Аз як рӯзи тобистонии соли 2008 ҳафт сол гузашт, ки он рӯз дипломати аршади амрикоӣ бо ҳамтои эрониаш паси як мизи нишастанду дар бораи барномаҳои атомии Эрон суҳбат карданд. Баъдан ва дар ниҳоят соли 2015 созише имзо шуд, ки ҳадафи он роҳ надодан ба дастёбии Эрон ба силоҳи атомӣ буд.
Ҳоло касе интизор надорад, барои наҷоти созише, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури собиқи Амрико онро раҳо кард, ҳамин қадар вақт лозим шавад, аммо мақомоти Амрико ва Аврупо мегӯянд, барои ноил шудан ба ин ҳадаф роҳи дарозу душворе дар пеш аст, ҳатто агар пойгаҳ барои онро оғоз кунанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҳукумати Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи панҷшанбе гуфт, ки омода аст, Роб Малли, фиристодаи хоси худро барои мулоқот бо мақомоти эронӣ фиристад, то роҳи бозгашт ба иҷрои созиши атомӣ бо Эронро баррасӣ кунанд. Созише, ки Теҳрон бо шаш қудрати ҷаҳонӣ имзо кард ва онро Барномаи Ҷомеи Иқдоми Муштарак ва ё кутоҳ БАРҶОМ меноманд.
Дар аввал Теҳрон паёмҳои омехтае барои иҷрои комили созиш мефиристод, вале Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷӣ рӯзи якшанбе гуфт, “Бозгашти Амрико ба созиш, бидуни бардоштани таҳримот ба зидди Эрон номумкин аст.”
Асли созиш ин аст, ки Эрон ғанисозии ураниумро маҳдуд мекунад, то маводи лозим барои сохти бомби атомиро ба даст наорад ва дар иваз Амрико баъзе аз таҳримоти иқтисодӣ бар зидди Эронро сабуктар мекунад. Теҳрон пайваста гуфтааст, ки қасди сохтани бомби атомиро надорад.
Иҷрои созиши 110 саҳифаӣ бо Эрон осон менамояд
Дар нигоҳи аввал эҳёи созиши иборат аз 110 саҳифаву замимаҳои дигар кори чандон душворе ба назар намеояд. Дар амал иҷрои он ба ду далел сахт аст. Аввал аз байн бурдани таҳримоти зиёде, ки Доналд Трамп баъди берун кардани Амрико аз созиш дар соли 2018 ба зидди Эрон ҷорӣ кард. Дуввум қадамҳое, ки Эрон дар вокуниш ба амалкарди Трамп бардошту аз иҷрои баъзе аз бандҳои созиши атомӣ даст кашид. Ҳарчанд ин корҳоро баъди гузашти як сол кард.
Агарчӣ ҳарду тараф ошкоро сари суоле тамаркуз кардаанд, ки кадом тараф бояд барои эҳёи созиш аввал қадам бардорад ва ҳар яке пофишорӣ доранд, ки дигарӣ ин корро кунад, вале як мақоми Амрико ба Ройтерс гуфтааст, ки “тартиби занҷираӣ” беҳтарин кор мебуд. Ӯ гуфтааст: “Масъалаи кадомӣ аввал пеш меравад, ба фикри ман душвортарин масъала нахоҳад буд.”
Ин мақоми Амрико бо ишора ба ин ки кадом таҳримоти Иёлоти Муттаҳида бояд лағв шавад, афзудааст: “Қадамҳое, ки Эрон бардоштааст, оё ҳамаашон қобили баргашт ҳастанд?”
Сиёсат, зиндониён ва неруҳои дастнишонда
БАРҶОМ, ки Эрону Бритониё, Чину Фаронса, Олмону Русия ва Амрико таҳияву имзо кардаанд, Иёлоти Муттаҳидаро уҳдадор кардааст, ки фақат таҳримоти вобаста ба “фаъолиятҳои атомӣ” ба зидди Эронро бардорад. Баъди ботил кардани созиш, Доналд Трамп, Эронро ба ҳимоят аз терроризм муттаҳам намуд ва як даста таҳримоти нав ба зидди Эрон ҷорӣ кард.
