Бӯстонсарои махфии кӯҳистонии Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон

Моҳи октябри соли 2018 коргарон дар шаҳри Оҳангарони Узбекистон, дар 65-километрии ҷанубушарқи Тошканд, дар ҳоли таъмири роҳҳо ва ба тартиб овардани хиёбони марказии шаҳр буданд. Онҳо намои берунии сохтмонҳоро ранг мекарданд ва мағозаву фурӯшгоҳҳоро, ки дохили онҳо ба ҷуз миқдоре аз масолеҳи сохтмонӣ чизе ба назар намерасид, ороиш медоданд. Маълум буд, нафари муҳиме ба Оҳангарон меояд.

Дар шаҳр овоза буд, ки ин шахси бисёр муҳим Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Узбекистон, аст. Ва шояд ӯ Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русияро низ, ки қарор буд, барои як дидори расмӣ вориди Узбекистон шавад, ҳамроҳи худ биёрад. Як мақоми маҳаллӣ он замон ба бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфт: "Ҳеч кас расмӣ чизе ба мо намегӯяд, аммо овозаҳо дар бораи омадани Мирзиёев дар рӯзи 18-уми октябр вуҷуд дорад."

Ин мақоми расмӣ, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфта буд, ки коргароне аз Сербистон "ба сохтмони қароргоҳи наве барои раисҷумҳур дар минтақаи истироҳати куҳистонии Оҳангарон" машғул ҳастанд ва "Як фарзия ҳаст, ки [Мирзиёев] ба онҷо меравад. Аммо фикр мекунам, шумо онҷо фақат бо чархбол метавонед, биравед. Овозаҳое ҳам ҳаст, ки ӯ ҳамроҳи Путин ба Оҳангарон меояд”.

Иддаои ин мақоми расмӣ дар мавриди сохтмони истроҳатгоҳ дар онҷо дақиқ буд. Дар воқеъ дар он минтақаи баландкӯҳ, ки ҳудуди 30 километр аз шаҳр дур аст, дар дараи кӯҳистоние, ки бо номи Шоввозсой маъруф аст, дар канори рӯдхонае ба ҳамин ном, як истироҳатгоҳ сохта мешуд.

Акнун бештар аз ду сол аз анҷоми сохтмони истироҳатгоҳ мегузарад, вале давлати Узбекистон ҷузъиёте дар бораи он нашр накардааст. Бо ин ҳол, таҳқиқе, ки бахши узбекии Радиои Озодӣ анҷом дод, далелҳои ҷиддӣ ва боварибахшро бармало карда, ки нишон медиҳад, ин осоишгоҳи махфӣ, аз ҷумла як обанбори навбунёд, махсус барои Мирзиёев сохта шудааст - ва бо ҳазинае, ки ба гуфтаи як чанд манбаҳои огоҳ, чандсад миллион долларро ташкил медиҳад.

Истироҳатгоҳ, ки роҳи он барои рафтуомади мардум баста шуда ва нерӯҳои амниятӣ чанд километр дуртар аз маҳал бо ҳалқае амниятӣ гирди онро печондаанд, дар қарори ҳукумат дар бораи мудирияти қароргоҳҳои расмии раиси ҷумҳури Узбекистон, ки моҳи марти соли 2019 содир шуд, дарҷ нашудааст.

Аммо чанде аз манбаҳо гуфтанд, ки ин истироҳатгоҳи бузург барои истифодаи шахсии Мирзиёев аст. Як тоҷир, ки ба гуфтаи худаш, дохили ин иморатро дидааст, онро бисёр бошукуҳ ва муҷаҳҳаз ба мебелҳои гаронқимати итолиёӣ тавсиф кард.

Ин истироҳатгоҳи махфии куҳистонӣ ҳамчунин ду майдони фуруди чархбол дорад ва монанди чанд иқоматгоҳи расмии дигари раиси ҷумҳурии Узбекистон ба қаламравҳое ворид шудааст, ки парвози ҳавопаймоҳо дар онҷо манъ аст.

Бо таваҷҷуҳ ба сатҳи болои ҳифозат ва махфӣ будани истироҳатгоҳ, хабарнигорон натавонистанд, аксу тасвирхои заминӣ аз ин муҷтамаъро пайдо кунанд, ё ба даст оваранд. Чанд коргари сохтмон, ки дар ин ҷо кор мекарданд, гуфтанд, ки телефонҳои ҳамроҳашонро ҳамеша қабл аз даромадан ба осоишгоҳ аз дасташон мегирифтанд.

