ADB барои касбомӯзии муҳоҷирон $30 млн дод. Мушкили бекорӣ ҳал мешавад? ВИДЕО

Корҷӯён дар мардикорбозори шаҳри Душанбе

Бонки Осиёии Рушд мехоҳад, бо ҷудо кардани 30 миллион доллар ба рушди бозори кори Тоҷикистон, аз ҷумла ба касбомӯзӣ ҷалб кардани муҳоҷирони корӣ кӯмак кунад. Тарҳи созишномаи грантӣ ё, кӯмаки билоива 1,5 миллион доллар саҳми Ҷопон ва бештар аз 3 миллион доллар саҳми ҳукумати Тоҷикистонро низ дар бар мегирад.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, рӯзи 21-уми январ аз ин тарҳ ҷонибдорӣ кард. Коршиносон мегӯянд, ҳангоми татбиқи он, агар ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷалб нашавад, шаффофият зери савол меравад. Бекорӣ, ки дар шароити пандемияи COVID-19 афзоиш ёфтааст, ба қавли огоҳон танҳо бо ташкили курсҳои бозомӯзӣ ин мушкил ҳал нахоҳад шуд.

Юсуф Маҷидӣ, муовини вазири молияи Тоҷикистон

Юсуф Маҷидӣ, муовини вазири молия зимни муаррифии созишнома дар порлумон гуфт, ҳадафи он рушди маҳоратҳои касбӣ ва имконияти ба кор таъмин намудани ҷавонон, занон ва муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад.

"Дар доираи лоиҳа корҳои зерин, аз ҷумла сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии маркази омӯзишии соҳаи туризм ва хизматрасонӣ дар Душанбе, маркази омӯзишии соҳаи энергетика дар шаҳри Роғун ва маркази омӯзиши соҳаи агросаноатӣ дар ноҳияи Данғара, инчунин се адад маркази хизматрасонии муҳоҷирон дар Бохтар, Восеъ, Хуҷанд дар назар аст"-, афзуд ӯ.

Корҳо дар доираи ин созишнома аз феврали соли равон шурӯъ гардида, татбиқи он барои 6 соли оянда пешбинӣ шудааст.

Шуҳрат Латифов коршиноси тоҷик

Шӯҳрат Латифӣ, коршиноси тоҷик, ки ба бозори меҳнати Тоҷикистон ошноӣ дорад, мегӯяд, беҳтар аст, дар баррасиву амалӣ намудани ин тарҳ ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҷалб шаванд, то шаффофият таъмин гардад: “Бо ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар мутахассисон, ки дар ин самт бисёр кор кардаанд мизҳои мудавваре баргузор мешуд, масъалаи шаффофият, баъдан мониторинги иҷроиши тарҳ хуб пеш мерафт, аз нигоҳи бетарафӣ ташкилотҳои ҷамъиятӣ амал мекарданд ва боварии маблағгузор низ бештар мешуд”.

Ӯ афзуд, пешниҳод дорад, бо миллионҳо доллари Бонки Осиёии Рушд ба ҷои бунёди омӯзишгоҳҳои нав, нахуст омӯзишгоҳҳои касбии феълан амалкунандаро ба таҷҳизоту мутахассис таъмин кунанд. Латифӣ мегӯяд, бо ташкили курсҳои чандмоҳаи бозомӯзӣ мушкили корҷӯён, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ҳал нахоҳад шуд. “Асосан муҳоҷирони мо дар сохтмонҳо кор мекунанд ва аз ӯҳдаи дигар касбҳое, ки дар бозори меҳнат харидор доранд, намебароянд. Бино бар ин, онҳоро ба омӯзишгоҳҳои касбие ҷалб намудан лозим, ки на барои чанд моҳи таҳсил як сертификат гиранд, балки воқеан касб омӯзанд".

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

ADB ба Тоҷикистон барои касбомӯзии муҳоҷирон 30 миллион доллар дод

Файзиддин Қурбонзода, масъули Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон гуфт, ҳангоми татбиқи созишномаи грантӣ ҷалби коршиносони берун аз идораҳои давлатӣ низ дар назар аст. Ӯ афзуд, дар доираи ин тарҳ аз ҷумла муҳоҷироне, ки Русия баргаштаву ҳоло бекоранд ба касбомӯзӣ фаро гирифта мешаванд: "Созишнома на танҳо касбомӯзӣ, балки ташкили ҷои кору ба шуғл фаро гирифтанро низ дар бар мегирад".

Баста шудани роҳи муҳоҷирони кории тоҷик ба Русия, ба далели хуруҷи коронавирус, сафи корҷӯёнро дар бозори мардикорони Душанбе зиёдтар кардааст. Аксари онҳо мегӯянд, то замони боз шудани марзҳо дар хона мунтазир монда наметавонанд, чун бояд оиларо бо ғизо таъмин кунанд.

Давлатёр Хоҷаев, корҷӯи тоҷик дар мардикорбозори Душанбе

Давлатёр Хоҷаев, аз зумраи онҳоест, ки дар ду рӯзи ахир дар мардикорбозори Душанбе коре наёфтааст. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, баъди бозгашт аз Русия дар як соли пеш, дигар ҷои кор наёфт ва маҷбур шуд, рӯ ба мардикорбозор биёрад. Ду фарзанд дорад ва мегӯяд, бояд барои онҳо нон барад :“Пандемия, ки намешуд, ҳозир мо кору борамонро дар ҳамон ҷо давом медодему ба фарзандонамон саробон мешудем. Роҳҳо маҳкам аст, маҷбурем ҳаминҷо истем. Намедонем чӣ кор кунем.”

Мувофиқи маълумоти расмӣ дар Тоҷикистон шумораи бекорон камтар аз се дарсадро ташкил медиҳад. Вале коршиносони мустақил мегӯянд, ин омор чандон воқеӣ нест.

Ихтисоси миллионҳо доллар аз сӯи Бонки Осиёии Рушд барои касбомӯзии муҳоҷирон ва беҳбудии вазъи бозори меҳнати Тоҷикистон дар ҳолест, ки шикоятҳо аз бекорӣ дар шароити пандемия бештар садо медиҳанд.

Бархе коршиносон ҳам ба ин назаранд, то замоне, ки кишвар ба бунёди корхонаҳо ва рушди истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ аҳамияти ҷиддӣ надиҳад, ин мушкил ҳалли худро пайдо намекунад.