Марги 4 нафар дар суқути ҳавопаймои низомӣ дар Қазоқистон. ВИДЕО

Маҳалли ҳодиса

Бар асари суқути ҳавопаймои низомӣ дар Қазоқистон 4 кас ба ҳалокат расида, ду нафари дигар дар бемористон бистарӣ карда шудаанд. Яке аз онҳо 34-сола ва дигаре 25-сола аст, аммо вазъи саломаташон вазнин гуфта мешавад.

Ҳодиса пас аз зуҳри 13-уми март дар наздикии фурудгоҳи шаҳри Алмато ба вуқуъ пайваст. Ҳавопаймои Ан-26, ки ба идораи марзбонии Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон марбут аст, аз шаҳри Нурсултон ба Алмато парвоз мекард.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар Қазоқистон бар асари суқути ҳавопаймои низомӣ 4 кас ба ҳалокат расид

Мақомоти фурудгоҳ гуфтанд, ҳавопаймо соати 17:20 ба вақти маҳаллӣ аз хат “гум шуд” ва маъмурони наҷот зуд ба ҷойи ҳодиса шитофтанд. Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон, ба наздикони ҷонбохтагон дар ин ҳодиса ибрози ҳамдардӣ кардааст.

Дар даҳ соли охир дар Қазоқистон чандин садамаи маргбори ҳавопаймоҳо рух додааст. Моҳи декабри соли 2019 начандон дуртар аз фурудгоҳи Алмато ҳавопаймои Fokker 100 суқут кард, ки бар асари он 12 ҷони худро аз даст доданд. Аз он пеш, моҳи марти соли 2019, дар садамаи ҳавопаймои Ми-8 дар вилояти Қизилорда 13 нафар ба ҳалокат расиданд.