Бар асоси иттилоъи манбаҳои огоҳ, тасвирҳои моҳвораӣ ва як санади расмӣ, ки ба биносозӣ дар ин мавзеъ ишора мекунад, сохти ин муҷтамаъ дар моҳи феврали соли 2017 оғоз шудааст, яъне камтар аз ду моҳ пас аз оғози президентии Мирзиёев.

Бар хилофи даврони ҳукмронии диктатории Ислом Каримов, Мирзиёев президентии худро дар моҳи декабри соли 2016 бо ваъдаи таъмини шаффофияти бештар ва истифодаи сарфаҷӯёна аз пули молиётдиҳандагон оғоз кард.

"Мо бояд як системаи тасмимгирии коромад бар пояи шаффофӣ дар мудирияти корҳои давлатӣ пиёда кунем,” – ин гапе буд, ки Мирзиёев дар суханронии солонаи худ моҳи декабри 2017 ба намояндагони мардумӣ гуфт.

Вай афзуд, ки “шаффофият ва посухгӯӣ шартҳои муҳиме барои созмондиҳии фаъолияти муассири дастгоҳҳои давлатӣ ҳастанд." Аммо дар бораи ҳаҷми сармояи давлатӣ, ки дар сохтмони истироҳатгоҳи Шоввозсой сарф шудааст, иттилое дар дастраси умум нест. Дар ҳоле ки осоишгоҳ дар як мамнуъгоҳи табиӣ ва вобаста ба ширкати давлатии роҳи оҳан, воқеъ шудааст.

Хонаводаҳое, ки дар ин минтақа зиндагӣ мекарданд, кӯч додаанд ва манзилҳояшон тахриб шудааст, то фазои лозим барои осоишгоҳ фароҳам шавад. Сокинони деҳкадаҳои поинтар аз мавриди қатъи ҷараёни об ҳангоми пур кардани обанбори навбунёд дар канори ин муҷтамаъ шикоят кардаанд.

Ҳамаи манбаҳое, ки розӣ шуданд, бо хабарнигорон дар ҷараёни ин таҳқиқ суҳбат кунанд, хостанд, ки ҳуввияташон ифшо нашавад. Онҳо бим доранд, ки барои суҳбат дар бораи ин махфигоҳи кӯҳистонӣ мумкин аст, мавриди танбеҳу қасоси мақомоти давлатӣ, ё корфармоёни худ қарор бигиранд. Махфӣ ва пуршукуҳ будани истироҳатгоҳ монанди кӯшки мутаъаллиқ ба Путин дар Баҳри Сиёҳ, ки мавзӯи ифшогарии ахири Алексей Навалний, сиёсатмадори мухолифи давлат буд. Сохтмон, ки дар наздикии шаҳраки курортии Геленҷик дар ҷануби Русия воқеъ аст, унвони "Кохи Путин"-ро гирифтааст. Мардуми маҳаллӣ дар Узбекистон ҳам ин муҷтамаъро "Бустонсарои Мирзиёев" меноманд.

БИҲИШТИ САЙЁДОН

Ин истироҳатгоҳи кӯҳистонӣ дар канори рӯди Шоввозсой, болотар аз деҳкадаҳои Ҷартуш ва Сарисуюн дар ноҳияи Оҳангарони вилояти Тошканд воқеъ аст. Ин рустоҳо ва минтақаҳои атрофи онҳо, ки дар онҷо рӯдҳои кӯҳистонӣ ҷорист, ҳам дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳам дар замони ҳукумати Каримов таҳти ҳифозат қарор доштанд.

Леонид Брежнев дар фурудгоҳи Тошканд.

Мардуми маҳаллӣ мегӯянд, ки Никита Хрушёв ва Леонид Брежнев, ду раҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ, барои шикор ба ин минтақа омада буданд. Ин минтақаро мардум маъмулан ба номи ҷангали Шоввозсой ёд мекунанд. Як чӯпони собиқи инҷо ба бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфт: "Ин ҷо аз муддатҳо пеш барои алоқамандони шикор маълуму машҳур буд, зеро дар инҷо ҷонвароне мисли гурози ваҳшӣ, гавазн ва тазарв бисёр зиёд аст."

