Мавҷгирҳоро аз баландошёнаҳои маркази Душанбе бармечинанд
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Cокинони хонаҳои атрофи маҷмааи "Истиқлол ва Озодӣ" дар Душанбе аз суҳбат дар бораи қарори мақомот оид ба барчидани антеннаҳо ё мавҷгирҳо метарсанд. Онҳо мегӯянд, на танҳо огоҳномаи хаттӣ гирифтанд, балки намояндагони ҳукумати шаҳр ва нозирон таъкид карданд, ки мавҷгири хонаҳои худро аз боми бино барчинанд. Сабаби ин амр расман шарҳ дода нашудааст.