"Гошулуб гачмаг", фирори якҷояи писару духтар, анъана ва ё роҳи маъмулии ба ҳам расидани ду дилдода бар хилофи монеаҳои наздикон дар Озарбойҷон аст.
"Фирори арӯс одамрабоӣ нест"
"Ман 15-сола ва мард 40-сола буд. Аз ҳамсараш ҷудо шуда, чаҳор фарзанд дошт. Волидонам дар аввал фикр карданд, ки ӯ маро барои писари калониаш хостгорӣ мекунад. Вақте фаҳмиданд, барои худаш, рад карданд. Ӯ пас аз чанд рӯз маро шабона барои мулоқот ба ҷангал даъват кард. Намедонистам чаро, аммо ба наздаш рафтам. Маро ба гурехтан ташвиқ кард. Падараш дар назди мошин интизор буд. Баъдан баҳсу ҷанҷол шуд, аммо кор аз кор гузашта буд. Ӯро метавонистанд, барои рабудани ноболиғ ҷазо диҳанд, аммо волидонам ба тақдир тан доданд ва дигар даъво накарданд."
Маросими "роҳбандон" ҳангоми берун шудани арӯс аз хонаи падару модар дар Тоҷикистон низ ҳаст. Наздикон ва ё ҳамсояҳои арӯс вақти гусели ӯ ба хонаи домод пеши роҳи мошини онҳоро мебанданд
Ин қиссаи издивоҷи Зайнаб, сокини Озарбойҷон аст, ки ҳоло ба 60 расидааст. Дар ин кишвар бо ҳам гурехтани дилдодаҳо як роҳи маъмулии ба ҳам расидани ду шахсест, ки ҳамдигарро дӯст медоранд, аммо волидон ба никоҳашон мухолифанд.
Ҳарчанд аксарият ин амалро "арӯсрабоӣ" мехонанд ва баъзан волидон ҳам ба пулис шикоят мебаранд, ин андешаву баҳсҳо ҳам кам нест, ки маросими фирори ихтиёрии ду ҷавонро набояд бо "арӯсрабоӣ" омехта кард.
Вижагиҳои нави анъанаҳои қадимӣ
Мардумшинос, Гултекин Мақсудова, ба ин бовар аст, ки ин анъана аз гузаштаҳои дур, ҳатто аз замони низом ё ҷангҳои қабилавӣ, сарчашма мегирад.
"Агар волидони духтар ё писар аз ду қабилае ҳастанд, ки бо ҳам меҷанганд ё аз ҷараёнҳои гуногуни динӣ, ки ба издивоҷи онҳо монеа мешавад, писар ба духтар пешниҳоди гурехтанро мекунад. Духтар бо фиристодани рӯймоли сурх ба писар паём медиҳад, ки розӣ аст. Ин як навъи эътироз ба зидди монеагузориҳои волидон буд. Бо гирифтани иҷозаи духтар, ҷавон ҳамроҳ бо чанд дӯсташ аз пайи рабудани арӯс мешуд", -- нақл кард Мақсудова.
Мардумшиноси озарбойҷонӣ афзуд, бахше аз ин анъанаи қадимӣ то ҳанӯз дар маросими арӯсӣ дида мешавад. Барои мисол, дар баъзе аз минтақаҳои Озарбойҷон вақте домод барои бурдани арӯс меояд, роҳи онҳоро мебанданд ва саҳнае ташкил мешавад, ки гуё ба издивоҷи онҳо монеа эҷод шудааст.
Дар зимн, маросими "роҳбандон" ҳангоми берун шудани арӯс аз хонаи падару модар дар Тоҷикистон низ ҳаст. Наздикон ва ё ҳамсояҳои арӯс вақти гусели ӯ ба хонаи домод пеши роҳи мошини онҳоро мебанданд ва баъд аз гирифтани як миқдор маблағ ба онҳо иҷозаи рафтан медиҳанд.
Имрӯз ҳам анъанаи фирори арӯсро дар русто ва минтақаҳои муҳофизакори Озарбойҷон дидан мумкин аст. Дар оилаҳои пешрафтаву дунявӣ низ ҳолатҳое мушоҳида мешавад, ки волидон мехоҳанд, хостҳои худро болои фарзандон амалӣ кунанд. Махсусан агар домод ё арӯси интихобкардаи фарзандашон аз табақа ё қишри дигар аст ва мувофиқи табъи онҳо нест.
