Талоши соҳибкорони тоҷик барои харидани молу коло бевосита аз истеҳсолкунандагони Қирғизистон боис ба норозигии соҳибкорони қирғиз шуда, ба баҳсу ҷанҷол кашондааст.
Соҳибкорони тоҷик, ки пештар молу колои истеҳсоли ширкатҳои Қирғизистонро аз дасти дуввум ё тоҷирони бозори “Дордой” харида, ба хориҷ содирот мекарданд, акнун бевосита бо корхонаҳои дӯзандагии ин кишвар ҳамкорӣ доранд.
Ин ҳол боис ба хашму нороҳатии тоҷирони миёнрави қирғиз шудааст. Онҳо даъво доранд, ки амали соҳибкорони тоҷик ба бозори либоси истеҳсоли Қирғизистон халал мерасонад. Тоҷирони тоҷик аз ҳамлаву таҳдидҳо ба ҷони худ ба пулис шикоят бурдаанд.
Гирдиҳамоии моликони ширкатҳо
Cоҳибони ширкатҳои дӯзандагӣ барои ҷалби таваҷҷӯҳи мақомот ба мушкили худ дар Бишкек гирдиҳамоӣ карданд.
Нургул Саригулова, соҳиби яке аз корхонаҳои дӯзандагӣ, мегӯяд: "Дар ин ҷо соҳибони тақрибан 80 ширкати дӯзандагӣ ҷамъ омадаанд. Дар корхонаи худи ман 70 дӯзанда кор мекунад. Онҳо занони хонашинанд ва ман ба хонаҳои онҳо, ба Қочкору Исиқ-кӯл ва минтақаҳои дигар матоъ мефиристам. Дар ҳар корхонаи либосдӯзӣ то 50-60 зан кор мекунад, аммо як ҳафтаи ахир бекор мондаем.”
Нургул ва тоҷирони дигар аз он шикоят доранд, ки савдогарони маҳаллии бузургтарин бозори молу колои Қирғизистон – “Дордой” ба кори онҳо монеъ шудаанд. Ба гуфтаи онҳо, фармоишгарони асосии молашон тоҷирони тоҷик буданд, ки тавассути тоҷирони миёнрав аз “Дордой” либосҳои таҳиякардаи онҳоро харида, ба бозорҳои Маскав содирот мекарданд.
Аммо чанд сол пеш соҳибкорони тоҷик ҳамкориро бевосита ба коргоҳҳои дӯзандагӣ сар кардаанд ва акнун онҳо аз дасти аввал бидуни миёнравҳои бозор молу коло фармоиш медиҳанд.
"Гуфтанд, коргоҳатонро оташ мезанем"
Фарида Ирискелдиева, муассиси як ширкати либосдӯзӣ дар Бишкек, мегӯяд: "Масалан, тоҷирони маҳаллӣ аз "Дордой" наметавонанд моро бо кори ҳамешагӣ таъмин кунанд. Супоришҳои онҳо мавсимиянд. Мо ду-се ҳафта бекор мемонем. Чӣ тавр бояд рӯз гузаронем? Вале агар мустақим бо соҳибкорон аз Маскав кор кунем, бекор намемонем. Ҳамеша супориш дорем.”
Ирискелдиева афзуд, миёнаравҳои “Дордой” онҳоро таҳдид ва фармоишгарон ё ҳамкорони хориҷиашонро латукӯб мекунанд.
“Ду нафар дар ҳамин ҷо маро таҳдид кард. Ба ман гуфтанд, Шумо бо тоҷикон кор мекунед ва мо ҳоло мефаҳмем, ки дар куҷо кор мекунед ва коргоҳатонро оташ мезанем. Ман аз тарс ба кор нарафтам, ба дигар тараф рафтам, чунки метарсам. Ман ба корхона занг зада, гуфтам, ки дарро бубанданд”, -- илова кард ӯ.
Наворро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Фармоишгарони тоҷик ба назди ҷамъомадагон дар назди бозори нассоҷӣ наомаданд. Онҳо дар қаҳвахонае дар рӯ ба рӯйи бозор буданд. Баъдан, вақте ширкатдорони маҷлис онҳоро ба назди худ даъват карданд, пулис тоҷиконро ба шуъба бурда чанд соат нигоҳ дошт.
