Масҷидҳои Тоҷикистон барои қабули намозгузорон омода мешаванд. Масъулини масоҷиди ҷомеъ ва панҷвақта мегӯянд, намозгузорон бояд чанд қоидаи беҳдоштиро ҳатман риоя кунанд. Ҳафтаи гузашта Ситоди муқобила бо коронавирус дар Тоҷикистон ба намозгузорӣ дар масҷидҳо сар аз 1-уми феврали имсол иҷозат дод.