Месси беҳтарин футболбози даҳ соли ахир дониста шуд

Федератсияи байналмилалии таърих ва омори футбол (IFFHS) беҳтарин футболбозони дунёро дар 10 соли охир муайян кард.

Дар ин рӯйхат ҳамлагари бошгоҳи “Барселона”-и Испания ва мунтахаби Аргентина Лионел Месси дар ҷойи аввал мебошад. Ҳамлагари бошгоҳи “Ювентус”-и Италия ва тими миллии Португалия Криштиану Роналду дар ҷойи дувум аст.

Нимҳимоятгари бошгоҳи “Виссел Кобе”-и Ҷопон Андрес Инестаи испанӣ, ки пештар ҳамроҳи Месси дар дастаи “Барселона” бозӣ мекард, дар ҷойи севум қарор гирифт.

Месси дар тӯли даҳ соли охир чор бор барандаи ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” гардида, шаш бор ба унвони қаҳрамони Лигаи бартар (Премйер-лига) даст ёфта, панҷ маротиба Ҷоми Испания, чор бор Суперҷоми Испания, ду маротиба Суперҷоми Аврупоро ба даст овардааст, инчунин ду бор ғолиби Лигаи қаҳрамонҳо ва ду бор ғолиби қаҳрамонии ҷаҳон миёни бошгоҳҳо шудааст.

Даҳгонаи беҳтарин футболбозони даҳсолаи ҷаҳон аз рӯи назари IFFHS:

  1. Лионел Месси («Барселона», Аргентина)
  2. Криштиану Роналду («Ювентус, Португалия)
  3. Андрес Инеста («Виссел Кобе», Испания)
  4. Неймар («ПСЖ», Бразилия)
  5. Серхио Рамос («Реал», Испания)
  6. Мануэл Нойер («Бавария», Олмон)
  7. Роберт Левандовски («Бавария», Полша)
  8. Ҷоннлуиҷи Буффон («Ювентус», Италия)
  9. Златан Иброҳимович («Милан», Шведсия)
  10. Лука Модрич («Реал», Хорватия)