Коршиносон мегӯянд, иҷрои талабҳои Эрон барои аз байн бардоштани ин таҳримот барои Байден аз назари сиёсӣ бисёр душвор ва шояд имконнопазир мешавад, чунки зери танқиди ҷумҳурихоҳон ва баъзе вакилони ҳамсафаш аз Ҳизби демократ мемонад.
Ҳенри Ром, аз созмони таҳлилии “Евразия Груп” мегӯяд: “Ин як масъалаи аз назари сиёсӣ бисёр ҳассос аст, чунки дар Амрико чанде аз инҳо қасдан зери назари масъулони масоили терроризм анҷом шудааст. Ду ҳайати музокиротӣ бояд раванди фарогиреро гузаранд, ки чӣ чизе бояд бимонад ва чӣ чизе биравад.”
Мушкили дигар, ҳимояти Эрон аз гуруҳҳои минтақавии дастнишондааш аст, аз ҷумла онҳое, ки ба ҳамла ба неруҳои Амрико муттаҳам мешаванд. Дар яке аз маргбортарин ҳамлаҳо ба неруҳои байналмилалии таҳти раҳбарии Амрико, ки дар шимоли Ироқ сурат гирифт, як сарбози амрикоӣ ва як корманди қарордодӣ ба ҳалокат расиданд. Ба назар мерасад, ин ҳуҷум кори Вашингтонро барои гузаште ба Эрон сахт мекунад.
Бар замми ин орзуи Амрико барои раҳо кардани шаҳрвандони боздоштшудааш дар Эрон як масъалаи дигарест, ки мақомоти ду тараф суҳбат дар бораи онҳоро оғоз кардаанд. Дар ин бора Ҷейк Салливан, мушовири амниятии Кохи Сафед рӯзи якшанбе хабар дод.
Қадамҳои баргаштпазиру баргаштнопазири Эрон
Ҳарчанд бархе аз қадамҳое, ки Теҳрон бо даст кашидан аз иҷрои бандҳои БАРҶОМ бардошт, шояд қобили баргашт бошанд, аз ҷумла қатъи ғанисозии ураниуми бештар аз 3.67 дарсадӣ ва ҳам зиёд кардани захираи ураниуми начандон ғализ, вале дигар қадамҳо шояд баргаштнопазиранд. Аз ҷумла таҷрибае, ки Эрон аз таҳқиқу истеҳсоли сентрифугаҳои пешрафтае омӯхт, ки ба Ҷумҳурии Исломӣ кумак мекунанд, дар сурати хостан, ураниуми 90 дар садии лозим барои бомби атомӣ тавлид кунад.
Роберт Эйнҳорн, аз Муассисаи мутолиотии Брукинг мегӯяд: “Чӣ гуна донишеро, ки ба даст овардаед, аз ёд мебаред?”
Мақомоти Теҳрон низ ба як интихоби нозуке ру ба ру ҳастанд, ки ба ҳаргуна пешниҳоди ҳукумати Байден посух бидиҳанд, чун Эрон ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар моҳи июн омода мешавад. Ин корзор мисли раъйпурсие мешавад, ки шояд норизоиятии мардуми ба танг омада аз мушкилоти иқтисодиро аз руҳониёни ҳоким бар Эрон нишон бидиҳад.
Вазъи иқтисоди заифи Эрон бар асари таҳримоти Амрико ва пандемияи коронавирус бадтар шуд ва аз ин сабаб ҳокимони Эрон илоҷе ба ғайр аз музокира бо Амрико надоранд. Аммо дар инҷо сухани ниҳоиро раҳбари Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ мезанад. Айни замон мушаххас нест, ки оё ду тараф метавонанд, ба мизи музокирот баргарданд.
Эрон таҳдид кардааст, ки аз рӯзи сешанбе аз иҷрои дигар банди БАРҶОМ даст мекашад ва дигар иҷоза намедиҳад, нозирони Созмони Милал, ба таври ногаҳонӣ барои тафтиши таъсисоти атомӣ ба Эрон биёянд. Коршиносон мегӯянд, ки ин кор шояд шанси музокиротро аз байн намебард, вале бар мушкилот меафзояд.
Як манбаи дипломатӣ дар Фаронса ба хабарнигори Ройтерс гуфтааст:”Алорағми ҳамачиз мо дар вазъи ҷиддие қарор дорем, ки дар рузҳои оянда ҷиддитар мешавад. Барои ҳамин эҳёи зуди дипломатия муҳим аст.”