Ҳиҷоб ва ё сатру рӯсарӣ чанд сол аст, ки дар Тоҷикистон масъалаи ҷанҷолӣ шудааст. Баъзеҳо онро "фарҳанги бегона" ва баъзеи дигар "амри Худованд" меноманд.
Масъала танҳо хоси Тоҷикистон нест ва дар бисёре аз кишварҳо низ мавзӯи баҳс аст, аммо Созмони Милали Муттаҳид барои ҳифзи ҳуқуқи инсон ва таҳкими тоқатпазирӣ якуми февралро Рӯзи ҷаҳонии ҳиҷоб эълон кардааст.
Дар остонаи ин рӯз дар барномаи “Гапи Озод” мавзӯи ҳиҷобро бо Маҳбуба Азимова, сардори шуъбаи ташкилии Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон ва Нилуфар Раҷабова, сокини шаҳри Душанбе баррасӣ кардем.
- Ҳиҷоб чист ва занон ҳиҷоб пӯшанд ё не?
- Тоҷикистон кишвари демократист ва одамон дар интихоби либос озоданд. Ин ҳарф дуруст аст?
- Китоберо таҳти унвони “Дастуруламали либосҳои миллӣ” нашр кардаанд. Мо “либоси миллӣ” гуфта чиро дар назар дорем?
- Чаро дар пойтахт ва ноҳияҳои кишвар барои риояи либоси миллӣ рейдҳо ё тавре нармтар карда мегӯянд, маъракаҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом дода мешавад. Ин дахолат ба ҳаққи одамон нест?
- Оё қонеъ шудан бо рӯймолбандии тоҷикӣ кофӣ нест? Чаро бояд занони тоҷик монанди занон дар Арабистони Саудӣ ё Эрону Туркия бояд ҳиҷоб пӯшанд?
- Баъзе аз бонувон мегӯянд, шавҳар ё падарашон онҳоро маҷбур мекунанд, ки ҳиҷоб дошта бошанд. Ин то куҷо дуруст аст?
- Баъзе аз хонандаҳо зери мақолаҳои Радиои Озодӣ дар мавзӯи ҳиҷобу либоси миллӣ менависанд, "Оё он занҳое, ки либосҳои нимаурён ба бар доранд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд? Ё "миниюбка" либоси миллист?"
- Чӣ гуна мешавад, масъаларо ҳал ва ҳамаи тарафҳо ва ҷомеаро қонеъ ва ором кард?
Барои фаҳмидани ҷавоби бештар ин наворро бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Гапи Озод: Чаро ҳиҷоб дар Тоҷикистон ҷанҷолбарангез аст?
Видеоро дар Ютуб ҳам дида метавонед: