Нишонзанҳои беҳтарини ҷаҳон, ки дар бошгоҳҳои худ 500 гол ё бештар аз он задаанд

Ромарио, ҳамлагари собиқи дастаи Бразил.

Федератсияи байналмилалии таърих ва омори футбол (IFFHS) рӯйхати бозигаронеро тартиб додааст, ки дар сатҳи бошгоҳҳо 500 гол ва ё бештар аз он задаанд.

Дар ин рӯйхат ҳамлагари собиқи бразилӣ Ромарио бо 689 гол дар зинаи аввал ҷойгир шудааст. Ҷойи дувумро ҳамватани ӯ Пеле ишғол кардааст (684 гол). Ба сегонаи беҳтаринҳо ҳамлагари бошгоҳи "Ювентус"-и Италия Криштиану Роналду бо 661 гол дохил шудааст.

Ба ин рӯйхат, инчунин сарвон ё капитани бошгоҳи "Барселона"-и Испания Лионел Месси (651 гол) ва ҳамлагари дастаи “Милан»-и Италия Златан Иброҳимович (501 гол) шомиланд. Дар айни замон, танҳо ин се бозигар фаъолияти варзишии худро идома медиҳанд.

Рӯйхати нишонзанҳои беҳтарин ҳангоми фаъолияташон дар бошгоҳҳои футбол аз рӯи назари IFFHS:

  1. Ромарио (Бразилия - 689 гол
  2. Пеле (Бразилия) - 684
  3. Криштиану Роналду (Португалия) - 661
  4. Йозеф Битсан (Австрия) - 656
  5. Лионел Месси (Аргентина) - 651
  6. Ференс Пушкаш (Венгрия) - 645
  7. Ҷимми Ҷонс (Ирландияи Шимолӣ) - 635
  8. Ҷо Бэмбрик (Ирландияи Шимолӣ) - 593
  9. Эйсебио (Португалия) - 581
  10. Герд Мюллер (Олмон) - 566
  11. Гленн Фергюсон (Ирландияи Шимолӣ) - 562

12-13. Фернанду Пейротеу (Португалия) - 538

12-13. Ҷимми Макгрори (Шотландия) - 538

  1. Уве Зеелер (Олмон) - 508
  2. Златан Иброҳимович (Шведсия) - 501
  3. Алфредо Ди Стефано (Аргентина) - 500