Як мақоми давлатии Узбекистон гуфт, ки Мирзиёев дар бораи зебоии Шоввозсой аз замони нахуствазириаш дар байни солҳои 2003 ва 2016 хабар дошт. Дар соли 2010, Мирзиёев фармонеро дар иртибот бо сохтмони як "роҳи дорои аҳамияти давлатӣ" ба самти ҷангали Шоввозсой имзо кард.

То моҳи апрели соли 2013 кӯҳнавардони маҳаллӣ дар бораи ба моликияти ширкати давлатии Роҳи оҳани Узбекистон даромадани ин мавзеъ ва баста шудани роҳҳои вурудӣ ба “захирагоҳи табиӣ”-и ин ширкат гап мезаданд.

Ҳануз дар аввали моҳи августи соли 2014, тасвирҳои моҳвораӣ дар инҷо иморатеро шабеҳи кулбае бо боми сурх нишон медод, ки атрофи он баъдан ба истироҳатгоҳи Шоввозсой табдил шуд.

Макони шикорӣ

Як мақоми давлатӣ, ки мегӯяд, аз ин иморат боздид кардааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки раиси вақти ширкати Роҳи оҳани Узбекистон, Очилбой Раматов, ин "заминро гирифта" ва "як кулбаи шикории люкс" дар онҷо сохтааст.

Раматов, ки дар соли 2016 муовини аввали нахуствазири Узбекистон шуд, ҳамчун яке аз наздикони Мирзиёев ва аз шахсиятҳои сармоядору бонуфуз дар арсаи бинокорӣ шинохта шудааст.

Ин мақоми давлатӣ гуфт: "Ҳар вақт, ки ба Раматов аз афзоиши теъдоди гурозҳои ҷангалӣ хабар медоданд, вай барои шикор инҷо меомад. Ин яке аз тафреҳгоҳҳои махфии Раматов барои базму зиёфатороӣ барои меҳмонҳои олирутбааш буд."

Раматов ба дархости мо барои изҳори назар дар ин бора посух надод. Аммо иддаои ба шикор машғул шудани вай дар ин минтақаро шикояти зане тақрибан 90-сола ба Мирзиёев ва порлумони Узбекистон дар моҳи июни соли 2017 таъйид мекунад.

Раиси ҷумҳур Шавкат Мирзиёев ва Раматов ҳангоми тафтиши хати нави метро дар Тошканд дар соли 2019.

Ин зан шикоят кард, ки Раматов ва ду нафар аз ҳамроҳонаш "ҳар замон ҷонварони ваҳширо дар инҷо шикор мекунанд ва ба муҳити табии осеби ҷиддӣ мерасонанд." Ӯ аз ҷумла навишт: "Кӣ ба онҳо ин ҳақро додаааст?"

"Шабу рӯз дар кор"

Корҳои сохтмонӣ дар истироҳатгоҳи махфии Шоввозсой аз оғози моҳи феврали 2017 идома дошт – камтар аз як моҳ пас аз суханронии Мирзиёев дар порлумон, ки дар он бар истифодаи оқилона аз маблағҳои давлат таъкид карда буд. Ин нукта дар гузориши солонаи “Боштранслоиҳа” (ГлавТрансПроект), як ширкати вобаста ба Роҳи оҳани Узбекистон ва Муассисаи давлатии таҳқиқу лоиҳакашӣ дар арсаи роҳу борбарӣ зикр шудааст.

7-уми феврали соли 2017 “Боштранслоиҳа” розӣ шуд, ки бо анҷоми “корҳои нақшабардорӣ (топографӣ)” як лоиҳа барои ширкати дигари вобаста ба Роҳи оҳани Узбекистон омода мекунад. Ин иттилло дар асноди коргузории “Боштранслоиҳа” зикр шудааст. Дар ин тавофуқнома ин лоиҳа "Сохтмони минтақаи истироҳатӣ дар қаламрави ҷангали Шоввозсой" унвон шудааст. Ин аз мавридҳои дастшумор аст, ки номи ин осоишгоҳ дар як санади расмӣ зикр шудааст.

Бо гузашти чанд моҳ аз ин тавофуқ, сохтмони истироҳатгоҳи махфӣ дигар ҷараён дошт. Аз ҷумла майдонҳои чархбол ва дигар умури сохтмонӣ дар маҳалли сохтмон аз тариқи моҳвора қобили мушоҳида буд.

