Ҳунарпешаи ҷавон мегӯяд, аз тамаъҷӯиву ришваситонӣ хабар дод, аз кор ронда шуд

Шаҳбоз Саидов, ҳунарманди ҷавон.

Як ҳунарпешаи ҷавон мегӯяд, ҳамкорияш бо мақомоти Оҷонсии мубориза бо коррупсия дар робита ба боздошти афроде, ки аз ӯ пора талаб кардаанд, ба ронда шуданаш аз ҷойи кор анҷомид.

Шаҳбоз Саидови 26-сола бештар аз як сол дар Театри ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов кор кардааст. Вай тақрибан панҷ моҳ пеш ба Оҷонсии коррупсия хабар додааст, ки дар Донишкадаи санъат барои дохил шудан ба бахши магистратура аз ӯ пул талаб доранд. Ин ҳунарманд рӯзи 22-юми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, пас ас аз боздошти ду корманди донишкада бар асоси хабари ӯ, дар ҷои кораш ба мушкилиҳои зиёде гирифтор шуд.

Роҳбарони театр мегӯянд, сабаби барканории ин ҳунарманди ҷавон хабаррасонии ӯ ба мақомоти Оҷонсии коррупсия набуда, балки муҳлати шартномаи корияш тамом шудааст. Суҳроб Мирзоев, директори театр ба Радиои Озодӣ гуфт, ба Шаҳбоз шартномаи 6-моҳа пешниҳод намуд, то корашро идома диҳад, вале Шаҳбоз рад кардааст. Ба гуфтаи Мирзоев, ҳунарманди ҷавон пофишорӣ дорад, ки шартнома яксола шавад.

Шаҳбоз гуфт, дар аввал бастани шартномаи яксоларо талаб мекард, чун талошҳояш натиҷа надод, дар ниҳоят ба шартномаи 6-моҳа розӣ шуд, вале ин амал аз сӯи раҳбарияти театр сурат нагирифт. Вай гуфт, масъулони театр дар ҳар фурсат масъалаи хабар расонидан ба Оҷонсии коррупсияро таъкид мекунанду аз ӯ "буз" ва "хабаркаш" ном мебурданд.

"БУЗ" ВА "ХАБАРКАШ"

"Мехостам магистри Донишкадаи санъат шавам, солҳои 2018-2019 талош кардам натиҷа надод. Сентябри соли гузашта як шиносам гуфт 2500 сомонӣ диҳӣ, дохилат мекунанд, пул надоштам, азбаски ин донишкадаро бо дипломи сурх хатм кардаам, бовар доштам, дохил мешавам, лекин пул талаб карданд, қаҳрам карду ба Агентии коррупсия тамос гирифтам, маро ба он ҷо даъват карданд, гуфтанд, мо пулро ба ту медиҳем, пулро бурда, медиҳӣ ва вақти пулро гирифтан сабти овозӣ мекунӣ. Гуфтанд, пулро ба одами асосӣ медиҳӣ. Вақте пулро бо шиносам бурдам, гуфтам, то ҳамон одами дохилмекардагӣ наояд, пулро намедиҳам, котибаи як кафедраи донишкада омада, гуфт, ки пулро ман мегирам",- нақл кард Шаҳбоз Саидов.

Вай таъкид намуд, ки бар асоси хабари ӯ котибаи як кафедра ҳамроҳ бо табиби донишкада боздошт шудаанд.

Театри давлатии ҷавонон.

Миралӣ Анварзод, намояндаи Агентии коррупсия дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, баъди пешниҳоди ариза аз сӯи Шаҳбоз ду корманди донишкадаро дастгир намудаанд, вале додани пул ба ҳунарманд ва талаби сабти садои афродеро, ки нияти пул гирифтан доштаанд, рад кард.

Шаҳбоз афзуд, дар театр масъалаи ба мақомот хабар расонидан аз сӯи шиносаш, ки ҳамроҳ пулдиҳӣ рафта буданд, паҳн шуд ва баъдӣ ин муносибати раҳбари театр нисбаташ сард шуда, аз ширкат дар баъзе намоишномаҳо низ маҳрум гардид.

Ба гуфтаи Шаҳбоз, ҳарчанд баъзе ҳамкоронаш аз хабар расониданаш ба мақомот ситоиш карданд, вале дар сатҳи роҳбарият баъзе масъулон ӯро "буз" ва "хабаркаш" мегуфтаанд.

"Охирҳои соли 2019 марҳилаи омӯзиширо гузаштам ва расман корманди театр шудам, ҳамин масъалаи хабар расонидан боис шуд, дар аввали соли равон муҳлати шартномаи кориямро дигарбора тамдид накарданд. Моҳи январ дар яке аз маҷлисҳои театр маро таҳқир карданд. Сӯҳроб Ҷанҷолов, муовини директори театр дар маҷлис маро таҳқир намуда, "буз", "хабаркаш" гуфт. Инро танҳо аз забони ӯ не, аз дигарон низ борҳо ошкоро шунидам..."

