? Яъне, дар ҳамин ҳолате, ки пеш омадааст, чӣ бояд кард ва барои худ чӣ хулосае кардаед, ки чӣ гуна мешавад дидгоҳҳои бисёр ифротиву хатарнокро дигар кард?
Шаҳзода Назарзода: Барои қадами аввал дар ин гуна маворид бояд ба мақомоти масъул гузориш дод ва пои қонунро ба миён кашид, ки ман ин корро кардаам ва дар оянда низ хоҳам кард. Қадами дувум устувор кардани гомҳои бардоштааст. Афроди ифротӣ ҳамеша буданду хоҳанд буд, бояд бо афроди ҳамдилу ҳамсӯ ва ҳамфикр роҳ рафт ва аслан набояд ақабнишинӣ кард. Занони Афғонистонро бибинед, ки бо он ҳама қатлҳои рӯзмарра гомҳояшон устувортар аз занони тоҷик шудааст. Муқовимат дар хуни ҳамаи инсонҳост, чи он ифротӣ бошад чи равшанфикр. Решаи тарбияти ифротиҳо тангдастии маънавӣ ва иқтисодӣ аст. Бояд сохтори омӯзишии мактабҳоро қавитар кард ва алайҳи бекорӣ мубориза бурд. Барои ин кор давлатҳои мо ниёзманди ҳузур ва ҳамкории наздиктари равшанфикрон ҳастанд. Дар баробари торикфикрҳо бояд равшанфикрҳоро гирдиҳам овард ва аз нерӯи онҳо барои тарбияти омма ва мудирияти тағйирот истифода кард. Дар кишварҳои Осиёи Миёна қонуни асосӣ аз лиҳози ҳаққи баробари зану мард ва кӯдак ва озодии баён мутобиқи талабони замон аст ва ин заминаи хубест барои ҳамкории равшанфикрон ва давлатҳо, то ин қавонин эъмол шаванд ва аз рӯи коғаз ба воқеияти иҷтимоӣ табдил шаванд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Маърифат Давлатова мегӯяд, ба ҷонаш таҳдид карданд. ВИДЕОШаҳзода: Чаро мардҳо аз занони ситамкаш дифоъ намекунанд?Меҳдии Ҷомӣ: "Мо бояд истеъдодҳоро ҷазб кунем, на инки дафъ намоем"“Замоне ки Шӯравӣ фурӯ пошид, тоҷикони Самарқанд чӣ ҳол доштанд?”