Фурқат Абдуфаттоевро, ки бо талаби Бишкек дар Русия боздошт шуд, 1 моҳ ба ҳабс гирифтанд. ВИДЕО

Фурқат Абдуфаттоев

Додгоҳи ноҳияи Кугарчини Бошқирдистон дар Русия Фурқат Абдуфаттоев, шарҳванди Тоҷикистонро, ки бо дархости Қирғизистон рӯзи 1-уми феврал дастгир шуд, як моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт. Масъулони консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа гуфтанд, барои ҳимоят аз Абдуфаттоев ва озод шудани ӯ талош доранд.

Римма Ширшова, додраси Додгоҳи ноҳияи Кугарчин, рӯзи 4-уми феврал дар мурофиа гуфтааст, Фурқат Абдуфаттоев, шаҳрванди 45-солаи Тоҷикистон, то 2-юми марти соли 2021 ба ҳабси пешакӣ гирифта шавад.

Абдуфаттоев зодаи ҷамоати Ворухи Исфара, минтақаи ҳаммарз бо Қирғизистон, дар боздошгоҳи муваққати шаҳри Салавати Бошқирдистон нигоҳ дошта мешавад. Пайвандонаш бо қарори додгоҳ розӣ нестанд.

Ҷониби Қирғизистон Фурқат Абдуфаттоевро ба ширкат дар моҷароҳои марзӣ, ки санаи 13-уми марти соли 2019 рух додааст, айбдор мекунанд.

Мақомоти интизомии Қирғизистон нисбат ба ӯ бар асоси моддаҳои "иштирок дар беназмиҳои оммавӣ" ва "авбошӣ" айб эълон карда, Додгоҳи Бодканд 27-уми августи соли 2019 ҳукми боздошти ин шаҳрванди Тоҷикистонро содир намудааст.

Ҳол он ки, ба гуфтаи наздикони Фурқат Абдуфаттоев, ӯ дар рӯзҳои моҷаро дар шаҳри Новосибирски Русия қарор дошт ва танҳо 29-уми марти соли 2019 (баъди беш аз ду ҳафтаи моҷаро) ба Тоҷикистон рафт. Ба қавли онҳо, дар ин бора санад доштанд ва дар додгоҳ нишон доданд, "аммо додрас ба инобат нагирифт".

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Сокини Ворухро, ки бо дархости Бишкек дар Русия боздошт шуд, як моҳ ба ҳабс гирифтанд

Дар нусхаи ҳукми Додгоҳи ноҳияи Кугарчин, ки рӯзи 5-уми феврал дастраси Радиои Озодӣ шуд, додрас Ширшова гуфтааст, ваҷҳҳои Абдуфаттоев ва вакили мудофеи ӯ барои рад кардани боздошташ асос шуда наметавонанд. Чун, ба иддаои Ширшова, додгоҳҳои Русия наметавонанд, қонунмандии парвандаи кушодаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистонро баррасӣ кунанд.

Наздиконаш мегӯянд, Фурқат Абдуфаттоев рӯзи 29-уми марти соли 2019 ба Тоҷикистон рафтааст

Саид Эмом, консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз рӯзи аввал пайи ҳимояи ҳуқуқи Фурқат Абдуфаттоев ҳастанд. Ӯ гуфт, ба додситонву пулиси Бошқирдистон нома фиристода, таъкид кардаанд, ки шаҳрванди Тоҷикистон зери ҳимояи давлат аст ва наметавонад ба кишвари севум истирдод шавад.

Консули генералии Тоҷикистон дар Уфа афзуд, намояндаи консулгарӣ ба ноҳияи Кугарчин (280 километр дур аз Уфа) рафта, дар мурофиаи додгоҳӣ ширкат кардааст.

"Мутобиқи моддаҳои 57 ва 89-уми Конвенсия оид ба ёрии ҳуқуқии Минск ва Конвенсияи муносибатҳои ҳуқуқии Кишинёв аз соли 2002 шаҳрванди кишвари хориҷӣ аз як давлат ба кишвари севум истирдод карда намешавад. Корманди консулгарӣ дар суд иштирок дошт. Ин далелҳо гуфта шуданд", -- шарҳ дод Саид Эмом.

Ӯ гуфт, талош доранд, Фурқат Абдуфаттоев дар Русия озод шавад ё дар бадтарин ҳолат ба Тоҷикистон истирдод гардад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Як сокини Ворухро бо талаби Қирғизистон дар Русия дастгир кардаанд

Бори дувум аст, ки бо дархости Қирғизистон сокинони Ворух дар Русия боздошт мешаванд. Як моҳ пеш бо дархости Қирғизистон Диловар Ҷӯраев, сокини дигари Ворух, ҳам дастгир шудааст.

Хабари боздошти сокинони Ворух дар Русия ва бо талаби мақомоти Қирғизистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои зиёд дошт. Баъзе аз шарҳнависон гуфтанд, дар моҷарҳои марзӣ чандин сокини Тоҷикистон низ куштаву захмӣ шуданд, вале чаро омилони ин ҳодисаҳо дар Қирғизистон кофтукоб ва муҷозот нашудаанд.

Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 976 километр марз доранд, вале ҳалношуда мондани мақоми 504 километр сарҳад ба яке аз мушкилоти ҷиддии миёни ду ҳамсоя табдил шудааст.

Дар минтақаҳои марзии байни ду кишвар, асосан дар қитъаҳои байни вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон соле чандин задухӯрд ва муноқишаҳои марзӣ рӯй медиҳад, ки гоҳе бо марги одамон меанҷомад.