Суҳроб Ҷанҷолов, муовини директори театр иддаои Шаҳбозро дар мавриди таҳқир карданаш беасос номида гуфт, "дар маҷлис чизе гуфт, ман ба ҳамон гапаш ҷавоб додам, маҷлис маҷлис аст, ҷанг мекунӣ, даъво мекунӣ, лекин ман ин хел гапҳоро нагуфтам". Дар ҳамин ҳол баъзе аз ҳамсӯҳбатони мо, ки дар он маҷлис ширкат доштаанд, гуфтанд, ҳарфҳои Шаҳбоз дар мавриди таҳқир шуданаш аз сӯи мувоини директор ва чанди дигар асос дорад.

"Дар маҷлис худам шунидам, ки Шаҳбозро "буз" ва "хабаркаш" гуфта, таҳқир карданд, ин гапро ғайр аз Ҷанҷолов чанд нафари дигар низ гуфтанд, ӯро барои ба мақомот хабар расонидан ҳар чӣ мегуфтанд, мо ҳама шунидем инро, лозим бошад сабт низ дорем" -- гуфт яке аз ҳамсӯҳбатони мо, ки нахост номаш зикр шавад.

РОНДА ШУДАН АЗ "ФАРЁДИ ИШҚ"

Шаҳбоз мегӯяд, моҳи январ вақте бо ҳамкорон барои намоишномаи “Фарёди ишқ” тамрин мекард, раҳбари театр якбора ӯро аз ширкат дар тамрин маҳрум намуда, аз театр пеш кардааст. Вай афзуд, чун Оҷонси коррупсияро аз талаби пора огоҳ намудааст, дар театр дар ташвишанд, ки рӯзе дар бораи онҳо низ ба ин ниҳод хабар мерасонад, барои ҳамин ба қавли ин ҷавон масъулон намехоҳанд, ӯ корашро идома диҳад.

Аммо Сӯҳроб Мирзоев, директори Театри ҷавонон иддаоҳо дар мавриди таҳқири Шаҳбозро беасос хонда, афзуд, ки барои он ҳангоми тамрин Шаҳбозро аз кор ҷавоб додааст, ки ӯ аз имзои шартномаи 6-моҳаи корӣ худдорӣ кардааст. Ҳамсӯҳбати мо таъкид намуд, ки ба идомаи кори Шаҳбоз мухолифате накардаанд: "Тамоми кормандон шартномаи се, шаш ва яксола доранд. Тибқи Кодекси меҳнат низ ин дуруст аст, 6-моҳа шартнома бандем, мебинем, ягон эрод нашавад, боз давом медиҳем".

Ин дар ҳолест, ки Шаҳбоз мегӯяд, рӯзи 23-юми феврал ба театр рафт, вале масъулон аз бастани шартномаи 6-моҳаи корӣ бо ӯ низ худдорӣ кардаанд.

Шаҳбоз бовар дорад, ки агар аз талаби пора барои дохил шуданаш ба бахши магистратура мақомотро огоҳ намекард, чунин мушкилиҳо пайдо намешуд. Вай бар ин аст, ки кораш дуруст буд ва дар аввал пушаймоние намекард, "лекин баъди ин қадар мушкилҳое, ки ба сарам омад, пушаймон шудам, ки чаро чунин кардам". Ин ҳунарманд мегӯяд, тасмим гирифтааст, барои бозгашт ба ҷои кораш ва чораҳои қонунӣ андешидан нисбати раҳбарияти театр барои таҳқир шуданаш ба дигар ниҳодҳо шикоят барад.

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, агар ӯ воқеан ҳам таҳқир шудааст ва дар даст далел дорад, метавонад, ба додгоҳ барои ҷуброни зарар ва барқарор намудани кораш муроҷиат намояд.

Шикояти сокинон аз таҳқир шуданашон барои хабар расонидан ба мақомот дар гузашта низ садо додааст. Муртазо Зубайдов, сокини ноҳияи Панҷакент соли 2018 дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "ба мақомот бо шарти махфӣ мондани исмаш дар бораи ду кочоқбари маводи мухаддир хабар расонд, вале пас аз боздошти гумонбарон ва фош шудани исмаш дар маҳалли зисташ ӯро “буз” гуфта, хитоб мекардаанд".

Ҳарчанд мақомоти кишвар ҳамкории ҷомеаро калиди комёбиҳои худ меноманд, ба қавли ҳуқуқшинос Шокирҷон Ҳакимов чунин ҳамкорӣ дар Тоҷикистон ба сахтӣ пеш меравад. Ӯ мегӯяд, хусусан дар масъалаи пешгирӣ аз омилҳои коррупсиёнӣ ҳанӯз ҳам ҳамкории ҷомеа бо мақомот ба сатҳи зарурӣ нарасидааст ва мақомот натавонистаанд, манбаи маълумоти худро ҳимоят кунанд.