Қоидаҳои рафтори иштирокдорони Олимпиадаи Токио-2020 нашр шуд

Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) дастуреро бо қоидаҳои Бозиҳои олимпӣ дар Токио нашр кард. Дар ин бора дар сайти КБО гузориш дода шудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар ин дастур амали варзишгарон дар ҷараёни бозиҳо, инчунин ду ҳафта пеш аз сафар ба Ҷопон тасвир шудааст.

Пеш аз парвоз ба Токио ва пас аз расидан ба ин кишвар, ҳамаи варзишгарон бояд аз санҷиши коронавирус гузаранд. Инчунин зарур аст, ки замимаи махсусро барои хабар додан дар бораи вазъи саломатии худ ва пайгирии тамосҳо дар давоми бозиҳо истифода баранд.

Дар дастур зикр шудааст, ки варзишгарон ва ашхоси расмӣ таҳти назорати қатъӣ қарор гирифта, будубоши онҳо дар деҳаи олимпӣ маҳдуд хоҳад шуд. Ғайр аз ин, дар ин санад маҳдудиятҳо барои муошират берун аз деҳа, инчунин ҳаракат дар байни макони мусобиқот мавҷуданд.

Ба варзишгарон ҳушдор дода шудааст, ки сатҳи ҷашнгирии Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии Токио-2020-ро дар робита ба пешгирии сироятёбӣ ба COVID-19 кам кунанд, инчунин роҳҳои дигари ҷашнгириро ҳангоми бозиҳо пайдо намоянд.

Варзишгароне, ки натиҷаи ташхисашон ба короновирус мусбат баромад, дар мусобиқаҳо иштирок карда наметавонанд ва онҳо мумкин аст дар ҷойҳои махсус, ки ҳукумат тасдиқ кардааст, нигоҳ дошта шаванд.

“Агар натиҷаи ташхиси шумо ба коронавирус мусбат бошад, аз шумо талаб карда мешавад, ки ё дар муҳосира бимонед, ё ба беморхона интиқол дода мешавед. Ба шумо иштирок кардан дар мусобиқа иҷозат дода намешавад”, - омадааст дар дастури қоидаҳо барои варзишгарон ва ашхоси расмӣ.

Варзишгарон ва ашхоси расмии ҳайатҳо, "бе иҷозат" аз истифодаи нақлиёти ҷамъиятӣ манъ карда мешаванд, вале онҳо барои сафар ба ҷойҳои дур, агар имконоти дигаре дастрас набошад, метавонанд аз ҳавопаймо ва қатораҳо истифода баранд.

Ин қоида ҳангоми сафар ба лагерҳои тамринии пеш аз бозиҳо татбиқ мегардад, ки дар онҷо ба онҳо танҳо барои боздид аз ҷойҳои тамрин ва манзили зисташон иҷозат дода мешавад.

Ҳарорати бадани варзишгарон дар ҳама маконҳо санҷида мешавад, дар он ҷойҳое, ки риояи фосилаи иҷтимоӣ ғайриимкон аст, дигар чораҳои зиддиэпидемиологӣ амалӣ карда мешавад.

Ёдовар мешавем, Бозиҳои олимпӣ дар Токио бояд аз 24-уми июл то 9-уми августи соли 2020 баргузор мешуданд, аммо бинобар пандемияи коронавирус ба давраи аз 23-юми июл то 8-уми августи имсол гузаронида шуданд.