Тоҷикистон аз сиёсатмадорони Қирғизистон хост, дар бораи марз "санҷида сухан бигӯянд"

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз сиёсатмадорону мақомоти расмии Қирғизистон хостааст, аз баёнияҳои носанҷида дар бораи таъйину аломатгузории марзи ду кишвар парҳез кунанд, зеро метавонанд, сабаби ҷанҷолу муноқиша ва нооромӣ дар маҳаллаҳои наздисарҳадӣ шаванд.

Вазорат рӯзи 10-уми феврал бо нашри як баёнияи расмӣ дар вебсайташ гуфт: “Вазорат қотеона аз шахсиятҳои сиёсии кишвари ҳамсоя даъват мекунад, ки дар ҳар гуна изҳороту суханронӣ дар бораи марзи Тоҷикистону Қирғизистон бисёр эҳтиёткор бошанд, зеро паҳн кардани ҳаргуна иттилои носанҷида ба ноором шудани вазъ дар манотиқи наздисарҳадии ду кишвари бародар мусоидат мекунад.”

Сокинони рустоҳои наздимарзии ду тараф дар шимоли Тоҷикистон то кунун барои замину роҳу чарогоҳ ва об ҷангу даъво ва хунрезӣ кардаанд. Баёнияи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон баъди он нашр шуд, ки аввал Улуғбек Марипов нахуствазир ва сипас Тозабек Икромов, як вакили мардумӣ дар порлумони Қирғизистон роҷеъ ба масъалаи таъйину аломатгузории марз бо Тоҷикистон суҳбат кардан ва баҳс ва эътирозҳои хурдеро дар кишварашон барангехтанд.

Тозабек Икромов рӯзи 4-уми феврал дар ҷаласаи порлумон гуфт: “Дирӯз Улуғбек Асомиддинович, дар бораи обанбори Торткӯл сухани аҷибе зад. Бояд гуфт, ки ин иншоот барои ҷумҳурӣ аҳамияти стратегӣ дорад ва агар ба ҳарфи нахуствазир бовар кунем, масъала ҷиддӣ ва сабаби моҷаро мешавад.”

Аммо нахуствазир баъдан гуфт, манзураш дигар буд ва гапи ӯро тағйир додаанду сухан доир ба кадом як мавзеъи дигаре меравад. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, баёнияи Тозабек Икромов дар бораи ба Тоҷикистон додани саргаҳи обанбори Торткӯл, ки як наҳри он аз минтақаҳои аломатгузориношуда бо марзи Тоҷикистон дар ноҳияи Исфара мегузарад, асосе надорад.

Ҷое ки гуфтанд, таъйину аломатгузорӣ нашудааст

Дар ин баёния омадааст, ки изҳороти сиёсатмадорони алоҳидаи Қирғизистон дар бораи ба ихтиёри Тоҷикистон додани наҳри саргаҳи обанбори Торткӯл дуруст нест, зеро таъйину аломатгузории марз дар ин ҷо хотима наёфтааст ва музокироти ҳайатҳои ду кишвар дар масоили сарҳадӣ идома дорад.

Дар баёния омадааст, изҳороти сиёсатмадорони алоҳидаи Қирғизистон дар бораи ба ихтиёри Тоҷикистон додани наҳри саргаҳи обанбори Торткӯл дуруст нест, зеро таъйину аломатгузории марз дар ин ҷо хотима наёфтааст ва музокироти ҳайатҳои ду кишвар дар бораи хати марз идома дорад.

Айни гапро рӯзи 8-уми феврал Назирбек Борубоев, намояндаи махсуси ҳукумати Қирғизистон дар масоили сарҳадӣ низ дар мусоҳибае бо расонаҳои дохилӣ гуфтааст. Ба қавли ӯ: «Қаламрави обанбори Торткӯл ва наҳри он то ҳол мувофиқа нашудааст ва корҳо дар ин замина идома дорад.» На тарафи Тоҷикистон ва аз Қирғизистон дақиқ нагуфтаанд, ки ин чӣ наҳресту чӣ ном дорад ва аз куҷо мегузарад, аммо зоҳиран сухан дар бораи наҳри печидае меравад, ки аз дохили ноҳияи Исфара низ ҷорӣ мешавад.

Назирбек Борубоев афзудааст, ки соли гузашта ду тараф корро дар ин ҷо оғоз кардаанд вале ба сабаби интихоботи моҳи феврал ва расидани пандемияи коронавируси нав музокирот қатъ шуд. Назирбек Борубоев гуфтааст, дар аввали моҳи март бояд музокирот аз сар гирифта шавад.

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, низ рӯзи 8-уми феврал дар суҳбати кӯтоҳи телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт: "Мо танҳо дар доираи Комиссияи байнидавлатии ду кишвар оид ба делимитатсия ва демаркатсия, ки имрӯзҳо кори худро пеш мебарад, ҳамкорӣ дорем."

Марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр аст ва то кунун бештар аз нисфи он, ё 504 километр муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Азбаски хати марз аз байни рустову роҳ ва ҳавлии мардум мегузарад, ду тараф бо вуҷуди гузашти солҳо натавонистанд, сари минтақаҳои баҳсбарангез ба мувофиқа бирасанд ва хатти марзро бикашанд.

Ба сабаби афзоиши аҳолӣ, камтар шудани манобеи табиӣ, ба мисли обу чарогоҳ миёни сокинони рустоҳои марзӣ дар вилояти Бодканди Қирғизистон ва Суғди Тоҷикистон борҳо ҷангу хунрезӣ сурат гирифтааст ва ба он марзбонону маъмурони милисаи ду тараф низ ҳамроҳ шуда, кушта ва ё захмӣ гаштаанд.