Сабаби асосии рӯ ба гурез овардани домодшаванда ва ё арӯс посухи рад додани волидони духтар ба хостгорон аст. Фирори ҷавонон ҳам аксаран бо иштирок ва мусоидати хонаводаи домод сурат мегирад.
Домоду арӯс дур намераванд, муҳим ин аст, ки як ё чанд рӯз бо ҳам бошанд. Тибқи афкори ҷомеаҳои падарсолор, духтаре, ки аз хона мегурезад, дигар бояд барнагардад. Ҳамин тавр, волидон маҷбур мешаванд, ба издивоҷи онҳо ризоят диҳанд, вагарна духтар метавонад "бадахлоқ шавад" (новобаста ба онки ду нафар бо ҳам робитаи наздик доштанд ё на) ва хонавода беобрӯ гардад.
Сабаби дигари фирори ду ҷавон сарфаи вақту маблағ барои издивоҷ аст. Тӯй бо риояи тамоми қоидаву анъана ва тӯҳфаҳо дар Озарбойҷон вақту маблағи зиёд металабад. Бино бар ин, маросими "гошулуб гачмаг" ё фирори якҷояи баъзе аз ҷавонон хеле арзону осон аст.
Баъзан хонаводаҳо бо маслиҳати ҳам ҳатто худашон чунин фирорҳоро ташкил мекунанд. Наздикони арӯс каме нақш иҷро карда, як муддат тавре вонамуд мекунанд, ки духтарашон дуздида шудаву дар ташвишанд.
Се холаи "фирорӣ"
Нависанда Гюнел Мавлуд дар ноҳияи Ҷабраил, воқеъ дар ғарби Озарбойҷон, таваллуд шудааст. Дар замони наврасӣ ҳодисаҳои зиёди гурези арӯсонро аз хонаҳо шоҳид шудааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Талоқи мусалмонӣ – аз мардон, талоқи расмӣ – аз занон?"Дар он давра чунин ҳодисаҳо хеле зиёд буд. Ин кор бояд пинҳонӣ аз волидони духтар, вале дар шоҳидии чанд кас сурат мегирифт. Яъне, ҳамсояву шиносҳо бояд гурехтани духтарро медиданд. Ҷавон бо мошин ҳамроҳи дӯст ё бародари худ ба хонаи арӯс меомад, духтарро мегирифту ба хонаи ягон хеши худ, ба ноҳия ва ё деҳаи дигар мебурд", -- ба ёд овард Гюнел Мавлуд.
Бино ба нақли ӯ, пас аз чанд рӯз оилаи ҷавон бо чанд намоянда барои маслиҳат ба хонаи арӯс омада, созиш мекарданд ва аз пайи тӯйи ҷавонон мешуданд. Вале онҳое ҳам буданд, ки ба осонӣ духтарони фироркардаи худро бахшидан намехостанд. Дар чунин ҳолат тӯйи ду дилдода бе ҳузури волидони арӯс баргузор мешуд.
"Ду холаи ман пайиҳам бо дӯстдоштаҳои худ гурехтаанд. Зеро бобоям мехост, онҳоро бо каси дигар оиладор кунад. Дар тӯйи онҳо танҳо хоҳаронашон ширкат карданд. Бобоям то дер қаҳрӣ буд, аммо баъд духтаронро бахшид", -- мегӯяд Гюнел Мавлуд.
Дар оғози солҳои 90-ум, вақте дар Қарабоғи Кӯҳӣ ҷанг сар зад, оилаи Гюнел Мавлуд, чун хонаводаҳои дигар дар ин минтақа аз деҳаи худ фирор карда, дар қисми марказии кишвар зери хайма зиндагӣ мекарданд.
Аз он замон ҳам як хотира дорад: "Маълум аст, ки бо мошин аз як хайма ба хаймаи дигар гурехтан номумкин аст. Бино бар ин, дилдодаҳо бо ҳам фақат дар як хаймаи холӣ пинҳон мешуданд ва дар тамоми шаҳрак овоза паҳн мешуд, ки духтари фалонӣ бо писари фалонӣ гурехтааст. Баъд аз ин, ҷавонон дигар зану шавҳар ҳисобида мешуданду волидон бо машварати якдигар зиёфати хоксорона меоростанд."
