Ҳавошиносон мегӯянд, сармо ба Тоҷикистон бармегардад
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Сокинони Тоҷикистон тӯли як моҳи ахир ба ҳавои гарми ғайримуқаррарӣ дар зимистон ва шукуфтани бархе аз дарахтон одат карданд. Масъулони Маркази ҳавошиносӣ мегӯянд, ки то ду рӯзи дигар сардӣ ба кишвар бармегардад ва мумкин аст, боиси талафоти ҳосили боғдорон шавад.