Тоҷикистон "IT-парк" сохтанист. Бо нархи гарону суръати сусти Интернет? ВИДЕО

Дар Тоҷикистон ният доранд, IT-парк ташкил кунанд. Ҳамоиш

Дар ҳоле ки суръати Интернет дар Тоҷикистон суст ва нархаш гарон аст, мақомот ҳадаф доранд, IT-паркҳо таъсис диҳанд. Коршиносон мегӯянд, бунёди пойгоҳҳои фанновариҳои нав имконпазир ҳаст, вале агар ҳукумат дар масъалаи Интернету молиёт (андоз) гузашт кунад. Мақомот мегӯянд, ҳоло таҷрибаи кишварҳои дигарро меомӯзанд.

IT-парк

Пойгоҳи ҳудудиву илмӣ ва заминаи фаннӣ барои иҷрои тарҳҳои инноватсионӣ аст. Дар ин пойгоҳҳо пажӯҳишгоҳҳои илмиву донишкадаҳо ва муассисаҳои саноативу намоишгоҳҳо сарҷамъ карда мешаванд. Ин пойгоҳҳо аз сӯи коршиносон идора шуда, ҳамгироии тоҷирон ва муассисаҳои илмиро таъмин мекунанд.

Барои омӯзиши таҷрибаи кишварҳое, ки дар онҳо паркҳои технологӣ рушд кардааст, рӯзи 10-уми март бо ибтикори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва ширкати StrategEast, дар Душанбе нишасти онлайн баргузор шуд. Масъулони вазорату идораҳои Тоҷикистон бо таҷрибаи кишварҳое ба монанди Беларус, Гурҷистон, Молдова ва Украина ошно шуданд.

Автандил Касрадзе, раиси Оҷонси инноватсионӣ ва технологияи Гурҷистон, гуфт, қабл аз таъсиси чунин пойгоҳҳои технологӣ бояд заминаҳои ҳуқуқиву молиявӣ фароҳам карда шавад. Вай афзуд, пойгоҳҳои технологӣ бояд дар маҳалҳое таъсис дода шаванд, ки донишгоҳҳои зиёде онҷо вуҷуд доранд ва ҷавонон машғули илмомӯзӣ ҳастанд.

Ба иттилои Автандил Касрадзе, дар Гурҷистон барои рушди пойгоҳҳои технологӣ пардохти молиёт ё андоз ба ин бахш аз 20 дарсад то 5 дарсад кам карда шуд. Ин амр боис гардидааст, ки ширкатҳои технологии хориҷӣ ба ин пойгоҳҳои Гурҷистон таваҷҷуҳ ва сармоягузорӣ кунанд ва барномаҳои сохтаи онҳоро Сандуқи Байналмилалии Пул ва як силсилаи фурӯшгоҳҳои бузурги Амрико бихаранд.

Фарҳод Билолзода, муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, мегӯяд, ин таҷрибаи Гурҷистонро барои таъсис ва рушди пойгоҳҳои технологӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод

“Айни замон баррасии тарҳи нави Кодекси андоз аз ҷониби мақомоту идораҳои кишвар идома дорад. Фикр мекунам, аллакай дар Тоҷикистон замина барои дастгирӣ ва рушди соҳаи технологияҳои инноватсионӣ ё навоварона вуҷуд дорад. Бино бар ин, чи бахши давлатӣ ва чи бахши хусусӣ барои рушди соҳаи технологияҳои инноватсионӣ ҳавасманд ҳастанд”, -- афзуд ӯ.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Оё бо интернети заиф бунёди паркҳои технологӣ имкон дорад?

Тибқи иттилои дастрас, феълан дар Тоҷикистон дар истифодаи технологияҳои инноватсионӣ, барномасозӣ ва дарёфти даромад аз истифодаи онҳо бонки «Алиф» пешсаф будааст.

Ба гуфтаи Нуриддин Лафизов, мудири иҷроияи бонки «Алиф», ин муассисаи молӣ Академияи омӯзиши технологияҳои инноватсиониро таъсис додааст ва то кунун садҳо кас онро хатм карда, теъдоде дар худи бонк ва бархеи дигар дар муассисаҳои дигари молӣ кор мекунанд:

«Барномаҳое, ки хориҷианд, миллионҳо доллар арзиш доранд. Агар ҳамон имтиёзро ба барномасозони Тоҷикистон медодем, дар дохили кишвар барнома омода карда, ба ташкилоти қарзии худамон пешниҳод карда метавонистанд», -- афзуд ӯ.

Рустам Гулов, коршиноси тоҷик, ба ин назар аст, ки таъсиси пойгоҳҳои технологияҳои рақамӣ дар кишвар бидуни фароҳам кардани шароити фанниву молиётӣ фоидаовар нахоҳад буд. Зеро, ба гуфтаи вай, молиёти баланд ва суръати сусти Интернет ҳама талошҳоро ба сифр баробар мекунад:

Рустам Гулов

“Дар Тоҷикистон аз чанд сол қабл минтақаҳои озоди иқтисодӣ таъсис доданд, ки яке аз ҳадафҳояш рушди фанновариҳои рақамӣ буд. Аммо дар қонунгузорӣ барои расидан ба ин ҳадаф ҳеч тағйироте ворид накарданд. Ба ин далел, то ҳол Тоҷикистон дар ин замина дастоварде надорад. Бидуни тағйири қонунгузорӣ ва додани имтиёзҳои фанниву молӣ ин пойгоҳҳо муваффақ нахоҳанд шуд”.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи коршиносони дохилӣ ва хориҷӣ, дар заминаи бунёди пойгоҳ ё паркҳои технологӣ таъмини суръати баланди Интернет ва ҳузури ширкатҳои фароҳамсози Интернет хеле муҳим ва ҳалкунанда аст. Аммо, ҳоло суръати Интернет дар Тоҷикистон пасттарин дар минтақа дониста мешавад.

Намояндагони Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон низ инро эътироф мекунанд ва мегӯянд, масъалаи суръат ва сифати Интернетро бо мақомоти масъул дар миён хоҳанд гузошт. Ин дар ҳолест, ки солҳо ба ин сӯ Тоҷикистон дар фикри роҳандозии ҳукумати электронист, аммо ба сабаби мушкили Интернет ва бетаваҷҷуҳӣ ба фанновариҳои нав ин тарҳ ақиб афтодааст.