Изҳороти вазири тоҷикро ба баҳс кашиданд. "Нерӯи корӣ меофарем" ё "кадр тарбия мекунем"? Озодӣ Онлайн. ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Як умр хонаи русҳоро рӯбучин карда, хизматгорӣ кунем?"

Имрӯз дар бораи он суҳбат мекунем, ки чаро баъзеҳо 5 соли дароз дар донишгоҳ хондаанд, вале ҳоло дар Русия хишт мекашанд ва ё фаррошӣ мекунанд.

Ҳафтаи гузашта дар як нишасти вазири маориф ва илми Тоҷикистон масъалаи зиёд будани донишгоҳу бекор мондани хатмкунандагони онро бардоштанд. Ҳамин масъала мардуми зиёдеро дар вебсайти Радиои Озодӣ ва саҳифаҳои мо дар Фейсбуку Инстаграм ба баҳс кашид.

Вазир гуфт, зиёд будани донишгоҳҳо хуб, аст чун талабот ба онҳо вуҷуд дорад ва агар хатмкунандагонаш ҳам бекор монанд, Тоҷикистон мардуми босавод хоҳад дошт. Аммо на ҳама ба ин гуфтаҳо мувофиқанд ва гуфтаанд, донише, ки донишгоҳҳои Тоҷикистон медиҳанд, ба дарди касеву корхонае намехӯрад.

Аз ҷумла, корбаре бо номи "Раштӣ" бо ҳамин мазмун дар вебсайти мо шарҳе гузоштааст: "Аз ноҳияи Рашт ҳастам. Дар ноҳия Донишгоҳи омӯзгорӣ фаъолият мекунад, ки ҳар сол ҳазор донишҷӯ онро хатм мекунанд, аммо аҷиб он аст, ки мактабҳои миёна муаллим надоранд. Бо баъзе аз донишҷӯён ҳамсуҳбат мешавам, ростӣ, аз дониши онҳо шарм медорам. Бо ин саводе, ки доранд, ояндаи мо чӣ мешавад."

Бояд аввал маълумоти томактабӣ ва миёнаро пурзӯр кунед; музди муаллимонро камаш 3000 сомонӣ кунед ва ба онҳо имтиёзҳои гуногун бидиҳед.

Корбари дигаре бо номи "Талабот" дар вебсайти мо навиштааст, гуфтаи вазири маориф дар бораи талаботи зиёд ба таҳсил дар донишгоҳҳо беасос аст ва мардум барои он бачаҳои худро ба донишкадаву донишгоҳ мефиристанд, ки ба хидмати ҳарбӣ набаранд. Шарҳи ин корбар чунин аст:

"Талабот дурӯғ аст, ҳама кӯшиш мекунанд, барои ба артиши камбағалон нарафтан, писарони худро ба донишгоҳҳо ворид кунанд. Тамоми соҳа, ҳам маориф ва ҳам артиш, ислоҳот мехоҳад. Бо ин шакли идораи колхозӣ кишвар ба сохти амириву феодалӣ баргаштааст.”

Корбари дигаре ҳам дар бораи талабот ба таҳсил дар донишгоҳҳо навиштаву гуфтааст, ин қонуни иқтисоди бозорӣ дар тамоми кишварҳост ва хоси танҳо Тоҷикистон нест.

Саидаҳмад Олимов, бо таҳлили кӯтоҳе дар ин бора дар саҳифаи Фейсбуки мо аз ҷумла навиштааст: "Имрӯз низоми таҳсил ба як тиҷорати ҳукуматҳо табдил ёфтааст. Дигар онҳо кор надоранд, ки донишҷӯ баъд аз хатм кор меёбад, ё не. Муҳим пулро супору дипломро бигиру аз пайи корат шав. Барои пул шуда, ба сифати дониш кам аҳамият медиҳанд, ки ин албатта ба захираҳои зеҳнии инсон таъсири манфӣ мерасонад."

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Чаро донишгоҳ зиёду ҷойи кор нест?" Вазир гуфт: "Тоҷикистон содиркунандаи қувваи корӣ аст"

Корбари дигаре вазири маориф Маҳмадюсуф Имомзодаро барои он танқид кардааст, ки гуфт, Тоҷикистон содиркунандаи қувваи корӣ аст. Ин корбар, ки худро “Номдор” муаррифӣ кардааст, дар вебсайти мо чунин навиштааст:

“Аз гуфтаҳои вазири маориф бармеояд, ки вазифаи мо омода кардани коргарони кироя барои Русия аст, на таълим додани кадрҳо барои обод кардани ватан. Аз ин рӯ умедвор набошед, ки дар ватан ҷойҳои корӣ таъсис медиҳанд. Мо бояд як умр дари хонаи русҳоро рӯбучин карда, ба онҳо хизматгорӣ кунем. Наход фарзандони мо барои Ватан ҳамин қадар қадру қиммат дошта бошанд?”

Дар ин миён танқиди зиёде дар бораи сифати таҳсил дар донишгоҳҳои Тоҷикистон ҳаст ва бисёриҳо гуфтаанд, агар донишҷӯёни босавод тарбия карда нашаванд, ҳамчунон бекор мемонанд.

Корбаре бо номи "Нуралишо аз Помир" бо муроҷиат ба вазири маорифи Тоҷикистон чунин гуфтааст: "Шумо бояд аввал маълумоти томактабӣ ва миёнаро пурзӯр кунед; музди муаллимонро камаш 3000 сомонӣ кунед ва ба онҳо имтиёзҳои гуногун бидиҳед. Сатҳи таълиму тарбияро баланд бардоред. Таҳсил дар донишгоҳ дар заминаи дониши мактаби миёна равнақ меёбад. Пойдевор агар номустаҳкам бошад, девор чаппа мешавад."

Дар ин миён як корбаре гуфтааст, муҳимтар як чиз аст ва он ҳам шавқу завқи донишҷӯ ва саъйи он барои ёфтани кори муносиб. Шарҳи корбаре бо номи Комилҷон Саидолимро мехонем, ки дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук гузоштааст:

“Агар инсон аз таҳти дил хонаду мутахассиси хуб шавад, ҳеч вақт бекору сарсон намешавад. Дар ҳар ҷое, ки шахс кори ҳалол кунад, худи ҳамон муҳит ва ҳайати кормандону раҳбарон вобаста ба донишу малака ва хулқу муоширати нек ӯро ба зинаҳои болотар тавсия медиҳанд.”

Барномаро дар Ютуб тамошо кунед:

Айни шарҳро аз корбаре бо номи Барно Турсунова аз Фейсбук гирифтем, ки гуфтааст, набояд баҳона ҷуст ва фақат хонду соҳиби дониш шуд. Шарҳаш чунин аст: “Агар ҷавон мутахассиси кори худ бошад, дар ягон ҷой бекор намемонад, аммо имрӯз сатҳи дониши ҷавонони мо хеле паст рафтааст.”

Шумо чӣ мегӯед, агар дониши хуб дошта бошед, дар Тоҷикистон бекор намемонед? Нависед ва ё дар видео сабт кунеду бифристед. Вотсапу Вайбер ва Телеграму ИМО дорем.