То ҳол Эрон исрор мекард, ки аввал Иёлоти Муттаҳида бояд таҳримҳои ҷорикардаи раиси ҷумҳури собиқ Доналд Трампро бардорад, сипас Теҳрон ба созиши соли 2015 бармегардад ва ғанисозии ураниумро бозмедорад.
Аммо Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон, ба CNN гуфт, кишвараш омода аст, бо миёнҷигарии Ҷозеп Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо иқдомоти тарҳрезиву ҳамоҳангшуда аз ҳар ду тарафро бипазирад. Вашингтон ҳоло ба ин пешниҳод ҷавоб надодааст.
Энтонӣ Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико, ҳафтаи гузашта гуфт, мумкин аст, Амрико ба созиши атомӣ баргардад. “Агар Эрон дигарбора тамоми аҳдҳояшро бар асоси созиши атомӣ иҷро кунад, Амрико айни корро мекунад”, -- афзуд ӯ.
Бо вуҷуди тағйири лаҳн нисбат ба Эрон дар аҳди Ҷо Байден, танишҳо байни ду тараф кам нашудаанд. Ҳавопаймоҳои бомбафкани B52 ҳафтаи гузашта дар Халиҷи Форс парвоз карданд, то ба гуфтаи артиши Иёлоти Муттаҳида нишон диҳанд, ки Амрико амният дар минтақаро нигаҳ медорад.
Пеш аз ин, Эрон гуфт, 17 кило ураниуми ғализи 20-дарсадӣ ҳосил кардааст, ки бо андак коркарди дигар метавон онро барои сохти бомби атомӣ истифода бурд.
Ба эътиқоди Амрико, Эрон метавонад, дар се ё чаҳор моҳ маводи лозимро барои сохти як бомби атомӣ тавлид кунад. Исроил рӯзи сешанбе гуфт, шояд ба Эрон шаш моҳ лозим шавад.
Раиси ҷумҳури собиқи Амрико Доналд Трамп соли 2018 Иёлоти Муттаҳидаро аз созиши атомӣ хориҷ кард ва таҳримҳои иқтисодиро ба зидди он баргардонд. Ҳоло ҳампаймонҳои аврупоиаш саъй доранд, Иёлоти Муттаҳидаро ба созиш баргардонанд. Чину Русия тарафҳои дигари созиш низ ҳаминро мехоҳанд.
Эрика Морет, аз Маркази Мудирияти Байналмилалӣ дар Женева мегӯяд: “Дар Аврупо умедвории зиёд аст, ки созиши атомӣ бо Эронро эҳё кардан мумкин аст. Аввал ин ки аз назари эҳтиром ба аҳдҳои байналмилалӣ ва мудирияти ҷаҳонӣ. Дуввум, ҳоло имкони хубе барои барқарор кардани созиш вуҷуд дорад.”
Мунтақидон мегӯянд, қасди ҳукумати Байден барои бозгашт ба созиш кори хатост.
Беҳнома Бен Толиблу, аз Бунёди Муҳофизат аз Демократия, мегӯяд, “Ховари Миёнаи соли 2021 дигар Ховари Миёнаи соли 2015 нест, ки созиш ба даст омад ва ҳатто соли 2018 нест, ки Амрико аз он берун шуд. Муҳим он аст, Эрон созишро ҷиддан поймол мекунад. Эрон умедвор аст, бо истифода аз вақт, тавоноии атомиашро қавитар мекунад, заминаҳои воқеӣ ба вуҷуд меорад ва ҳукумати Байденро маҷбур мекунад, ҳарчӣ зудтар ба созиш баргардад ва таҳримот сабуктар шавад.”
Раиси ҷумҳури собиқ Доналд Трамп бо ҷорӣ кардани таҳримҳои сахттар роҳи “фишори ҳадди аксар” ба Эронро пеш гирифт. Роҳе, ки ба гуфтаи Морет, зӯри беҳуда аст. Эрика Морет мегӯяд, “чораҳое, ки ба тамоми мардум таъсир мерасонад, натиҷаи баръакс медиҳад ва ба кишваре чун Амрико барои ноил шудан ба ҳадафҳояш кумак намекунад.”
Ба гуфтаи Беҳном Бен Толиблу, таҳримҳо самар додаанд: “Барои фишори ҳадди аксар вақт нарасид, ки натиҷа диҳад.”
Муҳосиботи сиёсии Теҳрон ва Вашингтонро интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурии Эрон дар моҳи июн печидатар кардааст. Раиси ҷумҳур Ҳасан Руҳонӣ зери фишори рӯҳониёни муҳофизакор аст, ки мехоҳанд, Эрон аз созиш комилан даст кашад.
Ҷулия Норман, таҳлилгари масоили амниятӣ дар Коллеҷи Донишгоҳи Лондон мегӯяд: “Барои ҳамин Руҳонӣ зери фишор аст, ки натиҷаро зудтар ба даст биёрад.”
Аврупо гуфтааст, ки барои бардоштани таҳримҳо ба зидди Эрон бо Амрико гуфтугӯ дорад.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад