Омодагии мунтахаби Тоҷикистон ба бозиҳои дӯстона бо тими миллии Урдун

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев бори аввал дар соли нав ҷамъ омада, омодагиро ба бозиҳои дӯстонаи моҳи феврал бо тими миллии Урдун, ки дар Дубай баргузор мешавад, шурӯъ кард.

Барои омодагӣ ба бозиҳои дӯстона муқобили мунтахаби Урдун 23 бозигар - 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 7 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар даъват шудаанд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, субҳи шанбеи 30-юми январ тими миллии кишвар ба Дубай парвоз хоҳад кард, ки дар он ҷо рӯзҳои 1-ум ва 5-уми феврал бо мунтахаби Урдун бозиҳои дӯстона баргузор мекунад.

Ин бозиҳо, ки дар варзишгоҳи Созмони футболи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор мешаванд, соати 18:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 19:00 ба вақти Душанбе) оғоз меёбанд.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо тими миллии Урдун:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»), Муҳриддин Ҳасанов («Хуҷанд»);

Ҳимоятгарон: Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Узбекистон), Аҳтам Назаров, Зоир Ҷӯрабоев, Искандар Ҷалилов, Табрези Давлатмир, Ваҳдат Ханонов (ҳама аз «Истиқлол»), Манучеҳр Сафаров («Локомотив-Помир»), Наимҷон Иброҳимзода («Хуҷанд»), Алиҷон Кароматуллозода (ССКА);

Нимҳимоятгарон: Эҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор», Узбекистон), Алишер Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳама аз «Истиқлол»), Абдулмуъмин Забиров («Хуҷанд»), Илҳомҷон Баротов («Истаравшан»), Ислом Зоиров («Локомотив-Помир»);

Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов, Рустам Соиров (ҳарду аз «Истиқлол»), Ҷаҳонгир Эргашев, Тоҳир Малодӯстов (ҳарду аз «Хуҷанд»).

Сармураббӣ Усмон Тошев (Узбекистон).

Бозиҳои дӯстона

1-уми феврал (душанбе)

Оғози бозӣ – соати 19:00 ба вақти Душанбе

Урдун – Тоҷикистон

Дубай, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ

5-уми феврал (ҷумъа)

Оғози бозӣ – соати 19:00 ба вақти Душанбе

Урдун – Тоҷикистон

Дубай, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