Як ҷавони тоҷик мегӯяд, аз боми бинои 19-ошёнае дар Душанбе, ки сохтмонаш идома дорад, ба рӯйи пойҳояш оҳанпора афтод ва ӯро аз чаҳор ангушту тавони роҳ гаштан маҳрум кард. Ба қавли Сиёвуш Акобиршоеви 25-сола, ҳодиса моҳе пеш дар кӯчаи Бухорои пойтахт рух дод.
Биноеро, ки оҳанпора аз онҷо афтодааст, ширкати “Ёқут-2000” месозад, вале намояндагонаш ҳозир нашуданд, дар ин бора суҳбат кунанд. Сиёвуш Акобиршоев шикоят дорад, ки раҳбарияти ширкат ҷуброни зарар напардохтаанд. Падараш барои додхоҳӣ ба Додситонии ноҳияи Шоҳмансур муроҷиат кардааст.
Чӣ иттифоқ афтод?
Сиёвуш Акобиршоев мегӯяд, "рӯзи 9-уми феврал ба дӯкони нон мерафтам, ки аз боми бино оҳанпора афтод. Поямро дидам, ки пояфзолам нест ва ба хун оғушта аст. Устухонҳои поямро дидам, ки намоён буданд. Оҳанпора 30-40 кило будааст."
Пизишкон гуфтанд, вақте ӯро ба бемористон оварданд, ҳайрон монданд, чун ангуштони пояш ба андозае маҷақ шуда буданд, ки дигар имкони наҷоти онҳо набуд. Сиёвуш як бор ҷарроҳии вазнинро паси сар кард, вале ҳамоно бистарист.
Пайвандони Сиёвуш мегӯянд, ҳарчанд ҳодиса дар назди бинои “Ёқут-2000” рух додааст, намояндагонаш натанҳо ҷуброн напардохтанд, балки ба аёдат наомаданд.
“Агар фарзанди Шумо мебуд, чӣ мекардед?”
Таҷаммулшоҳ Акобиршоев, падари Сиёвуш, рӯзи 9-уми март гуфт, “фақат як нафарро мефиристанд, ки ӯ дору меорад. Аз роҳбарияти ширкат то ҳол касе наомад ва напурсид. Ба раиси ширкат як суол доштам, ки ояндаи ин бачаро чӣ хел фикр мекунед? Агар фарзанди Шумо мебуд, барои ояндааш чӣ кор мекардед?”
Намояндагони ширкати “Ёқут-2000” барои шарҳи мавзуъ розӣ нашуданд. Яке аз масъулони сохтмон дар суҳбати кӯтоҳ бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки ҷабрдидаро бо маводи зарурии тиббӣ таъмин мекунанд.
Раис гуфт, хабар надорад
Раиси ширкат, Абдуҳалим Қодирзода, рӯзи 10-уми феврал дар суҳбати ҳузурӣ гуфт, аз ҳодиса хабар надорад ва таҳқиқ мекунад, ки чӣ шудааст. Дар мавриди пардохти ҷуброни зарар ваъда дод, ки ҳуқуқшиносон бо мо тамос мегиранд ва хулосаи худро мегӯянд. То замони нашри матлаб касе тамос нагирифт.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Бино ба санадҳои расмӣ, ширкатро соли 2000-ум дар идораи андоз ё молиёт сабт кардаанд ва самти фаъолияташ "истеҳсол ва хариду фурӯши молҳои ниёзи мардум" аст. Ширкат дар оғоз ба таҳияи либосҳо машғул буд, ҳоло чандин тарҳи сохтмониро дар Душанбе ба уҳда дорад.
Сиёвуш Акобиршоев сокини ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русияро хатм кардааст. Ӯ мегӯяд, дар пойтахт дар пайи ҷустуҷӯи кор буд, вале ҳоло орзу дорад, ки дубора ба пойи худ рост истад ва адолат нисбат ба ӯ таъмин гардад.
Вакили мудофеъ: Вақте дер даъво мекунед...
Нигарониҳо аз ноадолатӣ дар пардохти ҷуброн ба шахсоне, ки ҳангоми корҳои сохтмонӣ зарар дидаанд, дар гузашта низ борҳо садо додааст. Вакили мудофеъ, Абдураҳмон Шарипов, ба шахсоне ба мисли Сиёвуш Акобиршоев гуфт, “ба воситаи хешовандон ё намояндаи ваколатдор ба Додситонӣ муроҷиат кунанд. Агар ҳолати ҷиноят нест, прокуратура тавсия медиҳад, ки тавассути суд ҷуброни зарарро талаб кунанд”.
Ӯ, ки дар ин замина таҷриба дорад, афзуд: “Сокинон бояд сари вақт ба мақомот шикоят кунанд. Ҳар чӣ қадаре ҷабрдида дер даъво кард, ҳамон қадар боварбахшӣ коста мешавад. Бояд ташхиси тиббиву додгоҳӣ анҷом диҳанд, то ҳангоми баҳсҳо бо мушкил дучор нашаванд”.
Дар ҳамин ҳол, Фарҳод Холназарзода, як намояндаи Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, аз қазияи Сиёвуш хабар доранд. Вай гуфт, масъулони Додситонии ноҳияи Шоҳмансур аз онҳо хостаанд, ба ҷойи ҳодиса рафта, масъаларо аз наздик омӯзанд.
Солҳои охир дар Душанбе сохтмони биноҳо босуръат идома дорад. Мақомот ҳамвора аз дигар шудани симои шаҳр суҳбат мекунанд, вале сокинон пайваста аз риоя нашудани чораҳои бехатарӣ дар маҳалли сохтмонҳо мегӯянд.
Дар як сол: 8 нафар ҷон бохта, 33 кас захмӣ шуд
Дар гузашта ин гуна ҳодисаҳо борҳо расонаӣ шудааст. Яке аз чунин мавридҳо, ки дар сархатти расонаҳо қарор дошт, дар соли 2019 сарозер шудани 8 бинокор аз гунбази Масҷиди бузурги Душанбе буд.
Дар Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ низ гуфтанд, танҳо соли гузашта 31 ҳодисаи нохушро дар маҳалли сохтмонҳо сабт карданд. Дар ин ҳодиса 8 нафар ҷон бохта, 33 кас маҷруҳ шудаанд.
Санъат Раҳим, сардори ин ниҳод, моҳи феврали имсол дар як нишасти матбуотӣ гуфт, соли 2020 барои риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ шахсони масъулро беш аз 848 ҳазор ҷарима бастаанд. Ӯ ҳодисаҳои нохушро бештар ба бемасъулиятии муҳандисон ва бепарвоии сокинон рабт дод. Аммо наздикони ҷабрдидаҳо ба ин назаранд, ки аслан бетаваҷҷӯҳии роҳбарони ширкатҳои сохтмонӣ ва чашмпӯшии мақомот ба камбудҳо боис ба сар задани чунин ҳодисаҳо шудааст.