Як муҳоҷири тоҷикро барои убури марз ва дигареро бо талаби Қирғизистон боздошт намудаанд
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Додгоҳи шаҳри Исилкули вилояти Омски Русия ба баррасии парвандаи як шаҳрванди Тоҷикистонро шурӯъ кардаст, ки ҳамроҳ бо як нафар қазоқ тавассути қатори боркашон ба қаламрави Русия ворид шудаанд. Тафтишот дуи онҳоро ба убури ғайриқонунии сарҳад дар таърихи 22-уми декабр айбдор мекунад.