Икром Субҳонзода, раиси Оҷонсии авиатсияи гражданӣ, мегӯяд, Тоҷикистон барои барқарор кардани парвозҳои мунтазам ба Русия омода аст.
Субҳонзода, рӯзи 15-уми феврал ҳангоми як нишасти хабарӣ дар Душанбе дар посух ба ин савол, ки кай парвозҳои мунтазам бо Русия барқарор мешавад, гуфт, онҳо ҳанӯз моҳи июни соли гузашта барои парвозҳои мунтазам ба Русия омода буданд. Раиси оҷонсӣ афзуд, ки онҳо мунтазири посухи мақомоти Русия ҳастанд, ки то ҳол барои пешгирӣ аз сирояти васеи коронавируси нав марзҳояшро ба рӯи бисёре аз кишварҳои ҷаҳон баста аст.
Мақомоти Русия аввали ҳамин моҳ ба як ҳайати ҳукуматӣ дар шаҳри Маскав гуфтаанд, баъд аз таҳқиқи вазъи эпидемиологии Тоҷикистон ва боварӣ ҳосил кардан, ки “дар Тоҷикистон COVID-19 нест”, масъалаи барқарор кардани парвозҳои мунтазамро баррасӣ мекунанд.
Икром Субҳонзода афзуд, ки ҳудуди 70 дарсади парвозҳое, ки аз фурудгоҳҳои Тоҷикистон анҷом дода мешавад, ба Русия рост меояд ва барқарор кардани парвозҳои доимӣ ба онҷо бисёр муҳим аст. Ба қавли вай, ба онҳо мардуми зиёде аз ҷумла муҳоҷирону донишҷӯён муроҷиат мекунанд ва фақат дар бораи боз шудани роҳу эҳёи парвозҳо мепурсанд.
Ширин Амонзода, вазири меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон ҳафтаи гузашта зимни як нишасти хабарӣ гуфт, дар ҷаласаи ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Русия дар рӯзҳои 8 ва 9-уми феврал, ки ӯ низ дар он ширкат доштааст, ҷониби Русия исрор кард: “Бо фиристодани як комиссияи босалоҳият ва аз назар гузарондани вазъият, масъалаи вуруди шаҳрвандони Тоҷикистонро бознигарӣ мекунанд.”
Русияву Тоҷикистон аз моҳи марти соли 2020 барои роҳ надодан ба сирояти коронавируси нав парвозҳои ҳавопаймоҳо байни ҳамдигарро қатъ карданд. Қатъи рафтуои доимӣ сабаб шуд, ки даҳҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба Русия барои кор мерафтанд, аз ин имкон маҳрум шуданд.
Феълан танҳо парвозҳои чартерӣ миёни Русияву Тоҷикистон анҷом мешавад ва ҳавопаймоҳои ватанӣ ба самти Русия ҳақ надоранд, шаҳрвандони Тоҷикистонро интиқол диҳанд.
Ягона ширкате, ки ба Русия парвоз анҷом медиҳад, ширкати хусусии “Сомон эйр” аст ва мусофирон шикоят мекунанд, ки бо сӯистифода аз ночориву интихоби дигар надоштани муҳоҷирон қимати билетҳояш бисёр боло бурдааст. “Сомон Эйр” мегӯяд, харҷи парвози чартерӣ ҳамеша баландтар аз харҷи парвозҳои маъмулӣ аст ва иддаои муҳоҷирон беасос аст. Икром Субҳонзода, раиси Оҷонсии авиатсияи гражданӣ ҳам дар нишасти хабарӣ гуфт, бо дархоcти онҳо "Сомон Эйр" арзиши чиптаҳои худро аз 39-40 ҳазор ба 27-26 ҳазор рубл поён овард.
Тибқи иттилои мақомоти тандурустӣ дар Тоҷикистон, то кунун 13308 нафар ба COVID-19 гирифтор шуда ва 90 нафари онҳо фавтидаанд. Баъзе сокинону мутахассисон ба дурустии чунин омор шубҳа дошта, мегӯянд, миқёси талафоту беморӣ бузургтар аз он аст, ки мақомот мегӯянд. Кор дар Русия яке аз манбаҳои асосии даромади хонаводаҳои тоҷик ба ҳисоб рафта, солона садҳо ҳазор нафар барои кор ба онҷо мераванд. Бо далели пандемия COVID-19, корҷӯёни тоҷик натавонистанд, ба Русия раванд ва аз ҳисоб сафи бекорӣ дар кишвар афзоиш ёфтааст.