Юсуф Раҳмон аз боздошти 10 "ҳамкори иғвогарон дар хориҷ" хабар дод, аммо аз касе ва гуруҳе ном набурд. ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Нишасти хабарии додситони кулли Тоҷикистон

Додситони кулл (прокурори генералӣ)-и Тоҷикистон гуфт, дар як моҳи охир 10 касро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо гуруҳҳои, ба қавли ӯ, "иғвогарон дар хориҷ" дастгир кардаанд.

Бо вуҷуди пурсишҳои батакрори хабарнигорон, Юсуф Раҳмон "гуруҳҳои иғвогар"-ро шарҳ надод ва аз касе ё гуруҳи мушаххасе ном набурд. Афроди огоҳ гуфтанд, эҳтимол манзури ӯ намояндагони мухолифин аст, ки дар берун аз Тоҷикистон ба сар мебаранд ва дар гузашта мақомот борҳо онҳоро бо ин ном зикр кардаанд.

Ҳушдори додситони кул

Юсуф Раҳмон дар нишасти хабарии 2-юми феврали 2021

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, дар нишасти хабарии 2-юми феврал танҳо гуфт, "шахсони боздоштшуда ба онҳо маълумоти бардурӯғ ва иғвоангез ба зидди ҳукумати Тоҷикистон мефиристоданд."

Дар ҳоле ки ӯ тафсилот надод ва дурӯғ будани кадом маълумотро нагуфт, таҳдид кард, "дар оянда низ касе, ки ба манфиати хоинони миллат кор мекунад ва ба зидди манфиати мардуми Тоҷикистон фаъолият мебарад, онҳоро ошкор карда, ҳатман ба ҷавобгарии ҷиноӣ мекашем."

Бо сабаби он ки додситони кул ошкор нагуфт, киро дар назар дорад, гумонҳо боқӣ монд, ки манзур аз "гуруҳҳои иғвогар" оё мухолифин дар хориҷ ҳастанд, ҷангҷӯён ва ё шахсони алоҳидаи дигар.

Тайи солҳои охир дар расонаҳои расмии Тоҷикистон аксаран афроди наздик ба созмонҳои дар кишвар мамнӯи "Гуруҳи 24" ва Ҳизби наҳзати исломӣ бо ин ибора зикр мешаванд.

Дар ду моҳи охир дастикам чаҳор нафарро низ барои ҳамкорӣ бо ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ва ё расондани кумак ба наздикони аъзои зиндонияш ба ҳабс маҳкум карданд. Яке аз онҳо Дониёр Набиеви 80-сола аст, ки мухолифин озодияшро талаб доранд, вале мақомот ба гунаҳкор будани ӯ пойфишорӣ доранд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Боздошти 10 нафар бо иттиҳоми ҳамкорӣ"бо гурӯҳҳои иғвоангез дар хориҷи кишвар"

Қаюмзод: Ҳадаф эҷоди тарс дар кишвар аст

Бобоҷони Қаюмзод, сухангӯйи ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, мегӯяд, боздоштҳои охир "ба хотири эҷоди тарсу ваҳшат дар дохили кишвар" сурат мегирад.

Бобоҷони Қаюмзод

Ӯ дар як паёми хаттӣ ба Радиои Озодӣ навишт: "Бахусус, пас аз тақвияти фаъолияти расонаҳои мухолифин, ҳукумат мехоҳад, мардумро бо ин роҳ аз ин расонаҳо дур нигаҳ дорад ва пеши роҳи таъсири онҳоро бигирад. Дар ҳоле ки наҳзати исломии Тоҷикистон борҳо таъкид кардааст, дар дохили кишвар фаъолият надорад, ҳукумат аз аъзо ва ҷонибдорони наҳзат дар дохили кишвар ҳамчун гаравгон истифода мекунад. Робитаи мухолифин аз берун бо дохил танҳо бар асоси хешутаборӣ ва хонаводагӣ, фардӣ ва дӯстӣ аст, на робитаи созмонёфтаву сиёсӣ."

Дар ҳамин ҳол, баъзе аз фаъолони мухолифин дар бораи боздошти даҳҳо нафар дар ҳафтаҳои охир дар Тоҷикистон хабар доданд. Муҳаммадиқболи Садриддин, мудири пойгоҳи "Ислоҳ", дар наворе гуфт, "мақомот танҳо дар шаҳри Душанбе 25 касро дастгир карданд".

Ин афрод, ба гуфтаи ӯ, гуё баъди пайдо шудани навиштае бо талаби истеъфои раиси ҷумҳур дар деворҳои як мактаби миёна дар Душанбе боздошт шудаанд. Мақомот дар ин замина на хабар медиҳанд, на иттилои боздошти 25 нафарро тасдиқ ё рад мекунанд.

Аз ин пеш дар яке аз роҳраву деворе дар шаҳри Хуҷанд навиштаҳое бо даъвати истеъфои президент Эмомалӣ Раҳмон пайдо шуда ва баъдан пок карда шуд. Мақомот он замон низ хабар надоданд.

Аз соли 2015 ва баъди мамнуъву террористӣ эълон шудани Ҳизби наҳзати исломӣ аз тарафи Додгоҳи олии Тоҷикистон, ки мухолифон онро беасос медонанд, садҳо нафар дар Аврупо ва кишварҳои дигар паноҳанда шудаанд.

Аксари онҳо мегӯянд, дар пайи фишору таҳдид барои дидгоҳ ва фаъолиятҳои сиёсӣ маҷбур кишварро тарк кардаанд. Вале дар Тоҷикистон мақомот бештари онҳоро бо иттиҳоми ифротгароӣ ва айбҳои дигар таҳти ҷустуҷӯ қарор дода, ё дар "рӯйхати сиёҳи" Бонки Миллӣ ҷойгир кардаанд, ки ҳамагуна додугирифт манъ аст.

Созмону кишварҳои ғарбӣ ҳамвора Тоҷикистонро барои саркӯби дигарандешон ва маҳдудиятҳои сиёсиву динӣ ва иқтисодӣ танқид мекунанд. Созмони Freedom House ё Хонаи Озодӣ дар гузорише соли гузашта Тоҷикистонро дар миёни 49 давлати "ноозод" ва дар қатори даҳ кишвари "бадтарини бадтаринҳо" ҷой дод. Мақомоти Тоҷикистон ҳеч гоҳ танқидҳои созмонҳоро напазируфта, дур аз воқеият донистаанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Google: Ибораи "душмани миллат" дар матлабҳои Тоҷикистон 112 000 бор истифода шуд. ВИДЕОПурсиш: "Хоҷаҳои хориҷӣ" кистанд?HRW аз Тоҷикистон хост, Набиеви 80-соларо озод кунад. ВИДЕОГапи озод: Даъвати мухолифон ба бозгашт ба Тоҷикистон. Самимист ё не? ВИДЕОКӣ навишт, кӣ пок кард? Шиори "истеъфо" дар як девори шаҳри Хуҷанд. ВИДЕО"Гумроҳам", "аз Пешвои миллат миннатдорам". Намунаи ариза ба паноҳҷӯёни тоҷик дар Аврупо