Дар соли баъдӣ, панҷ моҳ пеш аз сафари расмии Путин, нахуствазир Абдуллоҳ Орипов қарори расмӣ дар бораи эҷоди минтақаи табиии ҳифозатшудаи Угом-Чотқол содир кард ва 43000 гектар замини мамнуъгоҳро, ки мавзеъи сохтмони муҷтамаъи Шоввозсойро ҳам дар бар дошт, таҳвил дод.

Ин ҳуҷҷат мудирияти захирагоҳи навро ба минтақаи ҳифозатшуда дар Парки миллии Угом-Чотқол, вобаста ба ширкати Роҳи оҳани миллӣ ба раёсати Раматов, вогузор кард.

Тибқи ин қарор, Раматов ба унвони яке аз ду мудири аслии 43000 гектар аз қаламрави минтақаи ҳифозатшудаи захирагоҳи Угом-Чоткол таъйин шуд. Ин мамнуъгоҳ 11000 гектар аз заминҳои ҳифозатшудаи маъруф ба Бошқизилсойро ҳам дорад, ки он таҳти ҳифозати Юнеско мебошад. Ин ки чаро посдории чунин қаламрави калони аз сарзаминҳои ҳифозатшудаи табиӣ ба уҳдаи ширкати давлатии Роҳи оҳан вогузор шуд, ҳанӯз мушаххас нест.

Ин тасмим барои Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО пурсишбарангез буд ва ин кумита аз давлати Узбекистон хост, ки дар бораи "нақши" ин ширкат дар ҳифозат аз минтақаи табиъии Бошқизилсой ва "таъсири эҳтимолии он" дар қисмати ғарбии куҳсори Тиёншон тавзеҳ бидиҳад.

Узбекистон ба ин дархост қисман чунин посух дод, ки "ҳеч сохтмоне дар қаламрави минтақа [Бошқизилсой] дар назар гирифта нашуда" ва ҳеч тарҳу барномае ҳам барои анҷоми "фаъолиятҳои дигар, ки мумкин аст, дар ин макони дорои арзиши барҷастаи ҷаҳонӣ таъсир гузорад" вуҷуд надорад.

Орипов бо содир кардани ҳуҷҷати дигаре дар моҳи декабри 2018 муқаррар кард, ки бар асоси он ҳеҷ гуна сохтусоз дар бахши Бошқизилсой ҷоиз нест, ба ҷуз фаъолиятҳои тиҷории маҳдуд дар як километр минтақаи ҳоили атрофи он ва дар мавзеъе ба номи "минтақаи транзитӣ", ки бақияи ин захирагоҳро ташкил медиҳад.

Истироҳатгоҳи Шоввозсой дар минтақаи транзитӣ воқеъ аст, ҷое ки бархе аз корҳои сохтмонии марбут ба осоишгоҳ дар он ҷоиз аст. Дар қарори Орипов дар моҳи декабри 2018 омадааст, ки фаъолиятҳои анҷомшуда дар минтақа набояд "ба имконоти табиӣ ва муҳити зисти ин мамнуъгоҳи табиӣ осеб расонад." Бо ин ҳол, ҳангоме ки Орипов ин қарорро содир кард, бахши аъзаме аз сохтмони осоишгоҳи Шоввозсой ва обанбори назди он анҷом шуда буд.

Дархостҳо барои ибрози назар ба идораҳои Орипов ва Мирзиёев ва пурсишҳои мо аз ширкати Роҳи оҳани Узбекистон бепосух монд. Ба гуфтаи сохтмончиёне, ки дар сохтусози истироҳатгоҳ мустақиман ширкат доштанд, қисмати аслии ин муҷтамаъ дар соли 2018 ба бо шитоби зиёд анҷом шудааст.

Як коргари сохтмонӣ гуфт: "Пеш аз омадани Путин ба Узбекистон ҳама шабу рӯз кор мекарданд, то сохтмони бахши асосии бӯстонсароро тамом кунанд. Афроди сатҳи боло раванди анҷоми корҳоро шитоб доданд." Вай аз Орипов ва Алишер Усмонов, сармоядори миллиардери узбекистонӣ ва вафодор ба Кремлин, ки ба дархости мо барои изҳори назар посух надод, ёдовар шуд.