Гюнел Мавлуд аз герухтани як аммааш дар чунин шароит ёд овард, ки кор бо хушӣ анҷом наёфтааст: "Бибиям зани хеле саркаш буд. Ҷавоне, ки аммаамро дӯст медошт, медонист, бибиам ҳатто гурбаашро ба ӯ намедиҳад. Бино бар ин, маҷбур шуданд, на ба хайма, балки ба ноҳияи дигар гурехтаву пинҳон шаванд. Имкон дошт, ки бибиям духтарашро ҷустуҷӯ ва пайдо кунаду аз баҳри ҳама анъанаҳо гузашта, ӯро ба хона баргардонад."
Ҳуқуқшиносон мегӯянд, дар аксар маврид волидони духтари "фирорӣ", воқеан, ба пулис муроҷиат мекунанд. Дар ин ҳолат духтар бояд тасдиқ кунад, ки худаш гурехтааст ва ӯро надуздидаанд. Дар акси ҳол, ҷавон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
Як сол ҷазои шартӣ барои модаре, ки духтараш гурехтааст
Валерия Алиева, як сокини Боку, шоҳид ва ҳатто қисман иштирокдори яке аз ҳодисаҳои фирори домоду арӯс будааст. Ӯ гуфт, духтари ҳамсояаш бо як ҳамсабақи худ муҳаббат дошт, аммо модараш мехост, ӯро ба ҷавони дигаре ба шавҳар диҳад.
"Духтар чанд ҳафта пеш аз тӯй бо либоси хонагӣ ҳамроҳ бо дӯстдоштааш гурехт. Модараш хеле доду фарёд карда, ӯро наёфт ва ба хонаи волидони писар рафта, ба модари ҷавон, ки аз ин ҳама огоҳ буд, ҳамла мекунад. Дар натиҷа, модари арӯс барои расондани зарари ҷисмонӣ ҷазо гирифт. Ба ӯ шартан як сол доданд. Ӯ чанд сол бо духтараш гап назад. Танҳо вақте духтар соҳиби ду фарзанд шуд, муносибати модар бо ӯ дубора хуб шуд", -- нақл кард ӯ.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Арӯсрабоӣ дар Қирғизистон. “Ҳар рӯз чандин духтарро медузданд”"Арӯсрабоӣ" ё фирорҳои муштарак дар адабиёт ҳам тасвир шудааст. Чунин як саҳнае дар мусиқии мазҳакавии замони Шӯравӣ бо номи "Натарс, ман бо ту ҳастам" бозгӯ шудааст. Фирори ҷуфти ошиқ, садама ва занҷираи рӯйдодҳои фоҷиабор аз муҳтавои филми дигаре бо номи "Парда" аст, ки соли 2016 аз сӯйи Эмил Гулиев таҳия шудааст. Ин филм сару садоҳои зиёдеро ба по карда буд.
Вале дин чунин ҳодисаҳои романтикиро қабул надорад. Ҳоҷӣ Файз, имомхатиби яке аз масҷидҳои Боку, мегӯяд, "агар духтар бе никоҳ дар хона бо ҷавони дигаре бимонад, ин гуноҳ аст".
Фирор аз шавҳар
Сабина дар 24-солагӣ бо як ҷавони ҳамсолаш, Анвар, шинос шуд. Мегӯяд, ӯ ҷавони ғазаболуд буд ва шароб менӯшид: "Ман ӯро дӯст медоштам, вале падарам ба зидди издивоҷи мо буд. Барои ҳамин, Анвар хост, бо ӯ гурезам."
Ҷавон Сабинаро "рабуд", вале барои издивоҷ бо ӯ шитоб надошт. Ба ҷойи додани ангуштарии издивоҷ, баръакс, дар ҳафтаи аввали зиндагии якҷо ангуштарии тиллои Сабинаро фурӯхта, шароб нӯшид.
"Ин танҳо оғози кор буд. Бо хешовандони ӯ зиндагӣ мекардем. Анвар ҳамеша менӯшид ва маро мезад. Дар яке аз чунин рӯзҳо, тифли батнамро аз даст додам. Модараш ҳам маро таҳқир мекард. Ба хона баргашта наметавонистам. Падарам ҳанӯз хашмгин буд. Вай мегуфт, бо хоҳиши худат гурехтӣ, акнун бояд сабр кунӣ. Ҳамин тавр, як сол зиндагӣ кардам. Анвар ҳар бор барои авбошӣ 15 рӯз аз озодӣ маҳрум мешуд", – нақл мекунад Сабина.