Намояндаи Тоҷикистон чӣ гуфт?
Намояндагони сафорати Тоҷикистон ҳам ба ин ҷо ҳозир шуданд, вале ба онҳо шарҳ дода нашуд, ки дар кадом асос тоҷиронро ба шуъба бурда, то бегоҳ нигоҳ доштаанд.
Пурсишу посухи хабарнигор бо намояндаи расмии Тоҷикистон дар Бишкек чунин буд:
“Шумо ба он ҷо даромадед, ҳамватанонатонро дидед?
- Бале, ҳама хуб аст.
- Онҳоро боздошт карданд?
- Не боздошт накарданд, фақат даъват намуданд.
- Чаро?
- Намедонам. Барои таҳқиқ ҳамчун шоҳид онҳоро бозпурсӣ доранд.”
Пас аз чанд соат тоҷирони тоҷикро озод карданд. Дар Раёсати корҳои дохилии Бишкек ба хабарнигорон гуфтанд, беш аз даҳ шаҳрванди Тоҷикистон ба онҳо муроҷиат карда, хостаанд, нисбат ба савдогарони бозори “Дордой”, ки онҳоро таҳдиду таҳқир ва ба тиҷораташон монеагузорӣ мекунанд, чораандешӣ кунанд. Ҳоло мақомот ин ҳодисаро таҳқиқ доранд.
"Таҳдид карданд, ки дигар дар инҷо набинем"
Ҳусейн Наҷмиддинов яке аз ин соҳибкорони тоҷик аст, ки як моҳи пеш ба Бишкек рафтааст. Ӯ чанд нуқтаи фурӯшро дар Маскав бо либосҳои истеҳсоли Қирғизистон таъмин мекунад.
"Дар назди фурӯшгоҳи "Мадина", вақте мехостам харид кунам, ду шахси номаълум аз пуштам омада, маро заданд. Гуфтанд, биё, ба як тараф равем ва таъкид карданд, ки – мо туро дигар бояд дар ин ҷо набинем", -- афзуд ӯ.
Маъмурияти бозори "Дордой" аз таҳдид шудани тоҷирони тоҷик изҳори бехабарӣ мекунад, аммо мегӯяд, ин амали соҳибкорони хориҷӣ, дар воқеъ, ба саноати дӯзандагии Қирғизистон зарар мерасонад.
Асал Отабекова, намояндаи Иттифоқи касабаи бозори “Дордой” гуфт, "фармоишгарони тоҷик, ки қаблан муштариёни тоҷирони мо буданд ва ҳоло маҳсулоти моро бо нишонии “Мейд ин Кирғизистон" ва ба таври қочоқ ба берун мебаранд, аслан андоз намесупоранд. Ба ин соҳа зарба мезананд. Нарх ва сифатро поин мебаранд."
Дар бозори калонтарини яклӯхтфурушии Бишкек мегӯянд, гап бар сари қавму миллат нест, балки мушкил сари вайрон кардани қоидаҳои тиҷорат аст. Зеро, ба гуфтаи соҳибкорони маҳаллӣ, ин навъи содироти молу маҳсулот ба бахши либосдӯзӣ дар Қирғизистон хатари ҷиддӣ аст.
Асал Отабекова мегӯяд: "Мо аз он метарсем, ки ин баҳс ба як муноқишаи миллӣ табдил наёбад. Муҳим нест, ки қирғиз аст ё русу тоҷик, ин ҷо ҳатто уйғурҳои Чин ҳам кор мекунанд. Бозор барои ҳама як аст. Мо ҷонибдори кори мусолиҳатомез ҳастем.”
Намояндагони бозори "Дордой", ки дар он намояндагони беш аз 50 қавму миллат кор мекунанд, дар як ҳамоиш мушкилу хатарҳои соҳаи нассоҷӣ ва либосдӯзиро дар Қирғизистон баррасӣ кардан мехоҳанд.