Манбаъи дуввум як мақоми маҳаллӣ аст, ки ӯ низ аз Усмонов ном бурд ва гуфт, ки "ҳама дар Оҳангарон муътақиданд, ки Путин, Мирзиёев ва Алишер Усмонов бо чархбол дар рафтуомади пайваста [ба Шоввозсой] ҳастанд."

Кремл ба дархости мо барои изҳори назар дар ин бора посух надод. На дар сайти Кремл ва на дар торнамои расмии Мирзиёев ҳеч ишорае ба сафари ду раҳбар ба минтақаи ҷангалии Шоввозсой дар ҷараёни боздиди расмии президенти Русия аз Узбекистон дар моҳи октябри 2018 нашудааст.

Сармоягузории шубҳабарангез ва мебелҳои люкси итолиёӣ

Ин ки дақиқан чӣ миқдор аз пули давлат дар сохтмони муҷтамаъи кӯҳистонии Мирзиёев сарф шуда, ҳанӯз рӯшан нест. Гузоришгарон тавонистанд, фақат теъдоди андаке аз асноди молии ин тарҳро, ки бо номи он дар дастраси умум гузошта шуда буд, пайдо унанд. Ин аснод танҳо аз ҳудуди 544 миллион доллар ҳикоят доранд.

Роҳи оҳани Узбекистон ҳаргиз маблағҳои харҷшуда дар бунёди муҷтамаъи Шоввозсойро ошкоро эълом накардааст ва хабарнигорон танҳо як мавридро пайдо карданд, ки ширкати давлатӣ ба мавҷудияти он ишора кардааст. Дар моҳи июли 2018, ҳангоми пур кардани обанбори навбунёд дар ин мавзеъ ин ширкат барои "расонидани масолеҳи сохтмонӣ барои як маркази тафреҳӣ дар минтақаи ҷангалии Шоввозсой" озмун эълом кард.

Ҷустуҷӯ дар торнамои ин ширкат нишон медиҳад, ки ҳеч ишораи дигаре ба ин тарҳ нашудааст ва гузоришҳои солона ва барномаҳои тиҷории он барои солҳои 2017-2019 низ ба ин сохтмон ишорае надоранд.

Бар асоси гузоришҳои солона, дар он давра ширкат 1.8 миллиард доллар барои корҳои сохтмонӣ ва таъмир сарф кардааст, ки 1.1 миллиард доллари он барои сохтусозҳои тоза харҷ шудааст. Дар ин гузоришҳо омада, ки дар ҳамин муддат ширкат ба маблағи 374.7 миллион доллар қарзҳои байналмилалӣ гирифтааст. Дар гузоришҳои солонаи ширкати Роҳи оҳан дар ин давра маҷмуан харҷи 301.8 миллион доллар барои "корҳои дигар" ҳам зикр шудааст. Мушаххас нест, ки оё буҷаи иқоматгоҳи Шоввозсой дар ин рақамҳо гунҷонда шудааст ё на. Ширкати давлатии роҳи оҳани Узбекистон ба дархости мо барои изҳори назар посух надод.

Хабарнигорон тавонистанд, дар маҷмӯъ шаш ширкатро шиносоӣ кунанд, ки ҳамагӣ муассисоти давлатӣ буда ва дар қарордодҳои марбут ба сохтмони муҷтамаъи тафреҳӣ ва истироҳатӣ ном ба ном ширкат варзидаанд.

Қарордодҳои марбут ба муҷтамаъи Шоввозсой дар солҳои 2017-18: Роҳи оҳани Узбекистон ба раёсати Раматов ва ширкати зермаҷмӯъаи он ба номи «Тоштемирйуллоиҳа», «Қишлоқэнерголоиҳа”, ки ба тарроҳӣ ва насби василаҳои барқӣ дар минтақаҳои рустоӣ машғул аст, «Боштранслоиҳа», ки муассисаи давлатии таҳқиқот ва тарроҳӣ дар арсаи ҳамлу нақл ва роҳу боркашӣ аст; ширкати Шабакаи минтақаии барқи Тошканд; ва Гидропроект, ки ба ширкати давлатии Гидроэнерго вобаста аст; ва Идораи давлатии парки миллии Угом-Чоткол.

