Рӯзи 9 феврал дар Вашингтон мурофиаи импичменти дуюми Доналд Трамп баргузор мешавад ва ҳарчанд бовар меравад, ки собиқ президент аз об хушк мебарояд, ин муҳокимаҳо ба мероси таърихии ӯ осеби ҷиддӣ мерасонад. Дар остонаи муҳокимаҳо дар Сенат, тими ҳуқуқшиносони Трамп дар таҳияи нақшаи дифоии ӯ гуфтанд, ки талоши муҳокимаи собиқ президент як амали ғайриконститутсионӣ буда, худи Трамп дар ҳамла ба бинои Капитол нақши мустақим надорад. Онҳо инчунин ният доранд, ки дар бораи ҳуқуқи Трамп ба озодии баён ёдовар шаванд. Гузориши иборат аз 78 саҳифа, ки аз ҷониби ҳуқуқшиносони Трамп таҳия шудааст, мегӯяд, “моддаи импичменти аз ҷониби Маҷлиси намояндагон пешниҳодшуда бо чанд далел ғайриконститутсионӣ буда ҳеҷ яки он барои барканории билофосила заминагузор нест”. Ҳуқуқшиносон демократҳоро дар ташкили “театри сиёсӣ” абйдор карданд. Дар навбати худ демократҳо талош хоҳанд кард исбот кунанд, ки баъди чанд ҳафта иттиҳомҳои Трамп дар бораи гӯё тақаллуб шудани интихоботи президентӣ, ӯ бо суханрониаш издиҳомро ба ошӯбу ҳамла ба Конгресс таҳрик додааст. Дар ҳамла ба Капитол 6-уми январ панҷ нафар кушта шуданд. Демократҳо мегӯянд, таҳрик ба ошӯб “як ҷинояти сангини зиддиконститсионӣ аст, ки аз ҷониби президент анҷом шудааст”.