Қарзи “Барқи тоҷик” аз ангишт ба 120 миллион сомонӣ расид. Вазири энергетика: шикоят ба фоидаи кор нест

Маркази барқу гармидиҳии "Душанбе-2"

Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2”, ки ба ширкати “Барқи тоҷик” тааллуқ дорад, барои ангишти истифода кардааш аз соли 2019 ба ин сӯ беш аз 120 миллион сомонӣ қарздор будааст. Пардохт нашудани пули ангишт ба маъумрияти кони “Фон-Яғноб” имкон намедиҳад, ки ба усули зеризаминии истихроҷ гузарад. Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2” ҳамарӯза беш аз шаш ҳазор тонна ангиштсанг масраф карда, то 80 дарсади талаботи сокинони пойтахт ба нерӯи барқро таъмин мекунад.

Фирӯзбек Сайфуллоев, мудири кони ангишти “Фон-Яғноб” мегӯяд, ки аз чанд сол ба ин сӯ наметавонад пули ангишти истихроҷшуда барои Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2”-ро дарёфт кунад. Вай дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки феълан ширкати “Барқи тоҷик” барои ангишти истифодашуда дар ин марказ 126 миллион сомонӣ қарздор аст:

Ба гуфтаи ӯ: “аз ин маблағ 71 миллион сомонӣ аз соли 2019 қарз боқӣ мондааст. Ширкати “Барқи тоҷик” ваъда медиҳад, вале маблағи пурраро барнамегардонад. Маоши кормандонро аз ҳисоби даромадҳои дигар пардохт мекунем. Вале, дар соли ҷорӣ мо бояд ба усули истихроҷи зеризаминии ангишт гузарем, аммо пулҳоямонро аз “Барқи тоҷик” гирифта наметавонем”.

Умаралӣ Ниёзов, раиси Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2” дар посух ба ин иддао гуфт, ки соли гузашта ба хотири таъмини ин марказ бо ангишт аз кони “Фон-Яғноб” ба маблағи 331 миллион сомонӣ сӯзишворӣ гирифтаанд ва ширкати “Барқи тоҷик” ба тадриҷ пули онро пардохт мекунад.

“Тибқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон соли гузашта мо бояд як миллиону 110 ҳазор тонна ангишт захира мекардем. Аммо, дар асл мо 1 миллиони 145 ҳазор тонна ангишт харидорӣ кардем. Воқеан, маблағи қарзӣ вуҷуд дорад ва ширкати “Барқи тоҷик” давра ба давра онро пардохт мекунад”, иброз дошт Ниёзов.

Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, қарзи истифодабарандагони нерӯи барқ ва гармӣ дар назди ширкати “Барқи тоҷик” ба се миллиарду 52 миллион сомонӣ расида аст. Сайфиддин Қараев, шореҳи иқтисодии ҳафтаномаи “Азия-Плюс” мегӯяд, ширкат бо чунин камбудиҳо дар фаъолияташ эътимодм мардумро аз даст додааст.

Ӯ афзуд: “конҳои ангишт бояд дар мавриди фурӯши маҳсулоташон таҷдиди назар кунанд. Зеро, “Барқи тоҷик” аз ҳама қарздор аст. Конҳои ангишт бояд маҳсулоти худро танҳо бо пули нақд фурӯшанд”.

Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон

Дар ҳамин ҳол, Далери Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ дар шарҳи қарздории ширкати “Барқи тоҷик” гуфт, ки шикояти конҳои ангишт на ҳамеша ба суди кор аст. Зеро ба гуфтаи вазир: “ширкати “Барқи тоҷик” бузургтарин харидори ангишт аз ин конҳо мебошад. Чунин шикоят на ҳамеша ба фоидаи кор аст. Набояд фаромӯш кард, ки саҳми ҳар ду марказҳои гармидиҳии Душанбе дар масъалаи таъмини сокинон бо нерӯи барқ бештар мешавад. Конҳо ва сохторҳои дахлдорро зарур аст ба сифати ангишти истихроҷшуда бештар таваҷҷӯҳ кунанд”.

Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2” бо харҷи 350 миллион доллари амрикоӣ аз сӯи ширкати чинии ТВЕА сохта шуд. Мақомоти тоҷик бар ивази ин миқдор қарзи Чин ба ширкати ТВЕА ҳаққи истихроҷи тилло аз чанд конҳоро дод. Маркази барқиву гармидиҳии “Душанбе-2” бо иқтидори 330 мегаватт соати нерӯи барқ ва 167 Гкал гармӣ то 80 дарсади талаботи сокинони пойтахти Тоҷикистон ба нерӯи барқро таъмин мекунад. Ҳамарӯза ин марказ 8 миллион киловатт соати нерӯи барқро бо сарфи беш аз шаш ҳазор тонна ангишт тавлид мекунад.