*Қарордодҳои мавҷуд дар дастраси умум*

Гузориши солонаи «Қишлоқэнерголоиҳа» дар соли 2018 нишон медиҳад, ки ин ширкат ба маблағи 1.4 миллиард суми узбекӣ (178000 доллар) бо ширкати Шабакаи минтақавии барқи Тошканд барои таъмини барқ дар як муҷтамаъи маскунӣ ва майдони чархбол дар ҷангали Шоввозсой ҳафт қарордод бастааст.

Тибқи гузориши солонаи «Боштранслоиҳа» барои соли 2018, кори тарроҳӣ ва таҳқиқи ширкат дар ин осоишгоҳ то ноябри 2018 идома доштааст. Ин гузориш дар маҷмуъ ҳашт қарордоди такмилиро бо Роҳи оҳани Узбекистон ва ширкати зертобеи он, «Тоштемирйуллоиҳа», барои ин тарҳ зикр кардааст, ки дар маҷмӯъ 2.5 миллиард суми узбекиро (361,20062 доллар) ташкил медиҳанд. Чаҳор маврид аз ин қарордодҳо "таъминӣ" унвон шудаанд, агарчӣ хабарнигорон наметавонанд, ҳеч иттиллое дар бораи қарордоди аслии марбут ба инҳо пайдо кунанд.

Асноди молии «Боштранслоиҳа» низ нишон медиҳад, ки ин ширкат дар моҳи августи 2017 қарордодеро ба маблағи 29.3 миллион суми узбекӣ (7000 доллари ҳамон вақт) бо ширкати давлатии Гидропроект барои озмоиши сатҳи пойдорӣ дар мавзеъи Шоввозсой имзо кардааст.

Як мақоми расмӣ дар Тошканд, ки аз ин тарҳ огаҳ аст, гуфт, ки барои сохтмони иқоматгоҳ "дастикам чандсад миллион доллар" сарф шудааст. Дар ҳамин ҳол, як маъмур дар ин мавзеъ муътақид аст, ки барои сохти муҷтамаъ ва обанбор ҳадди ақал як миллиард доллар сарф шудааст. Тахминҳои ин афрод бунёди обанбор, роҳҳо ва сохтмонҳои бузург дар ин мулк, аз ҷумла иморатеро, ки гӯё барои истифодаи шахсии Мирзиёев сохта шудааст, дарбар мегирад.

Як манбаи сохтмонӣ гуфт: "Мо худамон дидем, ки масолеҳи сохтмонӣ чӣ андоза бисёр ва гарон буд, аз кофтани роҳҳои кӯҳӣ гирифта, то тарроҳии манзара ё чашмандози муҷтамаъ. Аз миқдори зиёде санги мармари гаронқимат гирифта, то дарахту гиёҳони ороишӣ, ки аз кишварҳои хориҷӣ оварда шуда буданд. Ва мо қисмати қимиати муҷаллали дигари ин истироҳатгоҳ фазои дохилии бо фарру ҷалолашро надидаем."

Як коргари узбекистонӣ мегӯяд, фазои дохилии иморатеро дидааст, ки ба унвони иқоматгоҳи Мирзиёев дар ин истироҳатгоҳ таъриф мешавад. Вай гуфт, ки ин бино саршор аз василаҳои сохташуда аз тило ва "мебелҳоест, ки мустақиман дар Итолиё супориш додаанд ва сохтаву оварданд." Тибқи маълумоти тиҷорӣ, содироти мебел аз Итолиё ба Узбекистон дар соли 2018 –дар муқоиса бо соле қабл, ба маротиб афзоиш ёфтааст. Ин дар солест, ки ба гуфтаи коргарони сохтмонӣ, сохтмони Шоввозсой анҷом шуд.

Аз маълумоти тиҷорӣ ҳисоб кардани теъдоди мебели овардашуда, душвор аст. Дар ин маълумотҳо номҳои ширкатҳои итолиёии содиркунандаи мебел ё ширкатҳои воридкунандаи Узбекистонӣ зикр нашудааст. Дар ифшогарии такондиҳандаи Алексей Навалний дар бораи "Кохи Путин" дар соҳили Баҳри сиёҳи Русия низ иддао мешуд, ки мебели люкс дар ин муҷтамаъ аз Итолиё оварда шудааст.

