Дар Душанбе кормандони милиса як сокини 21-солаи шаҳри Кӯлобро боздошт карданд. М.Д. дар 13 ҳолати дуздӣ аз мошинҳое муттаҳам мешавад, ки соҳибонашон шабона нақлиёти худро дар берун мегузоштаанд. Ба қавли Раёсати умури дохилии пойтахт, гумонбар шабона шишаҳои мошинҳоро шикаста аз дохили он пул ва дигар ашёи арзишмандро азхуд мекард. Зарари расида ба ронандгони ин мошинҳо 15 ҳазор сомонӣ ҳисоб шудааст. Гуфта мешавад, танҳо дар шаби соли нав ӯ дар маҳаллаи Зарнигор ашёи дохили 8 мошинро дуздидааст. Ба гуфтаи манбаъ, ин сокини шаҳри Кӯлоб то ин дам ду маротибаи дигар барои дуздӣ суд шудааст. Ҳоло нисбати боздоштшуда парванди ҷиноятӣ оғоз гардида, ӯ дар ҳасби пешкӣ қарор дорад. Назари ин ҷавони гумонбар ба иттиҳомот дар нисбаташ дастрас нест. Вокуниши ин ҷавон ба иттиҳом нашр намешавад.