Сабина хонаи онҳоро тарк кард. Падараш ҳам ба ӯ раҳм кард ва ӯро дубора ба хона роҳ дод. Анвар гоҳ бо зӯрӣ ва гоҳ бо зорӣ аз Сабина мехост, ба хона баргардад. "Ростӣ, ӯро дӯст медоштам, вале намехостам баргардам. Баъдан як хеши дури падарам маро барои писараш хостгорӣ кард. Ҳоло зиндагӣ дорем, ҳама хуб аст", -- мегӯяд зан.
Баъзе аз дугонаҳои Сабина ба ин фикранд, ки ӯ ҳанӯз Анварро дӯст медорад, на шавҳари ҷиддиву таълимдидаи дувумашро. Худи Сабина дар ин бора чизе намегӯяд.
Равоншинос Озод Исозода мегӯяд, сарнавиштҳое чун зиндагии Сабина кам нест ва гоҳе фирори ихтиёрии духтарон барои худи онҳо ғамангез поён меёбад.
"Масалан, ҷавон метавонад, расман бо духтар никоҳ набандад. Ё муносибати хушдоман бо арӯси гуреза нохуб мемонад ва ӯ маҷбур мешавад ба хонаи волидони худ баргардад. Вале аз сӯйи дигар, ин тақдир аст. Издивоҷҳое ҳам кам нест, ки бо риояи тамоми анъанаҳо баргузор шуда, аммо бо ҷудошавии зану мард поён меёбанд", – меафзояд равоншинос.
Бо тақозои корӣ, Озод Исозода бо духтарони зиёде суҳбат карда, ба онҳо ёрии равонӣ расондааст. Баъзан барои барқарор кардани оилаҳо ва ё ҳолати руҳии духтарони гуреза, миёни фарзандону волидон ё зану шавҳар чун миёнрав ҳам фаъолият кардааст, вале бори аввал бо ҳодисаи фирори духтарон дар кӯдакӣ рӯ ба рӯ шуд.
Ин ҳама гоҳо натиҷаи баръакс медиҳад. Волидон ба ҷойи иҷоза, назоратро болои духтар сахттар мекунанд. Шитобкорона барои ӯ шавҳар меҷӯянд, то масъаларо оромона ҳал кунанд.Озод Исозода
"Дар хонаи тобистонаи бибиам мезистем. Ҳамроҳи мо як духтари ҷавон, ки хеши дурамон буд, зиндагӣ мекард. Як рӯз ба хонаамон марди бегонае омад. Баробари ӯро дидан, духтар сару либосашро ҷамъ карду бо вай рафт. Бибиам хост, аз роҳ гардонад, вале натавонист. Он вақт нафаҳмидам, чӣ рух дод. Баъдан аз суҳбати калонсолон фаҳмидам, ки духтарро волидонаш дар хонаи мо пинҳон кардаанд, то бо дӯстписараш издивоҷ накунад. Вале, билохира, ҷавон ӯро пайдо кард ва онҳо фирор намуданд. Онҳо зиндагии хушбахтонае доштанд. Ҳоло ҳарду пир шудаанду набераву абераҳои зиёд доранд", -- гуфт Озод Исозода.
Ба қавли равоншинос, духтарон маъмулан то ҳадди имкон талош мекунанд ва бо ҷалби холаву хоҳарон мехоҳанд, розигии волидонро барои издивоҷ бо шахси дӯстдоштаашон ба даст оранд: "Вале ин ҳама гоҳо натиҷаи баръакс медиҳад. Волидон ба ҷойи иҷоза, назоратро болои духтар сахттар мекунанд. Ҳар қадами ӯро зери назар мегиранд ва шитобкорона барояш шавҳар меҷӯянд. Ин ҳама, албатта, ба ҳолати рӯҳии духтар таъсир мекунад ва мефаҳмад, ки вақт кам мондааст ва бояд амал кунад. Ҳамин тавр, ӯ тасмим мегирад, ки аз хона гурезад."
Бо ин ҳама, ба мушоҳидаи равоншинос Озод Исозода, ҳатто саркаштарин падару модар ҳам дар ниҳоят духтарону писарони худро мебахшанд. Вақте оилаи ҷавон соҳиби фарзанд ва хушбахт мешаванд, волидон ҳам хушбахт хоҳанд буд.