Яке аз ширкатҳои мебелсозӣ дар Итолиё, ки дар таҳқиқоти Навалний зикраш рафта буд, ба номи Позолӣ таъйид кард, ки маҳсулоти худро ба Узбекистон фурухтааст, аммо аз додани ҷузъиёти бештар худдорӣ кард. Ба гуфтаи як корманди давлатӣ, ки дар марҳилаи ниҳоии сохтусоз аз ин макон боздид кардааст, дар онҷо як "Австрияи хурд" бунёд шудааст. Хабарнигорон натавонистанд ин ҷузъиётро таъйид кунанд, вале тасвирҳои моҳвораӣ корҳои ободонии чашмгиреро дар ин мавзеъ нишон медиҳад.

Тасвирҳои моҳвораӣ ҳамчунин ҷадвали замонии корҳои анҷомшуда дар ин мавзеъро, ки чанд сохтмончӣ хабар доданд, таъйид мекунад. Онҳо гуфтанд, ки сохтусоз дар онҷо ҳатто қабл аз ниҳоӣ шудани корҳои тарроҳӣ ва барномарезии сохтмон оғоз шудааст.

Як бинокоре, ки мустақиман дар ин маҳал кор мекард, ба бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфт: "Барои таъмини рафтуомади озоди мошинҳои борбар, роҳи наву васеътаре сохта шуд ва таркишҳои зиёде барои сохтани роҳ дар кӯҳистон анҷом шуд." Як манбаъи дигар, ки дар корҳои сохтмонӣ ширкат дошт, гуфт, ки барои бунёди ин таъсисот меъморон аз Олмон ва ширкатҳои сохтмонӣ аз Русия, Балкан ва кишварҳои дигар оварда шуда буданд.

Вай гуфт, ки бунёди зербиноҳои иртиботӣ ва хатти барқ асосан ширкати «Энтер Инҷиниеринг» анҷом додааст – ширкате мустақар дар Сингопур, ки ба тоҷири узбекистонӣ Бахтиёр Фозилов тааллуқ дорад.

Вай барои "хидматҳои фидокоронааш" дар соли 2019 аз Мирзиёев ҷоизаи давлатӣ дарёфт кард. (Дар корномаи шахсе омадааст, ки вай қаблан дар осоишгоҳи Шоввозсой барои ширкати Энтер Инҷиниеринг кор мекардааст.)

Ин манбаъ гуфт, ки созаҳои оҳану бетонии муҷтамаъро ширкати «Бинокор Темир Бетон Сервис» сохта, ки зертобеи ширкати Ориент Груп маҳсуб мешавад. Ва Ойбек Умаров, бародари домоди Мирзиёев аз ҷумлаи саҳмдорони ин ширкат аст. Ба гуфтаи ин манбаъи сохтмонӣ, ширкатҳои дигари зертобеи Ориент Груп низ дар сохтмон ва ободонии истироҳатгоҳ ширкат кардаанд.

"Беш аз 2000 коргар дар марҳилаи аввали сохтусоз – замоне, ки корҳои сангину ифлос анҷом мешуд, истихдом шуда буданд. Бештари коргарон аз Қашқадарё буданд ва дар контейнерҳои муваққатӣ дар маҳалли сохтусоз зиндагӣ мекарданд. Онҳо "аз тулӯъ то ғуруб" кор мекарданд.»

Як ширкат аз Русия дар торнамои расмии худ навишт, ки дар "сохтмони як муҷтамаъи тафреҳӣ дар минтақаи ҷангалии Шоввозсой" кор кардааст. Ин ширкат, ки “Бригэнерго” ном дорад, дар шаҳри Уфа мустақар аст ва корҳои дигаре низ дар Узбекистон анҷом додааст. Ин ширкат мегӯяд, ки аз дигар муштарёни он Энтер Инчинеринг аст – ширкате, ки як сохтмончӣ аз он ба унвони паймонкори тарҳ ёд карда буд.

Пурсишҳои мо аз Энтер Инҷинеринг, Ориент Груп ва Бригэнерго дар бораи сохтмони иқоматгоҳ дар Шоввозсой бепосух монд. Тасвирҳои моҳвораӣ замон ва ҳаҷми корҳои анҷомшуда дар ин муҷтамаъро нишон медиҳад. Ҳануз ба санаи 22 июли соли 2017 ду майдони чархбол ба ранги обӣ дар рӯбарӯи иморате, ки манобеъи мо онро кулбаи Раматов меноманд, дида мешуд. (Тасвирҳои дигари моҳвораӣ нишон медиҳад, ки сохтмони ин майдонҳои чархбол аз аввали январи ҳамон сол идома дошт.)

