Дар Тоҷикистон аз мардум мепурсанд, ки мехоҳанд, ваксина бигиранд, ё не? ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар Тоҷикистон мардум мегӯянд, ваксина ба зидди СОVID-19 бошад мегиранд, мухолиф ҳам нестанд.

Дар шабу рӯзе, ки Тоҷикистон мунтазири вуруди аввалин бастаҳои ваксина аст, мақомот аз сокинон пурсидаанд, ки оё хоҳони эм аз COVID-19 ҳастанд ё на. Бо гузашти се моҳ аз тасдиқи аввалин ваксинаи зидди COVID-19 дар ҷаҳон, ҳанӯз ҳам дар Тоҷикистон эмкунӣ оғоз нашудааст.

Бархе коршиносон Вазорати тандурустиро ба талаф додани вақт ва кашолкорӣ гунаҳкор карданд, аммо масъулони ин ниҳод чунин чизеро рад кардаанд. Чанд сокини Душанбе дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳафтаи гузашта пизишкони оилавӣ аз онҳо пурсиданд, ки оё мехоҳанд худ, ё оилаашон ваксинаи зидди COVID-19 гиранд.

Диловар Алиев, як сокини пойтахт мегӯяд, "дар маркази саломатӣ гуфтанд, ваксина аз ҳисоби давлат аст ва бепул гузаронда мешаванд. Духтурон пурсиданд, ки агар розӣ ҳастем, номи аҳли оиламонро дар рӯйхат менависанд ва вақти омадани ваксина моро хабар медиҳанд".

Намояндагони Вазорати тандурустӣ мегӯянд, ҳадаф аз гузарондани пурсиш дар миёни аҳолӣ он буд, ки муайян шавад, сокинон то куҷо ба эми зидди COVID-19 омодаанд. Наврӯз Ҷаъфаров, сардори раёсати амнияти санитариву эпидемиологии вазорати тандурустӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, суоли асосии ин буд, ки оё розӣ ҳастанд, ки ваксина истифода кунанд.

"Мунтазири тасдиқи ваксинаи русӣ ҳастем"

Бархе сокинони дигари Душанбе гуфтанд, пизишкони оилавӣ ба онҳо гуфтаанд, ба қарибӣ кишвар ваксинаи русии "Sputnik V"-ро дарёфт мекунанд. Аммо масъулони Вазорати тандурустӣ мегӯянд, аз сокинон дар бораи ваксинаи русӣ напурсидаанд, чун кишвар ҳоло мунтазири тасдиқ шудани ин ваксина аз сӯи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт аст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Сокинони Тоҷикистон дар бораи гузаронидани ваксинаи зидди Ковид-19 чӣ назар доранд?

Ба гуфтаи Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитариву эпидемиологии вазорати тандурустӣ, Тоҷикистон танҳо аз ваксинае истифода мекунад, ки Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт бехатарии онро тасдиқ карда бошад.

"Лекин то ҳол ин ваксина ("Sputnik V") аз ҷониби Созмони ҷаҳонии тандурустӣ тасдиқ нашудааст. Ҳозир ваксинаи AstraZeneca тасдиқашро гирифтем ва онро интизорам. Вақте ваксинаи Русия низ тасдиқ шуд, сарчашмаи маблағгузорӣ пайдо мекунем ва аз он ҳам мехарем. Ба шарте, ки ҷониби Русия ҷиҳати ба қайди давлатӣ гирифтани ваксинаи худ дар Тоҷикистон ягон чораандешӣ кунад. Бояд расман муроҷиат кунанд",- афзуд Наврӯз Ҷаъфаров.

"Ваксина гирифтан барои мо чӣ даркор?"

Сарфи назар аз эм шудани ҳазорҳо нафар дар кишварҳои ҷаҳон зоҳиран дар Тоҷикистон мардум ба ин мавзуъ диққати ҷиддӣ намедиҳанд.

Файзалӣ Давлатов, сокини Душанбе 70-сола аст ва дар баробари COVID-19 ба гуруҳи риск дохил мешавад. Аз рӯи муқаррарот Давлатов ва афроди ҳамсоли вай бояд аз коронавирус эм карда шаванд. Вале Файзалӣ Давлатов мегӯяд, дар бораи ваксина маълумот надорад ва барои ҳамин ҳеч зарурате барои эм шуданро намебинад.

"Чӣ гуна ваксина мегирем, барои чӣ? Мо сиҳат саломатем, аз назорати духтурон гузаштагӣ ҳастем. Намоз меравем, моро месанҷанд, дастонамонро бо маҳлул мешӯянд, ниқоб ҳам дорем",-гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ба монанди Файзалӣ Давлатов чанд ҳамсуҳбати дигари мо ҳам дар кӯчаҳои Душанбе гуфтанд, дар бораи ваксинаи зидди COVID-19 маълумоти зиёд надоранд.

Чаро то ҳол ваксина нахаридаанд?

Қаблан Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт хабар дод, ки ба Тоҷикистон, ҳамчун узви барномаи COVAX, дар навбати аввал беш аз 730 ҳазор ваксина фиристода мешавад. Ин ваксинаҳо ройгон хоҳанд буд ва бояд рӯзҳои наздик ба кишвар расанд.

Ҷамъан Тоҷикистон аз Созмони Ҷаҳони Тандурустӣ 20 дарсад ваксинаи заруриро ройгон хоҳад гирифт. Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ рӯзи 12-уми феврал дар дар як нишасти матбуотӣ гуфт, боқимондаи ваксинаро бояд Тоҷикистон бихарад.

Ахиран Бонки Ҷаҳонӣ барои хариди ваксинаҳои зидди COVID-19 барои Тоҷикистон 8,63 миллион доллар кумак ҷудо кард. Вазорати тандурустии Тоҷикистон чанд маротиба изҳорот додааст, ки ду моҳи ахир дар кишвар сироят ба коронавируси нав сабт нашудааст. Тақрибан ҳамаи маҳдудиятҳо барои пешгирӣ аз COVID-19 дар Тоҷикистон бекор карда шудаанд. Аммо бархе мутахассисон изҳороти Вазорати тандурустиро зери шубҳа мегузоранд.

Мақомот мегӯянд, коронавируси нав дар Тоҷикистон то кунун ба бештар аз 13 ҳазор нафар сироят карда, боис ба марги 90 нафар шудааст. Аммо коршиносони мустақил ба омори Вазорати тандурустӣ бо шубҳа менигаранд ва мегӯянд, миқёси сирояти коронавирус ва талафот аз он ба маротиб бештар аст.