Ду нафар, ки дар ин мавзеъ кор кардаанд, гуфтанд, ки Мирзиёев ҳангоми сохтусоз пайваста аз маҳалли корҳои сохтмонӣ боздид мекард. Ба назар мерасад, тайи як сол сохтмони бахши калони ин муҷтамаъ, аз ҷумла бузургтарин иморат, ба анҷом расидааст.

Чанд нафар, ки қаблан дар маҳалли сохтмон кор мекарданд, гуфтанд, ки иқоматгоҳи хонаводаи Мирзиёев дар муҷтамаъи Шоввозсой дар канори сохтмони аслӣ воқеъ аст. Чанд манбаъ гуфтанд, ки ин таъсисот иқоматгоҳҳои хурдтаре барои ҳайати муҳофизони шахсии Мирзиёев ва меҳмонони хусусияш ҳам дар бар дорад.

Дар поёни роҳе, ки ба самти Тошканд меравад, биноҳое мавҷуд аст, ки ба гуфтаи коргарон, сарбозони Гвардияи Миллӣ дар онҳо сукунат доранд. Ҳамчунин як замини футбол дар онҷо ҳаст, ки пас аз моҳи августи 2017 бунёд шудааст. Як сохтмончӣ, ки дар иҷрои ин тарҳ ширкат дошт, гуфт: "Азбаски ин як минтақаи махсус ва махфӣ аст, ҳафтае ҳафт рӯз 24 соат муҳофизат мешавад. Аз тариқи моҳвора метавон дид, ки посгоҳ дар муқобили сохтмонҳои Горди Миллӣ қарор дорад. Ин охирин посгоҳи бозрасӣ пеш аз ворид шудан ба маҳалли бӯстонсаро аст. Ҳатто як парранда ҳам аз болои он панҷараҳо наметавонад, парвоз кунад."

Вай афзуд, ки «Ҳеч касе иҷозаи вуруд бо телефони ҳамроҳ ба ин маҳал надорад. Ба ин тартиб онҳо муваффақ шудаанд, сохтмонро махфӣ нигоҳ доранд."

‘Бо раисҷумҳур мухолифат накун’

Дар арзи шаш моҳ пас аз пур шудани обанбори навбунёд дар канори осоишгоҳи Шоввозсой, нахуствазир Абдулло Орипов қарори худро дар бораи танзими мамнуъгоҳи табиӣ, ки дар ин мавзеъ воқеъ аст, содир кард. Дар ин фармон, ҳифозат аз ин мамнуъгоҳ то андозае ба нерӯҳои амниятӣ вогузор шудааст. Дастрасии умум ба минтақаи атрофи ин муҷтамаъ бар асоси қарори Абдулло Орипов, нахуствазири Узбекистон, аз 31-уми декабри соли 2018 ба таври расмӣ масдуд ва мамнӯъ шудааст.

Як чӯпони маҳаллӣ ба бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфт: "Аз соли 2018 ба ин сӯ, роҳе, ки ба самти болои истироҳатгоҳ меравад, барои мардуми оддӣ баста аст. Тадбирҳои амниятӣ дар атрофи бӯстонсаро ба андозае сахт аст, ки наздик шудан ба он аз даҳҳо километр фосила ғайримумкин аст. Чарогоҳҳои моро бо симхор масдуд карданд. Агар чорвои мо аз симхорҳо гузарад, моро ҷаримаи калон мебанданд. Ҳамаҷо посбонҳои мусаллаҳ дида мешаванд».

Бархе аз шикорчиёни маҳаллӣ, ки муҷаввизи шикор доранд, ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки онҳо ба шикоятҳои худ дар бораи тасарруфи минтақаи ҷангалии Шоввозсой аз сӯи давлат посух гирифтаанд. Яке аз ин шикорчиён гуфт, ба касоне, ки эътироз карданд, ҳушдор дода шуда, ки "алайҳи сиёсатҳои бузург иқдом накунанд, бо раисҷумҳур мухолифат наварзанд."